Главная / Илм / МИОМАИ БАЧАДОН

МИОМАИ БАЧАДОН

miomai-bachadonМИОМАИ БАЧАДОН, як навъ омоси некфарчом, Дар мометрия – мушакпардаи бачадон ташаккул меёбад. М. б. дар натичаи ихтилоли фаъолияти силсилаи гипоталамус – гипофиз – тухмдон пайдо мешавад. М. б. дар фазои байни мушакхо падид омада, минбаъд чониби чавфи шикам ё луобпардаи бачадон месабзад. М. б. маъмулан дар тана, ахёнан дар рохи нутфагузар ва гарданаи бачадон инкишоф меёбад. Хангоми дар зери микроскоп тадкик кардани омос дидан мумкин аст, ки вай аз дастаи бофтахои мушак (ба хар тараф парешон шудаанд) иборат мебошад. М. б. метавонад тагйир ёбад. Мас., дар давраи менопауза имкон дорад, ки унсурхои мушак атрофия шаванд; баъзан омос варам мекунад, сахт мегардад ва хатто ба саркома табдил меёбад.
Аломатхои М. б. ба чойгирии омос ва давраи инкишофи он, синну соли бемор, хамчунин беморихое, ки хамзамон бо омос пайдо мешаванд, вобастаги доранд. Дарди зери шикам ва миён, хунрави аз бачадон, кабзияти доимии шикам ва г. нишонахои хоси М. б. мебошанд. Вакте ки миома нав ташаккул меёбад, хайз бо дард ва хунравии фаровон сурат мегирад. Хайз бардавом буда, боиси норохатии занхо мешавад. Ва махз бо хамин сабаб онхо бори аввал ба духтур мурочиат мекунанд. Бо мурури афзоиши омос хайз душворихои зиёд пеш меорад, занхо аз ухдаи ичрои корхои рузмарраи худ намебароянд. Онхо аз бисёр рафтани хун ва дароз кашидани мухлати хунрави (зиёда аз 5 руз) шикоят мекунанд. М. б. боиси тул кашидани давраи фаъолияти тухмдонхо мегардад, бинобар ин хунрави хатто дар 55-солагии занхо низ ба мушохида мерасад. Гохо омос таназзул меёбад.
Аксар вакт бо М. б. полипози эндометрия, гипертония, фарбехи, бемории ишемияи дил, амрози музмини узвхои нафас хамрохи мекунанд.
Хангоми М. б. дард асосан дар натичаи кашиш ёфтани шикампарда, ки онро гиреххо фаро мегиранд, пайдо мешавад. Дарди хамешаги ва шадид аломати хуручи омос аст. Агар дард дар давраи хайз кабзкунанда бошад, пас ин далели он аст, ки дар зерлуобпардаи бачадон укдахои нав (аз онхо миомахо ба вучуд меоянд) ташаккул ёфта истодаанд. Дар сурати дар сатхи пеши бачадон чой гирифтани укда, дард дар кисми поёни чавфи шикам ва масона падид меояд. Агар укда дар девораи акиби бачадон чой дошта бошад, пас дард дар рудаи рост пайдо мешавад. Набояд фаромуш кард, ки дард метавонад дар натичаи беморихои дигар, мас., илтихоби зоидхои бачадон ё эндометриоз низ ба вучуд ояд. Миома, одатан, суст месабзад. Дар сурати тез сабзидани он метавон аз чараёни бадфарчом гирифтани бемори ё пайдоиши варам гумонбар шуд. Сабзиши тези омос гуфта хаминро меноманд, ки агар он дар муддати як сол баробари хамли 5-хафтаина нумуъ ёбад. Вакте ки андозаи миома ба хамли 13-хафтаина баробар мешавад, дар беморон ихтилоли пешоброни, кабзият, обияти махбал ба мушохида мерасанд. Миомаи зерилуобпардаи, одатан, баъди 40-солаги рушд меёбад.
Барои муоличаи босамари М. б. сари вакт ва дуруст ташхис кардани он мухим аст. Дар даврахои аввали сабзиш миомаро бо дору табобат мекунанд. Дар сурати ба таъхир гузоштани муолича чаррохии омос ногузир аст.

Н. И. Бозоров.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vulqon

ВУЛКОН ЧИСТ?

ВУЛКОНХО Харорати он то + 1500°С мерасад, дар сатхи замин 900-1200°С ташкил мекунад ва охиста …