Главная / Илм / МИОКАРДИТ

МИОКАРДИТ

miokarditМИОКАРДИТ (Myocarditis; аз мио… ва кардио…), газак гирифтани мушаки дил – миокард. Бештар дар синни бачаги, хангоми тарбод, баъзан дар аснои беморихои сирояти (дифтерия, домана, ангина, махмалак, сепсис, грипп ва г.) сар мезанад. М.-и тарбоди аксаран якчоя бо эндокардит зухур меёбад. М. хусусияти аллерги хам дошта метавонад, яъне он натичаи ба микробхо ва махсули тачзияи онхо, инчунин ба баъзе дорухо нихоят хассос будани миокард мебошад (ниг. Аллергия). Мушаки дил метавонад аз саркоидоз сил, сифилис, токсоплазмоз низ осеб ёбад. М.-и пайдоишаш номаълум низ мавчуд аст, мас., М.-и Абрамов-Фидлер. Хангоми М.-и вируси ва сироятию захри нишонахои осеби дил дар давраи захролудшавии возех ба мушохида мерасанд; аломатхои болинии М. дар аснои полиомиелит рузхои аввали рух намудани фалач зохир мегарданд; М.-и сироятию аллерги, одатан, баъди 2 – 3 хафтаи огози бемории шадид ё хуручи бемории музмини сирояти инкишоф меёбад. М.-и зардоби пас аз 12 – 48 соати ба организм фиристодани зардоб (сиворотка) падид меояд.
Бисёр вакт М. бидуни ягон аломат чараён мегирад. Баъзан онро факат аз руи тагйироти ЭКГ муайян мекунанд. Хангоми М. бемор аз дарди дил, ихтилоли низоми кашиши дил, зики нафас ва бемадори, хастаги шикоят мекунад. Дар сурати кори зиёди чисмони хамаи ин аломатхо авч мегиранд. Харорат метавонад муътадил ё андак баланд шавад. Ба чунин вазъи бемор аксар ангина, гайморит, тонзиллит ва г. сабаб мегардад.
М. метавонад ба таври шадид, шадидмонанд ва музмин зохир шавад; баъзе шаклхои он гох хуруч ёфта, гох аз худ моху солхои дароз дарак намедихад. Одатан, чараёни М.-хои сирояти, захри, зардоби ва радиатсиони шадид ва шадидмонанд мешавад. Чараёни М.-и сироятию аллерги ва захрию аллерги гохо ба таври музмин сурат мегирад.
М.-е, ки сабаби он грипп, сурхакон, сурхча ва гулафшон аст, бисёр вакт бидуни зухуроти возехи болини (клиники) падид меояд. Вале онро метавон аз руи кунд будани оханги дил, хусусан ихтилоли гузарониш ва ритми он мукаррар кард. Хангоми М.-е, ки бар асари вируси полиомиелит сар задааст, нукси дил бисёр вакт ба таври шадид огоз меёбад.
Дар мавриди ба мушохида расидани аритмия, дамкутохи ва диг. аломатхои нукси дил (дар одамоне, ки каблан бемории дил надоштанд, хусусан дар чавонон) метавон аз М. гумонбар шуд. Хангоми гундоштани маълумот ба беморихои сироятии аз сар гузаронда, захролуди, ба организм фиристодани зардоб эътибори чидди бояд дод. Барои ташхиси М. маълумоти перкуссия ва аускултатсияи дил низ кумак мерасонад. Бо ин хама метавон маълумоти тадкики рентгенологи ва ЭКГ-ро низ хамрох кард. Оид ба мавчудияти М. дар хун афзудани савияи L2- ва Y-глобулинхо низ дарак медихад. Аломати асосии ташхиси М. дар хун вучуд доштани подтан (антитела) нисбати миокард аст.
Ташхиси тафрикии М. нисбат ба миокардиодистрофия, кардиосклероз, кардиомиопатия, ишемия, стенокардия гузаронда мешавад.
Беморони гирифтори М.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Дорухои хозиразамон барои табобати шаклхои гуногуни он нихоят пуртаъсиранд. Хангоми муоличаи М. тартиби хурок ахамияти калон дорад; хуроки бемор бояд зудхазм, сервитамин бошад, аз шир, сабзавот, гушти обпаз ва мохи тахия шавад; истеъмоли нушокихо ва намаки ош, алалхусус хангоми сустии кори дил, кам карда мешавад. Барои бартараф шудани аломатхои кори сусти дил (варам, зики нафас ва г.) варзиши шифои таъин мекунанд (он тахти назорати катъии духтур мегузарад). Варзишро аз обутоби мушакхои узви нафас ва гуруххои миёнаи мушакхои дасту пой сар мекунанд. Баъди худро хуб хис кардани бемор доираи машкхои варзиширо васеъ менамоянд; дар сурати сабук будани М. аз рузхои аввали бемори ба варзиши шифои шуруъ мекунанд.
М.-и беморихои сирояти, одатан пурра шифо меёбад. М.-и тарбоди ва сироятию аллерги метавонад такрор шавад. Аммо назорати диспансери ва муоличаи саривакти ба такрор ёфтани онхо рох намедихад. Махсусан ба пешгирии манбаъхои сирояти бемори (тонзиллит, гайморит ва г.) диккати махсус дода мешавад.
Миокардит дар кудакон. Дар кудакон М. бештар бар асари вирусхо (грипп, табхол, вируси Коксаки), баъзан бактерияхо (стафилококкхо, стрептококкхо) пайдо мешавад. Он хамчунин метавонад баъди моягузарони (гулбури) низ падид ояд.
Аломатхои аввалини бемори дар заминаи сирояти шадиди рохи нафас ё 1 – 2 хафта баъди он мушохида мешаванд. Кудак хастахол ва камиштихо шуда, араки бисёр мекунад, ранги пуст мепарад, у бекарору ноором аст, месурфад (сурфаи хушк, хусусан хангоми хобондан), хароб мешавад. Тадричан лабхо кабуд гашта, хатто хангоми ороми низ дамкутохи ба вучуд меояд, нафасгири халал меёбад, шуш садо медихад. Нишонахои нахустини М. дар кудакон дилбехузурии бесабаб, кай, дард кардани шикам низ мебошанд. Харорати бадан, одатан, муътадил аст. Дар баъзе кудакон мумкин аст бехуши, ташаннуч, паридани ранги пуст чой дошта бошад.
М.-и кудаконро ба таври комплекси муолича мекунанд (антибиотикхо, дорухои зидди илтихоб, гликозидхои дил, давохои пешоброн, иммунодепрессантхо ва г.). Дар сурати ба таъхир мондани муолича фарчоми бемори бад аст.
Н. Х. Хамидов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …