Главная / Илм / МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

miokardiodistrofiyaМИОКАРДИОДИСТРОФИЯ (Myocardiodystrophia; аз мио…, кардио… ва trophe – гизо), холати маризии дил. М. бо дистрофияи хучайрахои кашишхурандаи мушаки дил (миоситхо) ва сохторхои системаи нокилии он падид омада, фаъолияти асосии миокардро халалдор месозад (мас., автоматизм, кашишхури, нокилият, ангезиш ва г.). М.-ро аз тагйироти дегенеративии миокард, ки баъзан миокардиоз хам меноманд, фарк кардан лозим аст (мас., хангоми амилоидоз, гемохроматоз ва г.).
М. метавонад зери таъсири омилхои гуногуни дохилию беруни, ки раванди мубодилаи моддахоро дар мушаки дил табох мегардонанд, зухур ёбад. Ба сабабхое, ки мучиби М. мегарданд, инхо мансубанд: таъсири захри бактерияхо (чунончи, хангоми тонзиллити музмин), захрхои саноати (мас., бензини этилиронида), моддахои химиявии рузгор (мас., инсектитсидхои фосфорорганики), афканишоти ионнок, аз воя зиёд кор фармудани баъзе дорухо, майзадагии музмин, дар таркиби гизо нарасидани моддахои барои организм зарур (сафедахо, витаминхо) ва г. М. хамчунин дар мавриди барзиёди ё норасоии ягон моддаи биологии фаъол ба вучуд меояд. Мас., хангоми дар таркиби хун зиёд будани гормони гадуди сипаршакл иллате бо номи «дили тиреотоксики» пайдо мешавад, ки чараёни вазнин дорад. Сабаби М.-и хангоми гипотиреоз сарзада бошад, норасоии гормони мазкур аст. М. метавонад дар натичаи зур овардан ба миокард низ рух намояд (хангоми гипертензияи артерияви, нукси дил, машкхои сахти чисмони), хусусан агар ин гуна зуровари бо гипоксия якчо падид ояд. М.-е, ки бинобар анемия ва ишемияи миокард зухур меёбад, аз гипоксия манша мегирад. Дар сурати рафъ намудани сабабхои пайдоиши М. тагзияи миоситхои зарардида мумкин аст куллан баркарор шавад. Агар омилхои зиёновар дуру дароз таъсир намоянд, пас як кисми миоситхо махв гашта, ба ивази онхо бофтаи пайванди инкишоф меёбад (кардиосклеро).
Пешгири ва муоличаи М. кабл аз хама ба рафъ сохтани омили он нигаронида шудааст. Дар хама гуна холатхо таъин намудани хуроки сергизо, серсафеда, истифодаи поливитаминхо, оротати калий, рибоксин, гормонхои анаболи мухим аст. Пешомади М. ба дарачаи вазнинии бемори ва табобати бемории асоси вобастаги дорад.

Н. Х. Хамидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …