Главная / Чамъият / МИНТАКАХОИ КУХИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

МИНТАКАХОИ КУХИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Конуни Чумхурии Точикистон  

ДАР БОРАИ МИНТАКАХОИ КУХИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №7, мод. 531)  

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро оид ба минтакахои кухии Чумхурии Точикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори ичтимоию иктисодии ин минтакахо, нигох доштан, самарабахш ва окилона истифода бурдани захирахои табии равона шудааст.

gorni

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ  УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– минтакахои кухии Чумхурии Точикистон (минбаъд-минтакахои кухи) – минтакахое, ки дар худуди онхо иртифоъсанчии муайян мавчуд буда, ба он релефи мураккаби ландшафт хос мебошад;
– иртифоъсанчи (гипсометрия) – чен кардани баландии минтакахои кухи;
– хусусияти табиии минтакахои кухи – шарти асосии меъёрхои хоси низоми экологии табии, ки барои зисти ахоли шароити хос мухайё сохта, ба саломати ва кору фаъолияти онхо таъсир мерасонад;
– танзими давлатии рушди минтакахои кухи – низоми идоракунии фаъолияти макомоти давлати, ки самтхои асоси ва мухими рушди минтакахои кухиро муайян менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи минтакахои кухии Чумхурии Точикистон
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи минтакахои кухии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Сиёсати давлати оид ба минтакахои кухи  ва принсипхои асосии он
1. Сиёсати давлати оид ба минтакахои кухи  чузъи таркибии сиёсати умумидавлати буда, тавассути чорабинихо дар самти дастгирии минтакахои кухи амали карда мешавад.
2. Сиёсати давлати оид ба минтакахои кухи ба принсипхои зерин асос меёбад:
–  афзалияти дастгирии давлатии минтакахои кухи;
– фарохам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтакахои кухи;
– хифзи асосхои иктисоди ва экологии минтакахои кухи;
– дастрасии иштироки шахсони вокеи ва хукуки дар  амалисозии сиёсати давлати оид ба минтакахои кухи;
– дастрасии иттилоот оид ба вазъи ичтимоию иктисодии минтакахои кухи;
– окилона ва самаранок истифода бурдани захирахои табии минтакахои кухи;
– таъмини мухити мусоиди зист барои ахолии минтакахои кухи.

Моддаи 4. Вазифахои Конуни мазкур
Вазифахои Конуни мазкур инхоянд:
– мухайё намудани шароит барои бехсозии зисти ахолии  минтакахои кухи, таъмини кору фаъолияти онхо,  хамчунин кам кардани фаркияти сатхи рушди ичтимоию иктисодии минтакахои кухи нисбат ба дигар минтакахо;
– нигохдори ва хифзи захирахои табиии минтакахои кухи;
– фарохам овардани шароити сармоягузори ва чалб намудани сармояхо барои рушди минтакахои кухи;
– инкишоф додани сохибкории хурд ва миёна дар минтакахои кухи;
– анчом додани дигар вазифахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

Моддаи 5. Худудхои минтакахои кухи
1. Худудхои минтакахои кухи ба намудхои зерин таксим мешаванд:
– худудхои минтакахои кухии миёна, ки дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатхи бахр вокеъ гардида дорои шароити муътадили табии мебошанд;
– худудхои минтакахои кухии баланд, ки  дар баландии аз 1500 то 2000 метр  аз сатхи бахр вокеъ гардида, дорои шароити нисбатан муътадили табии мебошанд;
– худудхои минтакахои кухии баландтар, ки дар баландии аз 2000 метр аз сатхи бахр вокеъ гардида, дорои шароити хосаи табии буда, барои саломати, зисти ахоли ва кору фаъолияти онхо таъсир мерасонанд.
2. Номгуи худудхои минтакахои кухии дорои шароити хосаи табии мутобики иртифоъсанчи аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Захирахои табиии минтакахои кухи
1. Захирахои табиии минтакахои кухи моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онхоро ба шахсони вокеи ва хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кафолат медихад.
2. Шахсони вокеи ва хукукие, ки хукуки истифодабарии объектхои захирахои табиии минтакахои кухиро доранд, онро бояд максаднок истифода баранд.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ
РУШДИ МИНТАКАХОИ КУХИ
Моддаи 7. Субъектхои танзими давлатии рушди минтакахои кухи
Субъектхои танзими давлатии рушди минтакахои кухи  макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, шахсони вокеи ва хукуки буда, тартиби иштироки онхоро дар чараёни рушди минтакахои кухи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

Моддаи 8. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба минтакахои кухи
Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба минтакахои кухи  инхоянд:
– ташаккули сиёсати ягонаи давлати оид ба минтакахои кухи;
– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки;
– тахия, тасдик ва татбики барномахои максадноки рушди ичтимоию иктисодии минтакахои кухи;
– амали намудани дигар салохиятхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

Моддаи 9. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба минтакахои кухи
Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба минтакахои кухи  инхоянд:
– ташаккули фондхои махаллии максадноки рушди минтакахои кухи;
– иштирок дар танзим ва истифодаи захирахои табиии минтакахои кухи;
– таъмини дастгирии ичтимои ва шугли ахолии минтакахои кухи;
– амали намудани ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукарар намудааст.

Моддаи 10. Хадафхои танзими давлатии рушди минтакахои кухи
Танзими давлатии рушди минтакахои кухи аз хадафхои зерин иборат мебошад:
– таъмини афзоиши истехсоли махсулот;
– инкишофи саноати коркарди махсулот;
– паст кардани сатхи камбизоати ва бекории мавсими;
– инкишофи инфрасохтор барои ташкили шаклхои гуногуни            саёхат(туризм) ва истирохат дар минтакахои кухи;
– мусоидат ба афзуншавии хачми махсулоти махалли;
– ривочи истехсоли дорувори аз гиёху мевахои худруи шифобахш;
– окилона истифода бурдани захирахои табии ва заминхои таъиноти кишоварзи;
– таъмини дастрасии захирахои карзии имтиёзнок  барои корхонахо ва сохибкороне, ки дар минтакахои кухи фаъолият менамоянд;
– инкишофи инфрасохтори ичтимои ва мучаххазонии мухандисии минтакахои кухи;
– бо маводи илми, иттилооти ва хукуки таъмин кардани махалхои ахолинишин дар  минтакахои кухи;
– пардохти музди мехнат бо назардошти коэффитсиентхои мукаррарнамудаи нохияви ва фоизхои иловаги ба музди мехнат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 11. Манбаъхои маблаггузории чорабинихои рушди минтакахои кухи
Маблаггузории чорабинихои рушди минтакахои кухи аз хисоби маблагхои бучети давлати, маблагхои шахсони вокеи ва хукуки, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад.

Моддаи 12. Истифодабарии захирахои табии дар минтакахои кухи
1. Истифодабарандагони захирахои табии бояд манбаъхои баркароршавандаи захирахои табииро  бо восита ва усулхое истифода баранд, ки ба баркароршавии онхо дар мухлати нисбатан кутох мусоидат намоянд.
2. Истифодабарандагони захирахои табии бояд талаботхои конунгузории Чумхурии Точикистонро оид ба хифзи табиат риоя намоянд.
3. Тартиби истифодабарии захирахои табии ва имтиёзхоро дар минтакахои кухи конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 13. Хамкорихои байналмилали  оид ба минтакахои кухи
Хамкорихои байналмилали оид ба минтакахои кухи тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешаванд.

Моддаи 14. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни  мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 15.  Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                                       Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 1003

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …