Главная / Илм / МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАХА

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАХА

milzanii-duvozdahМИЛЗАНИИ ДУВОЗДАХА, бо максади ташхис ва табобат ба рудаи дувоздахангушта фиристодани мил (зонд). Бо максади ба даст овардани мухтавои рудаи дувоздахангушта (омехтаи талха, шира ва усораи гадуди зери меъда) ба амал оварда мешавад. Тадкики мухтаво имкон медихад, ки дар бораи холату фаъолияти рудаи дувоздахангушта, гадуди зери меъда, чигар, талхадон, мачрои талха маълумоти аник барояд; бо ин рох баъзан бемории узвхои мазкурро низ мукаррар кардан мумкин аст.
Дар аснои васеъшавии варикозии венахои сурхруда, омосу захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, аневризмаи аорта, иллати шуш ва дилу рагхо, хуручи холетсистит ва панкреатити музмин, беморихои вазнини рохи нафас М. д. чоиз нест.
М. д. бо дили нахор, 10 – 12 соат пеш аз истеъмоли таом, гузаронда мешавад. Дар баъзе беморон бинобар бисёр хосил шудани газ мумкин аст, ки меъдаро рудаи гафс зер кунад. Дар натича милзани метавонад натича надихад. Аз ин ру чунин беморонро пешаки тайёр кардан лозим аст. М. д. дар утоки махсус зери назорати корманди тиб мегузарад. Мил бояд дуруст бошад; барои нест кардани буи резин хангоми чушондан ба об чанд катра ментол чакондан мумкин аст.
Ниг. низ Милзани, Милзании меъда.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

komputer-3

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

  Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо …