Главная / Чамъият / МИЛИТСИЯ КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН дар бораи Милиция

МИЛИТСИЯ КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН дар бораи Милиция

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ 

Мачлиси намояндагон 7-уми апрели соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 3-юми майи соли 2004 чонибдори намудааст 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, № 12, мод. 820; с. 2011, № 3, мод. 156; № 6, мод. 438, № 12, мод. 835; с. 2012, № 4, мод. 251; № 7, мод. 692; № 8, мод. 821, №12, к. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, №11, мод. 649; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1446)

Конуни мазкур мафхуми милитсия, самтхои асосии фаъолияти он, салохият, принсипхои фаъолият, мавкеи милитсия дар системаи макомоти давлати, вазифаю хукукхо, тартиби ба хизмати милитсия кабул намудан, масъулият, кафолати давлатии таъминоти хукуки ва ичтимои, инчунин тартиби таъминоти молияви, моддию техники ва назорати фаъолияти милитсияро муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхуми милитсия

Милитсия  макомоти давлатии хифзи хукук, тахкику тафтишот буда, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, тартиботи чамъияти, манфиатхои чамъияту давлатро аз кирдорхои чинояткорона ва дигар хукуквайронкунихо мухофизат намуда, хукук дорад чорахои мачбурии дар доираи Конуни мазкур ва дигар конунхо пешбинигардидаро ба кор барад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи милитсия

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1446) 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи милитсия ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Моддаи 3. Самтхои асосии фаъолияти милитсия

Самтхои асосии фаъолияти милитсия аз инхо  иборатанд:

-химояи хаёт ва саломати, хукуку озодихои инсон ва шахрвандон аз кирдорхои гайриконуни;

– пешгири, рафъи чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо;

химояи манфиатхои чамъиятию давлати;

– таъмини тартибот ва бехатарии чамъияти;

-ошкор  намудан, тахкик ва тафтиши чиноятхо, чустучуи  шахсоне, ки чиноят содир кардаанд;

– химояи хама гуна шакли моликият аз кирдорхои гайриконуни;

– дар доираи мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон гузаронидани таблиготи хукуки дар байни шахрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонахо, муассисаю ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият;

– таъмини бехатарии харакат дар рох; (КЧТ аз 3.12.09с., №568).

– татбик ва ичрои чазои маъмури;

– амали намудани назорати мухочират дар доираи салохияти худ, танзими масъалахои будубоши гурезахо ва шахсоне, ки панохгох мечуянд. (КЧТ аз 26.12.11с., №770).

 

Моддаи 4. Принсипхои фаъолияти милитсия

 

Фаъолияти милитсия мутобики принсипхои зерин ба рох монда мешавад:

-конуният;

-ягонагии низоми макомоти милитсия ва муттамарказонидани идоракунии он;

-эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

-адолати ичтимои ва инсондусти;

-пинхонкори, истифодаи усулу воситахои ошкоро ва махфии фаъолият;

-яккасардори;

-баробарии хама дар назди конун;

– алокаманди бо ахоли ва ба назар гирифтани афкори чамъияти дар мубориза бар зидди чинояткори;

-гайрихизбият.

 

Моддаи 5. Фаъолияти милитсия ва хукуки шахрвандон

 

Милитсия хукуку озодихои хар як инсон ва шахрвандро, катъи назар аз шахрванди, чои истикомат, чинс, миллат, нажод,  забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, тахсил, вазъи ичтимои ва молу мулки химоя мекунад.

Корманди милитсия дар хама холатхо вазифадор аст ба шахрванд, шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд асосу сабаби махдуд кардани хукуку озодихои у, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани хукуку ухдадорихояшро фахмонад.

Корманди милитсия хукуки химоя ва дигар хукукхои шахсони дастгиршуда ва хабсгардидаро таъмин мекунад, дар холатхои зарури ташхиси тиббии онхоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онхо ба хешовандон, маъмурияти чои кор ё тахсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медихад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кумаки аввалияи тибби, инчунин барои рафъи хатар, ки ба хаёт, саломати ё амволи онхо хангоми дастгиркуни ё хабс тахдид менамояд, тадбирхо меандешад.

Милитсия хукуки чамъ овардан, нигох доштан, истифода бурдан ва пахн кардани маълумотро  дар бораи  хаёти шахс бе  розигии худи у, ба истиснои мавридхое, ки Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, надорад.

Милитсия вазифадор аст шахсро бо  хуччатхои махдудкунандаи хукуку озодихои вай шинос намояд, ба шарте, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Агар шахс хисоб кунад, ки хукуку озодихои у аз тарафи макомоти милитсия ё шахсони мансабдори он  поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин макомот ва шахсони мансабдор ба макомоти болоии милитсия, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Махдуд кардани хукуку озодихои инсон ва шахрванд, ба истиснои мавридхое, ки конун пешбини намудааст, манъ аст.

 

Моддаи 6. Иштироки макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхонаю ташкилотхо ва

                       шахрвандон дар ичрои вазифахои милитсия

 

Милитсия вазифахои ба зиммааш гузошташударо дар хамкори бо макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, кормандони гайриштатии милитсия ва шахрвандон ичро мекунад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Макомоти давлати, корхонаю муассиса ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шахсони мансабдор, иттиходияхои  чамъияти ва шахрвандон вазифадоранд ба милитсия хангоми мухофизати тартиботи чамъияти ва муборизаи зидди чинояткори кумак расонанд.

Милитсия дар ичрои вазифахои худ метавонад бо макомоти хифзи хукуки Иттиходи Давлатхои Мустакил, давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилалии хифзи хукук бо тартиби дар Конуни мазкур ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон пешбинишуда, хамкори кунад.

Бо максади пешгири ва ошкор кардани чинояткори шахрвандон метавонанд ба таври махфи бо макомоти милитсия мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хамкори кунанд.

Чалби мачбурии шахрвандон барои хамкори кардан бо милитсия манъ аст.

Маълумот дар бораи шахрвандоне, ки ба милитсия кумаки махфи расондаанд ё мерасонанд, танхо бо розигии онхо ошкор карда мешавад. Дар сурати мавчудияти маълумоти кофи дар бораи тахдиди хатар ба шахсони мазкур бинобар иштирок доштанашон дар фаъолияти оперативи-чустучуи, инчунин ба аъзои оила ё хешовандони наздики онхо макомоти милитсия вазифадор аст барои хифзи хаёт, саломати, шаъну шараф ва амволи ин шахсон, муайян намудани сарчашмахои тахдид ва ба чавобгари кашидани гунахгорон тадбирхои зарури андешад.

 

Моддаи 7. Чалби кормандони дигари макомоти корхои дохили ва хизматчиёни харби ба

                       ичрои вазифахои милитсия

 

Ба ичрои вазифахои милитсия дигар кормандони макомоти корхои дохили, курсантхо ва шунавандагони муассисахои таълимии системаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, хамчунин хизматчиёни харбии кушунхои дохили барои хифзи тартиботи чамъияти, амнияти чамъияти ва мубориза бар зидди  чинояткори бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  чалб карда мешаванд.

Дар ин холат онхо вазифа, хукук, кафолатхои мухофизати хукуки ва ичтимои, хамчунин масъулияти барои кормандони милитсия пешбинишударо   доранд.

 

БОБИ 2.

СОХТОРИ МАКОМОТИ МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 8. Сохтори макомоти милитсия

 

Милитсия ба сохтори макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон дохил мебошад.

Сохтори ташкили, шумораи кормандони штати, музди мехнат ва чойгирии милитсия бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, вохидхои милитсияе, ки таъминоташон аз хисоби маблаги корхонаю муассиса ва ташкилотхо амали мегардад, бо тартиби мукаррарнамудаи Мачлисхои махаллии вакилони халк бо мувофикаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. Барои таъмини тартиботи хукуки дар объектхо ва худудхои режими, инчунин барои максадхои дигар бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон мумкин аст вохидхои махсуси милитсия таъсис дода шаванд.

 

Моддаи 9. Рохбарии милитсия

 

Милитсия дар фаъолияти худ ба Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тобеъ мебошад.

Рохбарии тамоми милитсияи чумхуриро Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба ухда дорад, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон  ба вазифа таъин ва  аз вазифа  озод карда мешавад. Фармон дар бораи таъин ва озод намудани Вазир барои тасдик ба чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мегардад.

Дар вилоятхо, шахру нохияхо рохбарии фаъолияти милитсия ба зиммаи сардорони раёсатхои (шуъбахои) Вазорати корхои дохили дар вилоятхо, шахру нохияхо гузошта мешавад. Сардорони Сарраёсат ва раёсатхои Вазорати корхои дохили, Раёсати Вазорати корхои дохили дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шуъбахои Вазорати корхои дохили дар шахру нохияхо, милитсияи наклиёти рохи охан ва хавои аз чониби вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Рохбарони макомоти дахлдори милитсия дар объектхои махсусан мухим ва режими аз руи тартиби муайяннамудаи Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа   озод карда мешаванд.

 

БОБИ 3.

САЛОХИЯТИ МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 10. Вазифахои милитсия

 

Милитсия вазифадор аст:

1) чиноят ва дигар хукуквайронкунихоро пешгири намояд, сабабу  шароитхоеро, ки ба содир кардани чиноят ва дигар хукуквайронкунихо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онхо тадбирхо андешад, бо хукуквайронкунандагон бо таври инфироди  корхои пешгириро анчом дихад, дар тарбияи хукукии шахрвандон иштирок намояд;

2) бо максади пешгири, муайян ва ошкор намудани чиноят чорабинихои оперативи-чустучуи гузаронад; (КЧТ аз 25.03.11с., №689)

3) тартиботро дар кучаю хиёбон, богу майдонхо, роххои наклиётгард, вокзалу фурудгох ва дигар чойхои чамъияти таъмин намояд;

4) якчоя бо дигар макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти беназоратии кудаконро пешгири кунад;

5) ариза, хабар ва дигар маълумотро дар хусуси чиноят ва хукуквайронкунихо, инчунин дар бораи содиркунандагони онхо  кабул кунад,  ба  кайд  гирад ва чорахои зарурии конуни андешад;

6) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чорахои фардии пешгирии зуроварї дар оиларо татбик намояд;(КЧТ аз 19.03.13с.,№941)

7)  дар сурати мавчуд будани асосхои конуни парвандахои  чинояти огоз намояд ё огоз намудани парвандаи чиноятиро рад намояд, тахкик ва  тафтишоти  пешаки гузаронад,  омодасозии маводи пешазсудиро  дар  шакли протоколи анчом дихад;

8) пешбурди бахисобгири ва кайди ягонаи чиноятхо ва шахсони чиноят содирнамударо амали намояд. Тартиби пешбурди бахисобгири, кайди ягонаи чиноятхо ва шахсони чиноят содирнамуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда  мешавад;  (КЧТ аз 3.12.09с., №568)

9) барои хифзи шахс ва амволи шохидон, чабрдидагон ва дигар шахсоне, ки хаёт, саломати ва моликияти онхо аз сабаби  расонидани ёри ба макомоти хифзи хукук дар пешгири ва ошкор намудани чиноятхо зери хатар аст, тадбирхо андешад. Дар холатхои  пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба таъмини бехатарии шахсони  мансабдор ва кормандони макомоти  хокимияти давлати, хамчунин аъзои оилаи онхо тадбирхо андешад;

10) шахсонеро, ки чиноят содир карда, аз тахкик, тафтишоти пешаки ва суд пинхон шудаанд, аз ичрои чазои чинояти саркаши мекунанд, бе ному нишон гум шудаанд, гаравгон гирифта шудаанд ва дигар шахсонро, инчунин амволи  дуздида ва тасарруфшударо тибки  холатхои пешбининамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон чустучу намояд;

11) дар доираи салохияти худ аз тарафи шахрвандон ва шахсони мансабдор ичро шудани карорхои макомоти  хокимияти давлатиро оид ба масъалахои хифзи тартиботи чамъияти ва муборизаи зидди чинояткори таъмин намояд;

12) чихати рафъи окибати садамаву фалокатхо, сухтору офатхои табии ва дигар ходисахои фавкулодда, начот додани одамон ва расонидани ёри ба онхо, хифзи амволи бесохиб тадбирхои фаври андешад, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар кори таъмини тартиботи хукукии вазъияти фавкулодда ё холати чанги дар сурати чори намудани онхо дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон ё махалхои алохидаи он, инчунин дар гузаронидани чорабинихои карантини дар вакти эпидемия ва  эпизоотияхо иштирок намояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

13) ба шахсоне, ки аз хукуквайронкунихо ё фалокату офатхо зарар дидаанд, инчунин  дар холати очизи ё дигар холатхое, ки барои хаёту саломатии онхо зараровар аст, ёрии таъчили расонад;

14) бехатарии харакатро дар роххо ба танзим дарорад ва таъмин намояд, риоя ва ичрои конунхои Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукуки, меъёрхо, стандарту коидахои марбути харакат дар роххоро дидбони ва назорат кунад, воситахои наклиёти автомобили ва дигар наклиёти мухаррикдорро ба кайд ва ба хисоб гирад, имтихон гирад ва шаходатномахои ронандаги дихад,  азназаргузаронии техникии давлатии воситахои наклиётро гузаронад ва бо тартиби мукарраршуда дар хамрохии онхо ширкат варзад, барои тайёр намудани варакаи шаходатномахои ронандаги, нишонахои бакайдгирии давлати, маълумотномахои бакайдгири ва дигар маводи махсус, ки барои рухсат дар харакати роххо зарур аст, хамчунин дар корхои мукарраркуни ва истифодаи воситахои техникии  ташкили харакат дар рох хамчун фармоишгари  давлати амал  кунад;

15) мувофики конун барои хариду фуруши силохи гайринизоми ва хизмати ва тирхои он, барои нигахдори ва гирифта гаштани силохи гайринизоми ва ё хизмати, хамлу накли силохи номбурда ва тирхои мансуби он, ворид кардан ба худуди Чумхурии Точикистон ва ё баровардан аз худуди он, хамчунин барои нигахдори ва истифодаи намудхои чудогона ва навъхои силохи чангии дастии оташфишони аз макомоти  корхои дохили барои истифодаи муваккати гирифташуда, барои нигахдори ва интиколи маводи таркандаи таъиноти саноати тавассути наклиёти автомобили мутобики мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон  ичозат дихад, назорати муомилоти силохи гайринизоми ва хизматии оташфишонро дар худуди Чумхурии Точикистон амали гардонад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

16) чойхои нигахдори ва истифодаи силох, лавозимоти мансуби он, маводи тарканда ва хамчунин объектхои гардиши онхоро аз назар гузаронад, хангоми маълум гардидани вайронкунии коидахои мукаррари ба шахрвандон ва шахси мансабдор  барои ислохи онхо пешниходот дихад, маводи номбаршударо бозпас гирад, фаъолияти ин гуна объектхоро манъ кунад, ичозатномаи   додашударо бекор кунад ва тадбирхои дигареро, ки конунгузори пешбини кардааст,  амали гардонад;

17) шиносномахо, ичозатномахои ворид шуданро ба минтакахои сархади дихад, шахрвандонро ба кайд гирад ва аз кайд барорад, аз тарафи шахрвандон ва шахсони мансабдор риоя шудани коидахои низоми шиносномавиро назорат намояд. Пас аз ба шахрвандони Чумхурии Точикистон додани шиносномахои умумишахрвандї, хоричї, аз чумла ба макомоти андози махалли истикомати шахрванд то санаи 15- уми мохе, ки баъди семохои хисоботї фаро мерасад, ба таври хаттї хабар дихед; ( КЧТ аз 19.03.13с., №940)

18) дар татбики пешбининамудаи конунгузори оид ба хифзи табиат ва бехатарии экологи иштирок намояд;

19) ба расмият даровардан ва додани хуччатхоро оид ба масъалахои шахрванди, бакайдгири ва додани  ичозатномаи икоматро ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар доираи салохияташ таъмин намояд ва назорат кунад;

20) назорати ичрои коидахои будубоши шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрвандро дар Чумхурии Точикистон, ки ба  тарики транзити худуди Чумхурии Точикистонро убур намудаанд ва аз худуди Чумхурии Точикистон  баромадани онхо, масъалахои шахрванди, инчунин додани вазъи хукукиро ба гурезагон ва шахсоне, ки панохгох мечуянд, барраси намояд; (КЧТ аз 3.12.09с., №568)

21) вохидхои мухофизатии ташкилотхоро бозрасї намояд, доир ба ислохи камбудихои дар мустахкамкунии техники объектхо чойдошта, инчунин оид ба таъмини амнияти моликияти давлатї ва моликияти дигар дастур дихад. Тартиби бозрасї намудани вохидхои мухофизатии ташкилотхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад; (КЧТ аз 28.12.12с., №930).

22) амволи шахсони вокеи ва хукукиро дар асоси шартнома  мухофизат намояд;

23) таъиноти судхо, карорхои судяхо, прокурорхо ва муфаттишон, карорхои комиссияхо оид ба хукуки кудак дар бораи мачбуран овардани шахсоне, ки аз хозир  шудан бо даъвати онхо саркаши мекунанд, инчунин карорхои прокурорхо ва карорхои аз чониби онхо тасдикшудаи муфаттишонро ичро намояд, ба ичрочиёни суд дар бобати аз бинохои истикоматию гайриистикомати баровардани шахрвандон ёри расонад, барои гузаронидани экспертизаи судии равонпизишки аз руи парвандахои чинояти ва граждани овардани шахрвандонро таъмин намояд; (КЧТ аз 3.12.09с., №568)

24) таъиноти (карорхои) судиро (судяро) дар бораи хабси  маъмури ичро намояд;

25) дар доираи салохияти мукаррарнамудаи конунгузори истехсоли парвандахои оид ба хукуквайронкунихои маъмуриро  амали намояд;

26) ноболигони аз чазо озодшуда ва ноболигонеро, ки нисбат ба онхо хангоми таъини чазо карори шартан татбик накардани чазо кабул гардидааст, ба кайд гирифта, бо онхо корхои тарбияви гузаронад ва рафтори онхоро назорат кунад;  (КЧТ аз 3.12.09с., №568).

27) ба рафтори шахсоне, ки нисбат ба онхо хангоми таъини чазо карори шартан татбик накардани чазо кабул гардидааст, нисбат ба шахсоне, ки аз махалли махрум сохтан аз озоди озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок  махкум шуда буданд, шахсоне, ки барои чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин чазоро адо кардаанд ва ё ду маротиба ё бештар аз он барои хама гуна чиноятхои баркасдона суд шудаанд ё каблан аз махалли махрум сохтан аз озоди то пурра адо намудани мухлати мукаррарнамудаи суд озод шуда, дар мухлати кисми адонашудаи чазо боз касдан чиноят содир кардаанд, инчунин ба фаъолияти шахсоне, ки чазоро дар намуди махрум сохтан аз озоди адо кардаанд, вале рафтори онхо дар давраи адои чазо ё баъди аз чазо озод шудан дар бораи ба рохи ислох нарафтани  онхо ва риоя накардани тартиботи хукуки гувохи дихад, назорат барад, дар доираи салохияти худ ичрои чазои маъмуриро таъмин намояд; (КЧТ аз 3.12.09с., №568).

28) шахсони дастгир ва хабсшударо нигахдори, нигахбони ва посбони намояд;

29) то ба ихтиёри макомоти давлати ва шахсони мансабдори дахлдор додани хуччатхо, ашё ва чизхои арзишнок, махзан ва дигар амволи дарёфтшуда ва ба милитсия супоридашуда, нигахдории онхоро таъмин намояд, барои баргардонидани онхо ба сохибони конуниашон тадбирхо андешад;

30) аз руи парвандахои чинояти дар доираи салохияти худ экспертиза, инчунин аз руи маводи фаъолияти оперативи-чустучуи тадкикоти илмию-техники гузаронад;

31) ба макомоти тандурусти дар кори ошкор намудан ва ба муассисахои табобати овардани беморони рухи, шахсоне, ки гирифтори майзадагии ашадди, нашъаманди, беморихои таносули ва мубталои аломати норасоии масунияти бадан (СПИД) мебошанд ва нисбати онхо асосхои бо хуччатхо тасдикшуда мавчуданд, мусоидат намояд;

32) дар доираи салохияти худ дар холатхои мукаррарнамудаи  конунгузории Чумхурии Точикистон ба вакилони халк, номзадхо ба вакилии халк, шахсони мансабдори макомоти  хокимияти давлати дар ичрои фаъолияти конунии онхо мусоидат намояд.

33) тартиб ва тарзу усулхои гузаронидани тахлили хавфхои коррупсия дар макомоти корхои дохилиро муайян ва дар амал татбик намояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

34) ичрои вазифахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба зиммаи милитсия гузоштааст. (КЧТ аз 28.12.13с., №1041; КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

 

Моддаи 11. Хукукхои милитсия

 

Милитсия барои ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда хукук дорад:

1) аз шахрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи чамъияти, катъ кардани хукуквайронкуни ва кирдорхоеро, ки ба амали гардонидани ваколатхои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати ичро накардани ин талабот аз чорахои мачбурии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода барад;

2) хангоми гумонбар шудан ба содир намудани чиноят ё хукуквайронкунии маъмури  хуччатхоеро, ки шахсияти шахрвандонро тасдик мекунанд, санчад ва инчунин дигар хуччатхои барои риояи коидахо, ки назорати онхо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;

3) шахсонеро, ки ба хукуквайронкунии маъмури рох додаанд, оварад ва нисбати онхо  хуччатхои лозими тартиб дода, тадбирхои  пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали намояд;

4) дар холатхои дар конун пешбинишуда чазои маъмури мукаррар намояд ё хуччатхоро дар бораи хукуквайронкунии маъмури барои барраси ба суд, комиссияхои назди  макомоти махаллии хокимияти давлати  супорад;

5) оид ба назорати шахсони ноболиге, ки аз махалли махрум гардонидан аз озоди шартан озод шудаанд ва инчунин махкумшудагоне, ки нисбати онхо ичрои хукми махрум намудан аз озоди ба таъхир монда шудааст, мувофики нишондоди конун бо макомоти дахлдор  чора   андешад;

6) шахсони ба синни хаждахсола  нарасидаро, ки амалхои хатарноки чамъияти содир кардаанд, дастгир намуда, агар чудо нигох доштани онхо зарур бошад ва инчунин ноболигонеро, ки бесаробон мондаанду ба муассисахои махсуси таълимию  тарбияви  фиристода мешаванд, дар муассисахои кабулу таксими ноболигон нигох дорад;

7) хизматчиёни харбиеро, ки дар содир кардани чиноят гумонбар шудаанд, дастгир намуда, нисбати онхо парвандаи чинояти огоз намояд, харакатхои таъхирнопазири тафтишоти гузаронад ва бо тартиб ва дар мухлати мукаррарнамудаи конун ба тобеъияти тафтишоти супорад ва инчунин хизматчиёни харбиро, ки ба хукуквайронкунии маъмури рох додаанд, то ба дасти патрулхои харби, коменданти харби, командирони кисмхои харби ё комиссарони харби супорида шуданашон боздошт намояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

8) шахсонеро, ки дар содир кардани чиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онхо хабс хамчун чораи пешгири  муайян шудааст, боздошт намояд ва дар хабс нигох дорад;

9) шахрвандон ва шахсони мансабдорро аз руи парванда ва маводе, ки дар истехсолоташ мебошад (ба таври шифохи ва ё хатти) ба милитсия даъват кунад;

10) шахсонеро, ки дар содир намудани чиноят ё хукуквайронкунии маъмури гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситахои нашъаовар, маводи психотропи ва дигар маводи мадхушкунанда барои муоина ба муассисахои тибби фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натичахои муоина барои тасдик ё инкор кардани далели хукуквайронкуни ё баррасии парванда дар бораи хукуквайронкуни зарур бошанд;

11) шахсонеро, ки дар чойхои чамъияти дар холати масти карор доранд ва намуди зохирии онхо шаъни инсон ва ахлоки чомеаро тахкир месозад ва агар онхо кобилияти мустакилона рох рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони  дар манзилхояшон буда – дар асоси аризаи шифохи ё хаттии истикоматкунандагони он чо, агар  тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба хаёт, саломати ва моликият тахдиди хатар мекунад, ба муассисахои тибби ё кисми навбатдори милитсия расонад ва то хушёр  шуданашон нигох дорад;

12) шахсони вокеи, хукуки, предмет ва далелхоро мувофики конунгузори ба хисоб гирад ва маълумоти ин бахисобгириро истифода барад;

13) шахрвандонро аз номатлуб будани рафтори гайриконуниашон ба таври расми каблан огох кунад ва онхоро ба кайд гирад;

14) дар холатхои пешбининамудаи конунгузори бакайдгири, аксбардори, сабти овоз, наворбардории кино ва видео, кайди дактилоскопии шахсони дар содир намудани чиноят гумонбар ё барои оворагарди ва гадои дастгиршуда, хабсшудагон, шахсони дар асоси карори суд ба хабси маъмури гирифташуда ва инчунин шахсонеро, ки дар содир намудани хукуквайронкунии маъмури гумонбар мешаванд ва мукаррар намудани шахсияташон  имконнопазир аст, анчом дихад;

15) бо максади пешгири ва ошкор намудани чиноятхо, кофтукови чинояткорони пинхоншуда бо риояи талаботи конунгузори чорабинихои оперативи-чустучуи гузаронад, маълумотхои, аз чумла бо истифода аз воситахои техники дастрасшударо истифода барад; (КЧТ аз 25.03.11с., №689)

16) бо максади таъмини тартиботи чамъияти, амнияти чамъияти, мухофизати хаёт ва саломатии шахрвандон, инчунин барои ичрои баъзе амалиёти тафтишоти, хукуки даромадани шахрвандонро ба минтакахои алохидаи махал ва иншоот муваккатан махдуд ё манъ кунад, хангоми зарурат, харакати наклиёт ва равуои пиёдагардонро дар кучахо, роххо ва гузаргоххои рохи охан махдуд ё манъ намояд;

17) барои таъкиб ва дастгир намудани шахси  гурезаи махкумшуда, шахсони ба хабс гирифташуда, кофтукови шахсони чинояткор ва шахсоне, ки дар содир кардани чиноят гумонбар шудаанд, барои пешгирии бетартибихои оммави, вайронкунихои тартиботи чамъияти ва дигар холатхои фавкулодда, ки ба бехатарии чамъияти тахдид менамоянд, минтака ва махалхо, иморату иншоотхои алохидаро ихота намояд ё бандад, инчунин бо ин максад наклиёти мавчударо тафтиш кунад;

18) хангоми пешгирии бевоситаи чиноят, таъкиби шахси дар содир намудани чиноят гумонбар ва вазъиятхои фавкулоддаи ба бехатарии чамъияти  тахдидкунанда   ба хонахои истикомати, худуд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, китъахои замини шахсони алохида (ба истиснои намояндагии дипломати, муассисаи консулгари ва намояндагии ташкилотхои байналмилалии дар Чумхурии Точикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад  ва чорабинихои оперативи – тафтишоти гузаронад. Бо тартиби мукарраргардидаи конун  дар муддати 24 соат дар бораи ворид шудан ба манзил, бинохои корхона, муассиса, ташкилот, китъаи замини шахсони алохида бидуни ичозати сохибони онхо ба прокурор хабар дихад;

19) хангоми мавчуд будани маводи  боэътимод оид ба чинояти содиршуда дар сохаи  фаъолияти молияви (бонки ва хазинадории бучети тибки тартиби конунгузории  вобаста ба фаъолияти мазкур), хочагидори, сохибкори ва савдо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба бинохои корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият (ба гайр аз намояндагихои дипломатии хоричи, намояндагии консулгари ва ташкилотхои байналмилалие, ки  дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия доранд), ворид шавад; бо иштироки сохиби моликият ё намояндаи ваколатдори у азназаргузаронии бинохои истехсоли, савдо ва дигар бинохои хизмати, воситахои наклиёт, чойхои нигахдори ва истифодаи моликиятро анчом дода, дар доираи салохияташ бо тартиби мукаррарнамудаи  конунгузори хуччатхои заруриро тартиб дихад;

20) аз шахрвандон ва шахсони мансабдор хуччатхои дорои  аломатхои сохтакори, инчунин мол, мавод ва моддахои  дар муомилоти шахрванди манъбуда ва моликияти бесохибро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори гирад, нигох дорад ва аз руи  тартиби мукарраршуда мансубияти минбаъдаи онхоро халлу фасл кунад;

21) хангоми мавчуд будани маводи боэътимод тибки тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон азназаргузаронии шахси, бори дасти ва багочи мусофирони хавопаймохои гайринизоми ва харбиро анчом дихад;

22) санадхоро оид ба масъалахои шахрванди, икомати муваккати ва доимии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, дар худуди Чумхурии Точикистон ба  расмият дароварда, аз тарафи онхо риоя шудани  мухлат ва чои мукарраргардидаи истикоматро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон назорат кунад. Барои муваккатан нигох доштани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки коидахои будубошро дар худуди Чумхурии Точикистон вайрон намудаанд ва барои икомати муваккатии шахсоне, ки панохгох мечуянд, марказхо таъсис дихад; (КЧТ аз 26.12.11г.,№770; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

23) ба корхонаю муассиса ва ташкилотхо, сарфи назар аз  шакли моликият барои харидори, нигохдори, интиколи силохи оташфишон, тир, маводи тарканда, захрнок, моддахои сахттаъсири кимиёви ва масолехи дигар аз руи номгуи муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва ба шахрвандон бошад, барои харидори, нигахдори, гирифта гаштани тиру силохи оташфишон тибки конунгузори ичозат дихад ва инчунин ичозатро бекор карда аз корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият ва аз шахрвандон тиру силохро хангоми вайрон кардани коидахои  нигахдори, истифодаи онхо ва инчунин дар дигар холатхои пешбининамудаи конун пас гирад, барои фаъолият оид ба фуруши силохи гайринизоми ва хизмати, кисмхо ва лавозимоти он ичозатнома, барои кушодани корхонахои таъмири силох, тарфгари, мухрзанию зарроби, магозахои силохфурушї ва тир, стендхои тирандози ичозат дихад;

24) истифодаи воситахои наклиёти бар асари нуксонхои техники ба бехатарии харакати рох тахдидкунандаро манъ кунад, воситахои наклиётро боздорад, хуччатхоро оид ба хукуки истифода ва рондани онхо, хамчунин хуччатхои мансуби воситаи наклиёт ва борро бо иштироки ронанда ва ё шахси рохбалади бор аз назар гузаронад, воситахои наклиётро хангоми  шубхаовар будани истифодаи гайриконунии онхо тафтиш намояд, шахсонеро, ки маст буданашон аник аст, хамчунин онхоеро, ки барои идораю истифода кардани воситахои наклиёт хуччат надоранд, аз идоракунии воситахои наклиёт махрум созад, воситахои наклиёти дар кофтуков бударо боздорад, корхои таъмиру сохтмон ва дигар корхоро дар кучаву роххо, агар талаботи таъмини бехатарии чамъияти риоя карда нашавад, махдуд ва манъ кунад;

25) хангоми ичрои вазифахои хизмати аз хама намуди наклиёти чамъиятии шахри, наздишахри ва махалли (ба истиснои  такси) ройгон истифода барад. Кормандони чузъу томхои  милитсияи наклиёт  барои сафари хизмати кардан дар каторахо ва хавопаймохо дар доираи минтакахои хизматрасониашон хукуки истифодаи ройгон доранд;

26) дар холатхои таъхирнопазир хангоми ичрои вазифахои хизмати аз воситахои наклиёте, ки ба корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият, ё шахрвандон тааллук доранд (гайр аз воситахои наклиёти намояндагихои дипломати, консулхонахо ва дигар намояндагихои давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали)  бемамоният истифода намояд. Бо талаби сохибони воситахои наклиёт товони зиёни моддии расонидашуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон   ба онхо пурра гардонида мешавад;

27) бо максади ичрои вазифахои хизмати аз воситахои алокаи корхонахо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар холатхои таъчили бошад, аз воситахои алокаи шахрвандон бемамоният истифода намояд;

28) ба макомоти дахлдори давлати, иттиходияхои чамъияти ё шахсони мансабдор барои андешидани тадбирхои хатмии бартарафсозии сабаб ва шароитхое, ки ба содир намудани чиноят ва дигар хукуквайронкунихо мусоидат мекунанд, бо зикри мухлати пешниходи маълумот оид ба чорахои андешидашаванда пешниходот ирсол намояд; дар сурати сари вакт ичро накардани талаби пешниходот масъалаи ба чавобгари кашидани шахсони масъулро тибки конунгузори ба маълумоти макомоти болои расонад;

29) бо максади пешгирии чиноятхо ва дигар хукуквайронкунихо, мукаррар намудани холатхои чиноят ва шахсони онро содирнамуда, дар кофтукови чинояткорони пинхонгардида, шахсони бе ному нишон гумшуда аз воситахои ахбори омма ва алока ба таври ройгон истифода барад;

30) шахрвандонеро, ки ба милитсия дар ичрои вазифахояш кумак расонидаанд, хавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кумак кардан дар ошкор намудани чиноятхо ва дастгир кардани шахсоне, ки онхоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро  ба шахрвандон     супорад;

31) шахсони боздоштгардидаро то муайян намудани шахсияти онхо бо ичозати прокурор, лекин на зиёда аз як мох, дар муассисаи кабулу тахвили Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон  нигох дорад. Дар  холатхои истиснои ин мухлат метавонад аз чониби  прокурор  тамдид карда шавад, лекин на зиёда аз ду мох. Дар холати фавран гирифта натавонистани ичозати прокурор, масъалаи додани ичозат бояд дар мухлати мукаррарнамудаи конун хал карда шавад;

Корманди милитсия хукук дорад силохи табели ва воситахои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигох дорад, гирифта гардад ва истифода барад.

Барои таъмини амнияти шахси корманди милитсия метавонад аз силохи табели, тоскулох, сипар, нимтанахои зирехдор ва дигар воситахои мухофизати инфироди истифода намояд.

 

Моддаи 12. Фаъолияти оперативи-чустучуии милитсия

 

Вохидхои оперативии милитсия фаъолияти оперативи-чустучуиро мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативи-чустучуи» анчом медиханд. (КЧТаз 25.03.11с., №689)

 

БОБИ 4.

ИСТИФОДАИ КУВВАИ ЧИСМОНИ, ВОСИТАХОИ МАХСУС

ВА  СИЛОХИ ОТАШФИШОН АЗ ЧОНИБИ МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 13. Шартхо ва доираи истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи

                        оташфишон

 

Корманди милитсия хукук дорад аз кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон танхо дар холатхо ва  бо тартибе, ки Конуни мазкур  пешбини кардааст, истифода барад.

Кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон бо назардошти вазъияти бамиёномада, бо салохдиди корманди милитсия дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур истифода мешаванд. Пеш аз истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон дар бораи нияти истифодаи онхо бояд огохи дода шавад.

Дар хама холатхо, агар аз истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон худдори кардан гайриимкон бошад, корманди милитсия бояд кушиш намояд, ки хаддалимкон зарари нисбатан камтари маънави, модди ва чисмони расонад.

Хангоми истифода аз кувваи чисмони, воситахои махсус ё силохи оташфишон расондани зарари чисмони ва чарохат корманди милитсия вазифадор аст ба зарардида ёрии аввалияи тибби расонад.

Дар бораи ярадоршави ё марги шахсе, ки дар натичаи истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон сурат гирифтааст, корманди милитсия  вазифадор  аст фавран ба сардори бевоситаи худ  барои  хабар  додан ба прокурор гузориш дихад.

Кормандони милитсия, хизматчиёни харби ва дигар шахсоне, ки ба ичрои вазифахои хизматии милитсия оид ба мубориза бар зидди чинояткори чалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънави, модди ва чисмони ба шахе мутобики конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон ба чавобгарии чинояти кашида намешаванд, агар онхо тибки мукаррароти дар Конуни мазкур пешбинишуда аз кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон истифода баранд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№725)

Истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ё силохи оташфишон берун аз хадди ваколат боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

Корманди милитсия барои пешгирии чиноят ва дигар хукуквайронкунихо, дастгир намудани шахсоне, ки онхоро содир намудаанд, бартараф намудани  мухолифат нисбат ба талаботи конунии корманди милитсия, барои мухофизати худ хукук дорад аз кувваи чисмони, аз чумла аз усулхои чангии гуштин, воситахои зердаст истифода барад, агар усулхои гайримачбури ичрои вазифахои ба зиммаи он вогузоргардидаро таъмин накунанд.

 

Моддаи 14. Истифодаи воситахои махсус

 

Корманди милитсия хукук дорад, ки аз воситахои махсуси дар ихтиёри милитсия буда дар мавридхои зерин истифода барад:

1) барои бартараф намудани  хамла ба шахрвандон ва корманди милитсия;

2) барои пешгири кардани мукобилияти зидди корманди милитсия;

3) барои боздошти шахс  хангоми содир кардани чинояти ба хаёт, саломати ва моликият тахдидкунанда ва  максади гурехтан дошта;

4) барои боздошти  шахсоне, ки метавонанд мукобилияти  мусаллахона нишон диханд ва дар ин бобат асосхои муътамад хаст;

5) барои ба милитсия овардани шахсони дастгиршуда, посбони ва нигахдории дастгиршудагон, хамчунин шахсони ба хабси маъмури гирифта шуда ва  махкумгардида, хангоми гумонбар шудан, ки рафтори онхо барои гурехтан, ба атрофиён  ва  ё ба худ зарар расонидан   асос шуда метавонад ва ё ба корманди милитсия мукобилият нишон  медиханд;

6) барои зада гардонидани хучум ба бино, иморат, иншоот ва воситахои наклиёте, ки ба шахрвандон, макомоти давлати ва чамъияти, корхонаю ташкилот тааллук доранд, барои  озод кардани шахсон, истикоматгох, бино,  иморат, иншоот, воситахои наклиёт ва китъаи замине, ки аз тарафи  шахсони чинояткор бо зури тасарруф шудаанд;

7) барои пешгири кардани бетартибихои оммави ва харакати гуруххо, ки кори наклиёт, алока ва ташкилотхоро халалдор мекунанд;

8) барои нигох доштани воситаи наклиёт, ки ронандааш талаби  корманди милитсияро ичро намекунад;

9) барои ошкор кардани шахсони чиноятсодиркунанда ва ё содиркарда.

Ба сифати воситахои махсус истифода мешаванд:

– дастахои резини- дар мавридхои дар бандхои 1,2,7 кисми  якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– гази ашковар-дар мавридхои дар бандхои 1,2,4,6,7 кисми  якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– дастбанд-дар бандхои 2,3, 4 ва 5 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда. Дар мавриди набудани дастбанд корманди милитсия хукук дорад, ки воситахои зердастро барои бастан истифода намояд.

– воситахои таъсирбахшу чалбкунандаи равшани-дар мавридхои дар бандхои 4, 6 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда; (КЧТ аз 28.06.11г., №725 )

– воситахои манъкунандаи наклиёт-дар мавридхои  дар банди 8 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– обпошак ва мошинхои зирехпуш-дар мавридхои дар бандхои 4,6 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, факат бо дастури сардори  макомоти корхои дохила бо хабардор кардани прокурор дар давоми 24 соат баъд аз истифодабари;

– сагхои хизмати-дар мавридхои дар бандхои 1,2,3,4,5,6,7 ва 9 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– дастгоххои барки (электрошоки) – дар мавридхои дар бандхои 1,2,3,4 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– воситахои вайронкунандаи монеахо – дар мавридхои дар бандхои 6 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– воситахои махсуси рангкунанда – дар мавридхои дар бандхои 3, 7 ва 9 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– аспхо – дар мавридхои дар бандхои 3 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

– тирхои резини – дар мавридхои дар бандхои 1, 2, 3 ва 7 кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда. (КЧТ аз 28.06.11с.,№725)

Ба чуз инхо хамаи намуди воситахои махсус дар мавридхои дар   кисми якуми моддаи 16 Конуни мазкур пешбинишуда метавонанд истифода шаванд.

Нисбати занхои хомиладориашон аён, шахсони нишони аники мачрухи дошта ва хурдсолон, ба истиснои мавридхое, ки онхо мукобилияти мусаллахона нишон медиханд, хучуми дастачамъи ё кирдори ба ин монанди ба хаёт ва саломатии одамон хатарангез мекунанд истифодаи воситахои махсус манъ аст. Хамчунин барои пешгирии мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, рохпаймоихо ва пикетгузорихои гайриконунии дорои хусусияти гайризуроварй истифодаи воситахои махсус ичозат дода мешавад, агар дар ин холат тартиботи чамъияти вайрон карда шавад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№725)

Дар холати мудофиаи зарури ва заруроти нихои корманди милитсия, агар воситахои  махсус ва ё аслихаи оташфишон набошад, хукук дорад, ки аз хама гуна воситаи зердаст истифода барад.

Мусаллахшавии милитсия бо воситахои  махсусе, ки боиси чарохатхои вазнин ва хатари ислохнопазиранд, манъ аст.

 

Моддаи 15. Истифодаи силохи оташфишон

 

Истифодаи силохи оташфишон чун чораи нихои ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахсе мёбошад, ки харакати хавфноки он пешгири карда мешавад.

Корманди милитсия хамчун чораи нихои хукук дорад дар холатхои зерин аз силохи  оташфишон истифода барад:

– барои мухофизати шахрвандон аз  хучум ва инчунин барои озод кардани гаравгонхо;

– барои рафъи хучуми гурухи ё мусаллахона, аз чумла бо истифодаи моддахои оташзананда, тарканда, захролудкунанда, захролуд ё предметхое, ки барои истифода бурдан ба сифати силох мувофик карда шудаанд, ба  корманди милитсия ва дигар  шахсоне, ки чихати мухофизати тартиботи чамъияти ё мубориза бар зидди чинояткори ухдадори ё  карзи чамъиятиро адо мекунанд; (КЧТ аз 27.11.14с., №1140)

– барои рафъи хучуми гурухи ё мусаллахона аз чумла бо истифодаи моддахои оташзананда, тарканда, захролудкунанда, захролуд ё предметхое, ки барои истифода бурдан ба сифати силох мувофик карда шудаанд, ба бинохои истикоматии шахрвандон, объектхои мухим ва хифзшавандаи тахти мухофизати хатмї карордошта, бинохои макомоти давлати ва чамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият, рафъи хучум ба дастахои навбатдори низоми ва хизматии макомоти корхои дохили; (КЧТ аз 28.12.12с., №930; аз 27.11.14с., №1140).

– барои дастгир кардани шахсе, ки мукобилияти мусаллахона аз чумла бо истифодаи моддахои оташзананда, тарканда, захролудкунанда, захролуд ё предметхое, ки барои истифода бурдан ба сифати силох мувофик карда шудаанд, нишон медихад, ё хангоми содир намудани чинояти  вазнин ва  махсусан вазнин  ба даст афтодааст, ё чинояткоре, ки аз махбас фирор намудааст ва инчунин шахси мусаллахе, ки аз ичрои талаботи конун оид ба супурдани силохи оташфишон саркаши мекунад; (КЧТ аз 27.11.14с., №1140)

-ба мукобили шахсоне, ки бо рохи зуровари силохи оташфишони корманди милитсияро ба даст дароварданианд.

Пеш аз истифодаи силохи оташфишон, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур дар бораи нияти истифодаи он бояд каблан огохи дода шавад.

Хангоми хучуми ногахони ё мусаллахона, аз чумла бо истифодаи моддахои оташзананда, тарканда, захролудкунанда, захролуд ё предметхое, ки барои истифода бурдан ба сифати силох мувофик карда шудаанд, хучум бо истифодаи техникаи харби, воситахои наклиёт, дастгоххои  парвозкунанда, киштихои дарёгард, хангоми бо силохи оташфишон ё бо истифода аз воситахои  наклиёт аз махбас фирор намудан, хангоми харакати воситахои наклиёт аз онхо фирор намудани махбусон ва инчунин барои озод кардани гаравгонхо корманди милитсия метавонад бе огохи аз  силохи оташфишон истифода барад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1140)

Истифодаи силохи оташфишон нисбати занхо, шахсони аломатхои маъюбиашон аён ва ноболигон манъ аст, гайр аз холатхое, ки аз чониби онхо содир намудани хучум, нишон додани мукобилати мусаллахона, содир намудани хучуми гурухи ва ё мусаллахонае, ки  ба хаёти одамон тахдид мекунад, инчунин хангоми  чамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонад шахсони бегунох зарар бинанд.

Корманди милитсия дар холатхои зерин низ хукук дорад аз силохи оташфишон истифода барад:

-барои боздоштани воситахои наклиёт бо рохи аз кор баровардани онхо, агар ронанда ба талаботи конунии кормандони  милитсия итоат накарда,  хаёт ва саломатии шахрвандонро тахти хатари вокеи гузорад;

-барои безарар гардонидани хайвоне, ки ба хаёт ва саломатии шахрвандон тахдид мекунад;

-барои додани бонги хатар ва даъват ба ёри.

Дар хамаи холатхои истифодаи силохи оташфишон корманди милитсия барои таъмини амнияти шахрвандони гирду атроф, расонидани ёрии таъчилии тибби ба зарардидагон ва инчунин хабардор сохтани хешовандон ва намояндагони конунии онхо вазифадор аст тамоми тадбирхои заруриро андешад.

Корманди милитсия аз хар холати истифодаи силохи оташфишон дар  тули 24 соат аз лахзаи истифодааш бояд ба сардори макомоти милитсия  аз руи махалли хизмати худ ё аз руи махалли истифодаи  силохи оташфишон гузориш дихад ва дар холати халок ё ярадор шудани шахрвандон фавран прокурорро огох намояд.

Меъёрхо, тартиби ба категорияхо чудо намудан ва Фехристи объектхои мухим ва хифзшаванда, ки тахти мухофизати хатмии макомоти корхои дохилї карор мегирад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон. (КЧТ аз 28.12.12с., №930)

 

Моддаи 16. Кафолатхои амнияти шахсии корманди мусаллахи милитсия

 

Агар корманди милитсия чунин шуморад, ки дар вазъияти ба амаломада барои  истифодаи силохи оташфишон асосхои мутобики моддаи 15 Конуни мазкур пешбинигардида ба миён омада метавонанд, хукуки аз гилоф гирифта омода намудани онро дорад.

Кушишхои шахеи аз чониби корманди милитсия дастгиршаванда руирост бо силохи оташфишон ё сард ё предмете, ки бо ёрии он зарари чисмони расонидан мумкин аст, барои ба у наздик шудан ва зимнан кутох намудани масофаи аз чониби корманди милитсия мукарраркардашуда, инчунин кушиши силохи корманди милитсияро ба даст овардан ё содир намудани амалхои ногахонй ва ё дигар харакатхои хавфнок ё бе ичозати корманди милитсия гирифтани ягон предмет аз либоси худ, ки чунин харакатхо мумкин аст аз чониби корманди милитсия чун тахдиди зуровари фахмида шаванд, ба корманди милитсия хукук медиханд, ки мувофики сархати дуюми кисми дуюми моддаи 15 Конуни мазкур силохро истифода барад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№725)

 

БОБИ 5.

ХИЗМАТ ДАР МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 17. Корманди милитсия

 

Корманди милитсия  дар Чумхурии Точикистон шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, ки дар мансаби хайати катори ё рохбарикунанда фаъолият карда, ба у мутобики тартиботи мукарраршуда рутбаи корманди катори ва ё рохбарикунанда дода шудааст.

Хангоми ба охир расидани мухлати хизмат дар  милитсия  рутбахои махсуси мавчуда баробар бо дигар рутбахои махсуси макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии Чумхурии Точикистон эътироф карда мешаванд. Рутбахои махсуси хайати фармондихии милитсия якумра мебошанд, ки дар вакти ба охир расидани хизмат ба рутбахои махсуси мавчуда  ибораи «дар истеъфо» илова карда мешавад.

Рутбахои махсуси кормандони милитсия аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар  карда мешаванд.

Тартиби додани рутбахои махсуси кормандони милитсия дар Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, мукаррар карда мешавад.

Кормандони милитсия либоси ягонаи расми доранд, ки он ройгон дода мешавад.  Намунахои он аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Ба кормандони милитсия шаходатномахои хизмати, ки намунаашон аз чониби Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст ва нишонахои махсус (жетонхо) бо  раками шахси  дода мешаванд.

 

Моддаи 18. Вазифахои хизмати ва хукукхои корманди милитсия

 

Корманди милитсия вазифа ва хукукхои милитсияро, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, дар доираи салохияти худ мувофики вазифаи ишголкардааш ичро намуда, истифода мебарад.

Хар як корманди милитсия дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон, сарфи назар аз вазифаи  ишголкардааш ухдадор аст:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

-ба шахсоне, ки дар натичаи чиноят, хукуквайронкунии маъмури ва ходисаи нохуш зарар дидаанд, инчунин ба онхое, ки дар холати нотавони ё дар холатхои барои хаёташон хатарнок мебошанд, ёри расонад;

-хангоми аз вокеахои ба амнияти шахси ва чамъияти тахдидкунанда ба у арз намудани шахрванд ё хангоми бевосита ошкор намудани чунин вокеахо, барои начот додани одамон, пешгирии хукуквайронкунихо, дастгир кардани шахсони онхоро содирнамуда, мухофизати чои ходиса тадбирхо андешад ва дар ин хусус ба наздиктарин шуъбаи милитсия хабар дихад.

 

Моддаи 19. Хизмат дар милитсия

 

Ба хизмати милитсия танхо шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки  синнашон   аз 20 кам ва аз 35 зиёд намебошад, сарфи назар аз чои истикомат, чинс, миллат,  нажод, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, ки аз руи сифатхои шахси, ахлоки, кордони, тахсилот, донистани забони давлатй, тайёрии чисмони ва вазъи саломати аз ухдаи ичрои вазифахои ба зиммаи милитсия вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати харби аз руи даъват  (ба истиснои курсантхои муассисахои таълимии миёна ва олии Вазорати корхои дохили) дар асоси ихтиёри кабул карда мешаванд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№725; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Хангоми кабул ба хизмат дар милитсия шахс хатман аз кайди давлатии дактилоскопи гузаронида мешавад.

Ба хизмати милитсия шахрвандоне, ки доги суди  доштанд ё доранд (сарфи назар аз мухлати адои чазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи чазо, кабул ва татбики санади авф, ба истиснои онхое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегунох дониста шудаанд), кабул карда намешаванд.

Ишгол кардани чойхои холи дар милитсия мустасно дар асоси озмун бо рохи бастани карордодхои инфироди, инчунин хангоми кабул шудан ба хизмат дар милитсия бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Барои онхое, ки ба хизмати милитсия   кабул мегарданд, мухлати санчиш аз 3 то 6 мох мукаррар карда мешавад.

Хангоми  кабул  шудан ба хизмат корманди милитсия савганд ёд мекунад, ки матни онро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик  намудааст. Дар баробари ин, корманди милитсия мутобики моддаи 8 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ухдадории хатти  кабул мекунад.

Ухдадорони харбие, ки ба хизмати милитсия кабул гардидаанд, аз чумла шунавандагон ва курсантхои муассисахои таълимии махсуси системаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон аз кайди харби бо тартиби мукарраршуда бароварда, дар кайди махсуси Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон гузошта мешаванд.

Корманди милитсия метавонад ба макомоти хокимияти давлати ва идора, инчунин вазорату идорахо ё корхона, муассиса ва ташкилотхои тобеи онхо (дар асоси амри Президенти Чумхурии Точикистон ё карори Хукумати Чумхурии Точикистон) барои ичрои вазифахои махсус равон карда шавад. Дар ин хол вай дар  ихтиёри Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон  мемонад. Шахси мазкур аз тамоми хукуку имтиёзхо ва кафолатхои ичтимоии ба кормандони милитсия пешбинишуда истифода мебарад.

Корманди милитсия дар сурати интихоб шуданаш ба макоми олии конунгузори то ба итмом расидани мухлати ваколаташ дар хайати эхтиётии раёсати кадрхои Вазорати корхои дохили мемонад.

Муносибатхои мехнатии кормандони милитсия мувофики конунгузори дар бораи мехнат ба танзим дароварда мешавад, ба истиснои холатхои дар Конуни мазкур пешбинишуда.

Корманди милитсия бо асосхои зерин аз хизмат озод карда мешавад:

а) бо хохиши худ;

б) бинобар расидан ба синну соли нихои, ки онро Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон   мухлати хизматро мукаррар кардааст;

в) баъди  ба охир расидани мухлати хизмат, ки хукуки ба нафака баромаданро медихад (бо ташаббуси корманди милитсия ва ё ризоияти у);

г) бо сабаби ба охир расидани мухлати хизмат мувофики карордод;

д) бинобар риоя накардани шартхои карордод;

е) бо сабаби ихтисори хайати кормандон;

ж) бо сабаби бемори – дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби оид ба корношоямии у ба хизмат дар макомоти корхои дохили;

з) бинобар иллатманди дар асоси хулосаи комиссияи тиббии харби –оид ба нокифоя будани холаташ барои хизмат ва бинобар бемори ичро карда натавонистани ухдадории хизмати, вобаста ба вазифааш ва набудани имкони ба кори дигар гузаронидан;

и) аз сабаби мувофикат накардани вазифаи хизмати ба ихтисосаш аз руи натичаи аттестатсия;

к) барои дагалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизом;

л) барои содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди милитсия дог меорад;

м) дар сурати эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

н) бо сабаби вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо;

о) бинобар катъ гардидани шахрвандии Чумхурии Точикистон ё сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Номгуи зикршудаи асосхои аз хизмат озод кардани кормандони милитсия катьист.

 

Моддаи 191. Чойивазкунии (ротатсияи) хайати рохбарикунанда дар макомоти корхои дохилии

                        Чумхурии Точикистон

 

Бо максади истифодаи самараноки махорати касби, пешгири аз зухуроти кирдорхои коррупсиони ва бархурди манфиатхои шахси ва давлати дар макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон чойивазкунии (ротатсияи) хайати рохбарикунанда гузаронида мешавад.

Коидахои гузаронидани чойивазкунии (ротатсияи) хайати рохбарикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

(КЧТ аз 16.04.12с., №801)

 

Моддаи 20. Тартиб ва шартхои адои хизмат дар милитсия

 

Барои корманди милитсия давомнокии умумии вакти кори дар асоси конунгузори дар бораи мехнат ба танзим дароварда мешавад.

Хангоми зарурат корманди милитсия метавонад ба хизмати аз вакти мукарраршуда зиёд, инчунин хангоми шаб, рузхои истирохат ва ид чалб карда шавад.

Ба корманди милитсия рухсатии мехнатии пардохтшавандаи харсола ба муддати 30 рузи таквими бе хисоб намудани вакти рафтан ба чои истирохат ва бозгашт бо пардохти  арзиши рохкиро  дар худуди Чумхурии Точикистон дода мешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Ба корманди милитсия, ки дар махалхои шароити иклимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамояд, сарфи назар аз собикаи хизмати  рухсатии мехнатии асосии пардохтшавандаи харсола ба муддати 45 рузи таквими дода мешавад.

Ба корманди милитсия инчунин рухсатии мехнатии муздаш пардохтшавандаи харсолаи иловаги ба муддати зерин дода мешавад:

баъди 10 соли хизмат-5 рузи таквими;

баъди 15 соли хизмат-10 рузи таквими;

баъди 20 соли хизмат-15 рузи таквими.

Ба корманди милитсия ташкил намудани корпартоихо ва ширкат дар гузаронидани онхо, машгул шудан ба хама гуна намудхои фаъолияти сохибкори, хамзамон ду  вазифаро ичро  намудан дар корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истиснои фаъолияти илми, эчоди ва омузгори манъ аст.

Дар милитсия таъсис додани сохторхои ташкили ва фаъолияти хизбхои сиёси, дигар иттиходияхои чамъияти, ки максадхои сиёси доранд, инчунин бурдани таблиготи хамагуна идеология манъ аст.

Тартиб, мухлат ва шартхои хизмат дар милитсия бо Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 201. Хавасмандгардонии кормандони милитсия ва шахсони дигар

 

Барои комёбихор ва часорату фидокори, нишон додани корномахои дар мубориза бо чинояткори кормандони милитсия тибки Конуни Чумхурии Точикуистон «Дар бораи мукофотхои давлатии Чумхурии Точикуистон» бо мукофотхои давлати сарфароз гардониюда мешаванд.

Кормандони милитсия ва хизматчиёни харбии Кушинхои дохиди, хамчунин барои намунави, бенуксон, пурмахсул ва давомнок бо медали идоравии «Барои хизмати шоён» дарачахои 1,2,3, барои собикаи хизматии зиёда аз 25 сол бо медали идоравии «Собикадори макомотикорхои дохили», барои нишондодхои баландии хизмати ва касби бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД» сарфароз гардонида мешавад. Тавсифи медалхои идорави ва нишони сарисинаги, тартиби бо онхо мукофотонидан ва хавасмандаргониро вазири корхои дохилии Чумхурии Точикуистон муккарар  менамояд.

Кормандони дигар макомоти хифзи хукук, макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, корхо, ташкилотхо ва шахрвандон низ барои хамкори бо милитсия хангоми амали намудани мухофизати тартиботи чамъияти ва муборизаи зидди чинояткори метавонанд бо медалхои Вазорати корхои дохидии Чумхурии Точикуистон мукофонида шаванд.

Ба хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикуистон бо рохи санчиш ва баходихи ба ичрои ухдадорихои вазифави, аз руи касби дода мешавад, ки тартиби додан ива хавасмангардонииро вазири корхои дохилии Чумхурии Точикуистон мукарар менамояд.

(КЧТ аз 03.07.12с., №842)

 

Моддаи 21. Пардохти музди мехнати корманди милитсия

 

Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши мохонаи вазифави, маоши мохона барои рутбаи махсус, ки маоши мохонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиханд ва аз иловапули барои собикаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти  таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Ба корманди милитсия бар ивази  озукавори чубронпули пардохта мешавад, ки хачми он бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои хар сол мукаррар карда мешавад.

Музди  мехнати  кормандони милитсия, ки зиёда аз вакти кории  мукаррарнамудаи конун дар хизмат мебошанд, бо тартиби мукарарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

БОБИ 6.

ХИМОЯИ ХУКУКИ ВА ИЧТИМОИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 22. Химояи хукукии корманди милитсия

 

Корманди милитсия намояндаи хокимияти давлатии ичроия буда, тахти  химояи давлат карор дорад. Корманди милитсия хангоми ичрои вазифахои хизмати шахси дахлнопазир мебошад. Суикасд дар хама гуна шаклхояш ба корманди милитсия боиси фавран гирифтани пеши рохи чунин амалхо тавассути воситаю усулхое мегардад, ки Конуни мазкур ба милитсия ичозат додааст.

Итоат накардан ба талаботи конунии корманди милитсия, инчунин дигар амалхое, ки барои ичрои вазифахои ба зиммаи милитсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

 

Моддаи 23. Эхтимолияти бовари ба корманди милитсия

 

Ба нишондоди корманди милитсия, ки ба сифати чабрдида ё шохид аз руи парвандаи хукуквайронкуни пурсида мешавад, дар баробари далелхои дигаре, ки мувофики тартиби дар конун мукарраргардида гирифта шудаанд, бахо дода мешавад.

 

Моддаи 24. Норавоии дахолат ба фаъолияти корманди милитсия

 

Корманди милитсия хангоми ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда танхо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Хеч шахси дигар хукуки ба фаъолияти конунии корманди милитсия дахолат карданро надорад.

Таъсир расондан ба корманди милитсия бо максади мамониат кардан ба ичрои вазифахои хизматиаш дар кадом шакле, ки набошад, боиси  чавобгарии бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршуда мегардад.

Дар холати аз тарафи  сардор ва шахси ваколатдор гирифтани фармон ё супорише, ки ба конун мухолифат мекунад, корманди милитсия бояд мувофики талаби конун амал кунад.

 

Моддаи 25. Хукукхои корманди милитсия ба химояи суди

 

Корманди милитсия кафолати хифзи суди дорад.

 

Моддаи 26. Сугуртаи давлати ва талофии зарар дар холати халок ва ё маъюб шудани

                         корманди милитсия

 

Хамаи кормандони милитсия бояд  аз хисоби маблагхои дахлдори чузъу томхои милитсия бо сугуртаи хатмии давлатии шахси фаро гирифта шаванд. Тартиби ин тарзи сугуртакуни аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Хангоми халок гардидани корманди милитсия бинобар ичрои фаъолияти хизмати ба оилаи халокгардида ва ё шахсони тахти саробонии он буда ёрдампулии якдафъаина дар хачми 8 маоши таъминоти пулии халокгардида аз хисоби маблагхои дахлдори чузъу томхои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз  шахсони гунахкор бо чуброни ин маблаг аз лахзаи пардохт  руёнида мешавад.

Дар сурати ба корманди милитсия расонидани зарари чисмоние, ки ба фаъолияти касби машгул шудан  имконнопазир аст, ба у ёрдампулии якдафаъина дар хачми 6 маоши таъминоти пули аз хисоби маблагхои дахлдори чузъу томхои милитсия пардохта мешавад, ки минбаъд аз хисоби шахсони гунахкор руёнида мешавад.

Зараре, ки ба моликияти корманди милитсия, ахли оила ё хеши наздикаш вобаста ба фаъолияти хизматии у расонида шудааст, бо тартиби мукарраргардида дар хачми пурра ба корманди милитсия, аъзои оила ё хеши наздикаш аз чумла фоидаи аздастрафта низ  талофи карда мешавад. Дар сурати пеш аз мухлат рухсат шудани корманди милитсия аз хизмат дар макомоти корхои дохили дар натичаи бемории дар рафти адои ухдадорихои хизмати харби пайдонамуда ба у кумакпулии яквактаина ба андозаи 5 маоши таъминоти пули, ки дар рузи пардохти кумакпули мукаррар шудааст, пардохт карда мешавад. (КЧТ аз 1.08.12с.,№884)

Барои дафни корманди милитсия ва нафакахурон-собик кормандони милитсия кумаки якдафъаинаи пули дар хачми мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 27. Таъмини корманди милитсия бо манзил

 

Ба шахсоне, ки барои хизмат дар милитсия кабул шудаанду манзил надоранд, манзили истикоматии хизмати дар шакли хонаи алохида ва ё хавли аз руи меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузори, ба нозирони минтакавии милитсия дар давоми шаш мохи ба вазифа таъин шудан аз тарафи макомоти махаллии хокимияти давлати дода мешавад. Ба кормандони милитсияе, ки дар асоси шартнома вазорату идорахоро посбони мекунанд, бо манзили хизмати аз чониби вазорату идорахои дахлдор,  таъмин карда мешаванд.

Кормандони милитсия, ки дар макомоти милитсия беш аз дах сол кор кардаанд, инчунин аъзои оилаи корманди вафоткардаи милитсия бе додани манзили дигар набояд аз манзили хизмати бароварда шаванд.

Кормандони милитсия, ки ба бехтар намудани шароити манзил эхтиёч доранд, хукук доранд барои сохтмони кооперативи ва инфироди ба мухлати 20 сол карзи имтиёзнок гиранд, ки 50 фоизи он аз хисоби маблаги бучетхои  дахлдор пардохта мешавад.

Макомоту муассисахои милитсия хукук доранд, ки аз хисоби  манбаи молиявии мукаррарнамудаи конунгузори барои кормандони худ, ки ба бехтар намудани шароити манзил эхтиёч доранд, манзил харида диханд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати манзили кормандони милитсия, моликияти коммуналиро хангоми собикаи хизматии беш аз бистсола доштан, инчунин ба  аъзои оилаи онхое, ки хангоми ичрои вазифаи хизмати халок гардидаанд, ба таври ройгон медихад.

Дар сурати халок гардидани корманди милитсия хангоми ичрои фаъолияти хизмати, ба оилаи у манзил дар хамон  асосхое, ки хангоми дар навбат истодани вай мавчуд буданд ва на дертар аз як соли баъди халок шудани корманди милитсия бояд аз тарафи макомоти махалии хокимияти давлати дода шавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1446)

Барои кормандони милитсия ва аъзои оилаи онхо, аз он чумла оилаи корманди халокгардида тахфифи панчохфоизаи пардохти хонапули ва хизматрасонихои коммунали,  телефон мукаррар карда мешавад.

Ба корманди милитсия ва аъзои оилааш дар хонахои фонди давлати ва фонди дигари манзил, аз чумла онхое, ки дар хонахои хусусикардашуда зиндаги мекунанд, хонапули ва пардохти хизматрасонихои коммунали (ба истиснои маблаги истифодаи газ ва барк), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзили, панчох фоиз кам карда мешавад.

 

Моддаи 28. Бо телефон таъмин намудани кормандони милитсия ва мусоидат дар кори

                        фарогирии фарзандони онхо ба муассисахои томактаби

 

Барои кормандони вохидхои оперативии милитсия ва дигар категорияхои кормандони милитсия, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян шудааст, бенавбат телефони хонаги гузаронида мешавад. Хангоми гузаронидани телефони хонаги ба кормандони милитсия пардохти музди хизматрасони панчох фоиз кам карда мешавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №689)

Фарзандони кормандони милитсия ба муассисахои томактабии кудакона бояд дар давоми се мохи ариза доданашон кабул карда шаванд.

 

Моддаи 29. Хукукхои корманди милитсия ба чуброни истифодаи наклиёти шахси бо

                         максадхои хизмати

 

Ба корманди милитсия, ки барои максади хизмати наклиёти шахсиашро истифода мебарад, ба андозахои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чубронпули пардохта мешавад.

 

Моддаи 30. Хукуки корманди милитсия хангоми дар  сафари хизмати будан

 

Корманди милитсия, ки дар сафари хизмати мебошад, хукуки бе навбат гирифтани чиптаро ба хама гуна   наклиёт, инчунин дар мехмонхона аз руи  шаходатномаи сафари хизмати чойгир шуданро дорад.

 

Моддаи 31. Хифзи ичтимоии корманди милитсия, ки бо сабаби ба нафака баромадан аз кор

                         сабукдуш шудааст

 

Корманди милитсия, ки бинобар расидан ба синну соли мукарраргардида, ба сабаби бемори ё ки  пурра гардидани собикаи хизмати ба нафака меравад, ба имтиёзхои барои кормандони милитсия пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъминоти нафакаи хизматчиёни харби» аз чумла ба таъминоти тибби дар муассисахои табобатие, ки дар он чо ба кайд гирифта шудааст, хукук дорад.

Андозаи нафакаи корманди милитсия, ки бинобар расидан ба синни мукарраршуда, бо сабаби бемори ё фарорасии мухлати собикаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъминоти нафакаи хизматчиёни харби» хисоб карда мешавад.

Барои шахсоне, ки аз хизмати милитсия озод шудаанд, дар сурати тахдид ба хаёт, ба саломати ва амволи онхо бинобар фаъолияти пештараашон мукаррароти кисмхои сеюм, чорум ва панчуми моддаи 26 Конуни мазкур эътибор пайдо менамояд.

Хангоми ба хизмати макомоти корхои дохили кабул шудани мутахассисони мохир, ки дар макомоти  корхои дохили аз руи ихтисоси асоси корро давом додаанд, собикаи мехнатиашон барои таъмини нафака ва илова намудани маоши изофаги ба собикаи хизмати аз хисоби ду соли собикаи умумии мехнати бар як соли хизмат ба мухлати хизмат хисоб карда мешавад.

 

БОБИ 7.

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИЮ ИЧТИМОИ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МИЛИТСИЯ

 

Моддаи 32. Таъминоти молияви ва моддию техникии милитсия

 

Маблаггузори, таъминоти моддию техники ва ичтимоию маишии милитсия аз хисоби маблаги бучети чумхурияви ва махалли, инчунин аз хисоби дигар манбаъхои маблаггузории пешбинишудаи конунгузори пардохт мешавад.

 

Моддаи 33. Таъмини милитсия бо бинохои хизмати

 

Макомоти хокимияти ичроия макомот, чузъу томхо ва муассисахои милитсияро бо тартиби мукарраргардида бо бинохои хизмати ва дигар бинохо таъмин мекунанд.

Макомот, чузъу томхо ва муассисахои милитсияи наклиёти бо бинохои хизмати ва дигар бинохо аз чониби идораю макомоти дахлдори наклиёти таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Чавобгари барои риоя накардани химояи кафолатхои хукуки ва ичтимоии

                          корманди милитсия

 

Дар холатхои риоя накардани химояи кафолатхои хукуки ва ичтимоии корманди милитсия, ки Конуни мазкур муайян кардааст, шахсони мансабдори гунахкор ба чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон   кашида мешаванд.

Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти давлати ва макомоти махаллии   хокимияти давлати барои кормандони милитсия метавонанд кафолатхои дигари хифзи ичтимоиро, ки Конуни мазкур пешбини  накардааст, мукаррар намоянд.

 

БОБИ 71.

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

 

Моддаи 341.Хамкории байналмилали

 

Милитсия  мувофики меъёрхо ва принсипхои хукуки байналмилали дар масъалахои мубориза ба мукобили чинояткори бо давлатхои хоричи ва макомоти салохиятдори онхо, инчунин бо ташкилотхои байналмилалие, ки бо чинояткори мубориза  мебаранд, хамкори мекунад.

Милитсия хамкории худро бо макомоти дигар давлатхои хоричи тавассути намояндагии макомоти корхои дохили дар хорича, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон тибки шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон таъсис дода мешаванд, амали менамояд. (КЧТ аз 3.12.09с., №568).

 

БОБИ 8.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 35. Назорати конуният дар фаъолияти милитсия

 

Назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо дар фаъолияти милитсия аз тарафи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он сурат мегирад.

Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба макомоти милитсия дар асоси пинхони ёри расонидаанд  ё ёри мерасонанд, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситахои амали гардонидани фаъолияти оперативи – чустучуии макомоти милитсия ба предмети назорати прокурори дохил намешавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №689)

 

Моддаи 36. Масъулияти корманди милитсия

 

Корманди милитсия барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон, суиистифода аз мансаб, баромадан аз хадди ваколатхои хизмати, ичро накардан ё ичрои номатлуби вазифахои ба зиммааш гузошташуда мутобики тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии интизоми, модди, маъмури ва чинояти кашида мешавад.

Хангоми аз чониби корманди милитсия поймол кардани хукуку манфиатхои шахрвандон, корхонаю муассиса ва ташкилотхо, расонидани зарар макоми дахлдори милитсия вазифадор аст барои баркарор намудани ин хукукхо чора бинад ва бо талаби шахрванд ба таври расми узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибки конунгузории граждани  чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 37. Аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милиса»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 2 майи соли 1992 «Дар бораи милиса»   (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1992, № 12, м. 208; с. 1993 № 9-10, м. 139; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 23-24, м. 333;  с. 1998, № 10 м. 129; с. 2001, № 4, м. 164; с. 2002, № 4, к. 1, м. 233; с. 2003, № 4, м. 145; № 12, мод. 688) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004,

№ 41

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …