Главная / Илм / МИКСЕДЕМАИ ПуСТ

МИКСЕДЕМАИ ПуСТ

miksedemai-pustМИКСЕДЕМАИ ПуСТ мухотварам, беморие, ки дар натичаи аз кор баромадан ё нихоят кам кор кардани гадуди сипаршакл пайдо мешавад.
М. нисбатан кам дучор омада, ба он бештар кудакон, солхурдагон ва занон (дар давраи климакс) дучор меоянд. Дар махалхое, ки чогар пахн гардидаасту барои пешгирии он чорае надидаанд, одамон ба М. бештар гирифтор мешаванд. Сабабхои М. гуногунанд. Дар инкишофи М. набудан ва ё нихоят кам будани гормони гадуди сипаршакл роли асоси мебозад.
Аломатхои М. ба синну соли бемор вобастаанд. Агар М. дар кудакони хурдсол зохир гардад, онхо аз инкишоф мемонанд, кад намекашанд, дер дандон мебароранд, аъзои чинсии онхо суст инкишоф меёбад; бачагон факат дар 4 – 5-солаги рохравиро меомузанд, дер забон мебароранд, шикам калон, бини зиншакл, кори дил суст ва харорати бадан паст мешавад. Бемор хайрону хомуш, бехол ва заиф мегардад. Дар организм мубодилаи сафеда, карбогидратхо, чарб ва обу намак ихтилол меёбад, бофтахо (махсусан пуст) обталаб шуда, ба худ обро бисёр мекашанд (дар натича обварам ба вучуд меоянд), гизогирии муйхо бад шуда, онхо мерезанд, пустпарда (эпидермис) шух баста, брадикардия, гипотония, заъфи рудахо ба вучуд меоянд.
Бемори тадричан инкишоф меёбад. Мариз аз бемадорию бехоли, хастаги, паст шудани кобилияти кори, сустии кувваи хофиза, хоболуди ва бехавсалаги шикоят мекунад; харакатхояш сусту кохилона, гуфтораш якоханг, овозаш паст мешавад.
Чехраи бемор тадричан намуди хоса мегирад; рую пилкхо варамида, роги чашм танг, ранги руй зардча мегардад. Варам ба гардан ва болои чанбари китф пахн мешавад, аз ин ру, калла мисли ба китфхо фурурафта менамояд. Хангоми пахш кардани варам, чои ангуштзада чукур намешавад. Пусти дасту пойхо хунук аст; баъзе чойхои пуст шух мебандад ва сабусак мекунад. Муйхои бадан бисёр нозук шуда мерезанд, муи сар хушк ва зудшикан, нохунхо нозук, тунук мегарданд, бемор фарбех мешавад. Набзи бемор суст, фишори хун паст буда, тапиши дил бо душвори ба мушохида мерасад. Кабзият ва варами шикам аз ихтилоли узвхои хозима гувохи медихад. Фаъолияти рухии бемор суст, гуш вазнин, микдори лейкоситхои хун кам мегардад.
Истеъмоли дорухое, ки аз гадуди сипаршакл тайёр кардаанд (асосан тиреодин), хурокхои сергизою хушсифат, пархези таомхое, ки дар таркибашон холестерин бисёр аст, ба бемор шифо мебахшад. Мунтазам ба чо овардани тадбирхои зидди чогар М.-ро пешгири мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …