Главная / Илм / МИКРОСПОРИЯ

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiyaМИКРОСПОРИЯ (Microsporia), яке аз беморихои маъмули сироятии занбуругии пуст. Занбуругхои нихоят хурд, ки ангезандаи М. мебошанд, нафакат ба пуст, балки ба муй, баъзан ба нохун низ осеб мерасонанд. Аломатхои М. аксар вакт ба аломатхои трихофития монанд буда, пештар хардуи онхоро «шукуфаи муйчин» меномиданд. Ду навъи занбуругхо – ангезандахои М. мавчуданд. Яке аз онхо факат дар организми одам маскун аст; он бемории нихоят сироятнок буда, асосан кудакон гирифтор мешаванд. Сироят дар оила ё муассисахои бачагона тавассути ашёе, ки мариз истифода бурдааст, ба вукуъ мепайвандад. Навъи дигари занбуругхо дар пусту муи гурбаю сагхо паразити мекунанд; шахс бештар дар вакти бо хайвони касал робита доштан ё аз ашёе, ки бо муи онхо олуда шудаанд, сироят меёбад; баъзан худи шахси бемор манбаи сироят шуда метавонад.
Дар пусти руй, гардан, бозу, тан ва пойхо догхои сурхи газакгирифта ва баъд догхои гирда ё байзашакли шахшул пайдо мешаванд. Хангоми аз гурба ё саг ба одами солим гузаштани занбуруги бемориангез дар кисми муйдори сар аввал як доги гирдаю шахшул пайдо мешавад; дертар хамин барин боз чанд догхо ба вучуд меоянд. Мавриди сироят аз занбуруге, ки факат ба одам осеб мерасонад, манбаъхои М. дар сар хусусияти дигар доранд (онхо дархол паи хам пайдо мешаванд, бо хамдигар пайваст мегарданд, хамаи муйхои зарардида мурт намешаванд ва онхоро дар байни муйхои солим фарк кардан душвор аст).
М.-ро духтури беморихои пуст бо рохи тадкики муй дар зери лампаи люминессенти ташхис мекунад. М. дар беморхона ё амбулатория муолича карда мешавад. Худмуолича мумкин нест, зеро он барои аник намудани бемори халал мерасонад.
Муассисахои назорати санитарию ветеринари ба максади пешгири намудани М. бар зидди гурбаю сагхои бесохиб мубориза мебаранд. Калонсолон бояд рох надиханд, ки кудакон хайвонхои бесохибро ба даст гиранд ё бе муоинаи духтури хайвонот онхоро ба хона оранд. Бояд дар хотир дошт, ки М.-и гурбахо ноаён аст, аз ин ру хайвоноти хонаги (алалхусус агар муи онхо резад ё бо хам часпад) – ро ба байтор нишон додан зарур аст. Хайвони касалро хеч гох аз хона берун кардан мумкин нест (онро ба табобатгохи ветеринари бурдан лозим). М. дар байни кудакон моххои май – октябр авч мегирад, чунки дар ин давра гурбахо насл меоранд ва дар таххонахо чой мегиранд. Ба мукобили М. духтурони пуст, духтурони стансияхои санитарию эпидемиологи ва духтурони хайвонот якчоя мубориза мебаранд.
Пешгирии М. – е, ки факат аз одами бемор мегузарад, ба пешгириии трихофития монанд аст: дезинфексияи хона ва анчоми бемор; бистаригардонии бемор дар касалхонахои махсус; муоинаи ахли оилаи бемор ва г.
Ниг. низ. Занбуругхои микроскопи, Беморихои занбуругии пуст.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

М. С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …