Главная / Гуногун / МИКРОПРОТСЕССОР

МИКРОПРОТСЕССОР

Микропротсессор элементи аз хама мухимтарин ва марказии компютер ба шумор меравад. Онро баъзан «майнаи» компютер хам мегуянд. Микропротсессор схемаи электронии начандон калон (хамаги як-чанд сантиметр) буда, ба воситаи он хамаи кисмхои компютер идора, амалхои арифметикию мантики ичро ва информатсия кор карда баромада мешаванд. Микропротсессор метавонад садхо намуд амалиётро, аз кабили чамъу тархкуни, зарбу таксимкуни, мукоисакуни, дохилкуни, хоричкуни ва гайрахо бо суръати нихоят тез даххо ва хатто садхо миллион амал дар як сония, ичро намояд.

mpu_nvidiaКомпютерхои хозиразамон аз компютерхое, ки дар асоси принсипи фон Нейман кор мекарданд, бо он фарк мекунанд, ки дар онхо кисмхои идоракуни ва арифметикимантики дар як чо муттахид карда шуда протсессори маркази ном гирифтааст. Дигархелтар карда гуем, протсессори маркази якбора функсияхои ду кисми мустакили компютерхои пешинаро ичро менамояд.

Дар компютерхои IBM PC асосан микропротсессорхои фирмаи Intel ва баъзан фирмахои AMD, Cyrix, IBM ва гайрахо истифода бурда мешаванд. Микропротсессорхои Intel-8088, 80286, 80386 SX, 80386 DX, 80486 SX, 80486 SX2, 80486 DX, 80486 DX2, 80486 DX4, Pentium, Pentium Pro, Pentium 2, Pentium 3 ва гайрахо моделхои машхуртарини

микропротсессорхои Intel ба шумор мераванд. Онхо дар руйхат аз руи зиёдшавии иктидори махсулноки ва нархашон оварда шудаанд. Фарки махсулнокии ин микропротсессорхо бенихоят калон аст. Масалан, иктидори махсулнокии микропротсессори Intel Pentium Pro аз микропротсессори Intel 8088 хазорхо маротиба зиёдтар аст. Бинобар хамин хам, компютерхои дар асоси микропротсессорхои Pentium 3 ва Pentium 4 ва аз ин зиёд коркунанда имруз компютерхои пуриктидортарин ба хисоб

мераванд.

Моделхои якхелаи микропротсессорхо метавонанд аз хамдигар бо зудии зарбаашон фарк кунанд:

Зудии зарбаи микропротсессор гуфта, суръати аз тарафи онхо ичрокунии амалхоро мегуянд.

Зудии зарба бо мегагерсхо (1Мгс = 106 герс) чен карда мешавад. Хар кадаре, ки зудии зарбаи микропротсессор зиёдтар бошад, хамон кадар вай сермахсултар хисоб карда мешавад. Масалан, микропротсессорхои модели Pentium бо зудихои зарбаи аз 75 Мгс то 200 Мгс истехсол карда мешуданд, ки фарки сермахсулии микропротсессори 75 Мгс аз 200 Мгс такрибан дуним маротиба камтар аст. Одатан, дар хуччатхо зудии зарбаи микропротсессорро бевосита пас аз номи онхо меоранд (масалан, Pentium/200).

Агар моделхои микропротсессорхо гуногун, вале зудии зарбаашон якхела бошад, он гох он микропротсессор пуриктидортар хисоб карда мешавад, ки моделаш навтар бошад. Моделхои гуногуни микропротсессорхо як намуд командаро (масалан, чамъкуни ё таксимкуни) бо микдори гуногуни зарбахо ичро менамоянд. Барои хамин хам, чи кадаре модели микропротсессор навтар бошад, барои ичрои як намуд амал аз он хамон кадар микдори камтари зарбахо

талаб карда мешавад. Масалан, Intel Pentium/133 аз Intel 80486/133 ва Intel80486/133 аз Intel-80386DX/133 такрибан ду маротибаги тезтар кор мекунанд. Моделхои хозиразамони микропротсессорхо, аз Intel-80486 DX сар карда, кобилияти беандоза хуби хисоббарори доранд. Вале моделхои аз Intel-80486 DX поёнтар барои хисоббарорихои баъзе синфи масъалахои математики ва мухандиси, махсусан кор бо ададхои хакики, иктидорашон ками мекунад. Барои ичрои махз чунин амалиёт, ба компютерхо дар катори микропротсессорхои мавчуда микропротсессорхои махсус илова карда мешуданд, ки онхоро сопросессорхои математики меномиданд. Масалан, микропротсессорхои Intel-8087, 80287, 80387 ва 80487SX аз кабили чунин сопротсессорхо ба шумор мераванд.

Саволхо:

  1. Чаро микропротсессорро «майнаи сари» компютер меноманд?
  2. Компютерхои хозиразамон аз компютерхои дар асоси принсипи фон Нейман коркунанда бо чи фарк мекунанд?
  3. Дар компютерхои IBM PC микропротсессорхои кадом фирмахо истифода бурда мешаванд?
  4. Зудии зарбаи микропротсессор гуфта чиро мефахмед?
  5. Сопротсессор чист?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Доир ба микропротсессорхо дар хачми дусе сахифа фикратонро дар дафтар баён намоед.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …