Главная / Илм / МИКРОИКЛИМ

МИКРОИКЛИМ

mikroklimatМИКРОИКЛИМ, иклими китъахои хурди руи замин (М. – и воха дар биёбон, чойхои холии беша, дара, сой ва г.), ки бо шароити обу хавои хоси худ аз минтакаи иклимии мавчуда фарк мекунад. Шароити иклими сунъиеро, ки дар гармхонахо, обанборхои сунъи, бинохо, инчунин дар наклиёт, киштихои кайхони ва стансияхои мадори ба вучуд оварда мешавад, низ М. меноманд. М. мачмуи омилхои табии (харорат, нами, гардиши хаво, фишори атмосфера, рушнои)-ест, ки ба организми одам, кобилияти мехнати, саломати ва кайфияти у таъсир мерасонад.
М. кисман ба релефи махал низ вобаста аст. Нишебии махалхои самти чануб ва чануби гарби назар ба нишебии тарафи шимол офтобруя ва гармтаранд. Харорати мавзеъхои баланд ва нишеб аз якдигар фарки кулли дорад. Одатан, дар пастихо хаво хунуктару сернам буда, М.- и ин гуна махалхо ба саломати чандон мусоид нест. Релефи махал ба кувва ва самти шамол таъсир расонда, гардиши хаворо муайян мекунад. Сифати хок низ ба М. таъсири муайян мерасонад. Замини санглох сахт тафсида, ба хаво гармии зиёд медихад; регхок ва хавои болои он бошад, рузона сахт тафсида шабона зуд хунук мешавад; сиёххок нисбат ба сафедхок энергияи офтобро бештар фуру мебарад, бинобар ин зиёдтар метасфад. Наботот ва обанборхои кушода хароратро дар рузхои гарми тобистон муътадил мекунанд. Дар халли масъалахои бисёре, ки ба интихоби чойхои сохтмони манзилгоххо, махалхои ахолинишин, санаторияхо, хонахои истирохат, лагерхои пионери, иншооти спорти ва шахрсози вобастаанд, ба назар гирифтани шароити М. ва хусусиятхои махал нихоят зарур аст.
М.-и бинохои пушида ба омилхои иклими атмосфера вобаста аст. Онхо хангоми тартиб додани лоихаи бино, интихоби масолехи сохтмон, навъи сузишвори, тоза кардани хаво ва г. ба назар гирифта мешаванд. Ба вучуд овардани М.-и сунъи ба бартараф кардани иклими номусоид ва фарохам овардани шароити мусоиди мехнат ва маишати одамон равона шудааст. Барои ба вучуд овардани М. – и сунъи усулу васоити гуногунро ба кор мебаранд. Дар вакти тахияи лоиха ва сохтмони бинохо шароити иклиму релефи махал ва воситахои тоза кардани хаво ба назар гирифта мешаванд.
Оид ба М.-и бинохои истикомати ниг. Манзил.

С. Р. Миралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …