Главная / Илм / МИКРОФЛОРАИ ОДАМ

МИКРОФЛОРАИ ОДАМ

mikrofloraМИКРОФЛОРАИ ОДАМ, мачмуи микроорганизмхое, ки дар узву бофтахои одами солим вучуд дорад. Микрофлораи хар узв ва бофтаи чудогона чихатхои хос дошта, бо мурури синну сол, шароити зиндаги, тагзия ва г. тагйир меёбад. М. о. доими ва муваккати мешавад. Ба микрофлораи доимии одам микроорганизмхое мансубанд, ки онхо дар тули тахаввулоти хаёт дар пуст ва чойхои муайяни организм мутобик мешаванд. Дар пусти одам бактерияхо – стафилококк, стрептококк, инчунин занбуругхои магору хамиртуруш (ниг. Занбуругхои микроскопи) зиндаги мекунанд. Дар чавфи дахон то 100 хел микрорганизмхо, аз чумла диплококк, микрококк, стрептококк, бактерияхои чургот ва г.-ро ошкор кардаанд. Кисмхои гуногуни рохи меъдаю руда аз хамдигар бо микдор ва хели микроорганизмхои дар онхо маскун фарк мекунанд. Одатан, дар меъдаи одам микроорганизмхо нестанд, зеро шираи меъда хусусияти зиддимикроби дорад. Дар рудаи дувоздахангушта ва рудаи борик низ микроорганизмхо нисбатан кам мебошанд. Вале онхо дар рудаи гафс аз хама бештаранд. Дар 1 г пасафканд то 250 млрд, дар тамоми рудахо бошад, кариб 1015 микроорганизм мавчуд аст.
Микроорганизмхое, ки ба чисми одам аз хаво, озука ва об ворид гашта, зуд рахо меёбанд, микрофлораи муваккати махсуб мешаванд.
Аз руи мушохида дар организми хайвоне, ки дар шароити тамйизи (гнотобионтхо) калон шудааст (яъне организми вай аз бактерияхо пурра эмин ёфта, аз микрофлораи муътадил махрум мондааст), ихтилоли баъзе равандхои хаётан мухим, аз чумла инкишоф наёфтани бофтаи лимфоиди, тагийр ёфтани мубодилаи об, кам шудани микдори подтанхо дар зардоби хун ва г. ба амал меояд.
Таркиби М. о. аз беморихои гуногун, инчунин дар асни нодуруст истифода бурдани антибиотикхо зуд тагйир меёбад. Дар натича дисбактериоз рух медихад, ки зимни он моддахои гизоиро аз худ кардани организм халал ва реаксияхои ферментативи тагйир меёбанд, хосилшавии витаминхо якбора суст мешавад ва г. Чунин тагйироти таксимоту сохти таркибии М. о. боиси сар задани беморихои диспепсияи руда, токсикоинфексия, авчгирии пусиш, пневмония ва г. мегардад.
Хангоми дисбактериоз дар организм микробхое, ки ба як катор антибиотикхо устуворанд, зиёд мешаванд. Пешгирии ин касали то як дарача ба истифодаи дурусти антибиотикхо (факат баъди таъиноти духтур) вобаста аст. Дар сурати муоличаи нодуруст дар организм микробхое, ки микрофлораи муътадилро ташкил медиханд, махв мешаванд. Дар натича устувории организм ба микроорганизмхои касалиовар суст мегардад. Ва хамзамон бо ин микробхое, ки дар организм мувофики меъёр вучуд доштанд, нихоят афзоиш меёбанд. Махсули фаъолияти хаётии ин микробхо метавонад боиси захролудии организм ё аллергия гардад. Бо максади муътадил гардондани микрофлораи руда, ки бинобар дисбактериоз халалдор мешавад, духтур дорухои бактериядор таъин мекунад.

Ш. А. Тошева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …