Главная / Илм / МИКРОЭЛЕМЕНТХО

МИКРОЭЛЕМЕНТХО

mikroelementhoМИКРОЭЛЕМЕНТХО, элементхои химиявие, ки дар организм ба микдори кам ба андозаи 10–2 – 10–12 вучуд доранд. Истилохи «М.»-ро инчунин барои ифодаи баъзе элементхои химиявие, ки дар хок, чинсхои кухи, минералхо ва об хастанд, истифода мебаранд. Дар организмхои зинда зиёда аз 60 М. ба таркиби пайвастхои фаъоли биологи (ферментхо, витаминхо, гормонхо ва пигментхои нафаскаши) дохил мешаванд. Таъсири М. дар ин пайвастхо хангоми тагйирёбии фаъолияти равандхои мубодилаи модда, инкишоф, афзоиш, хосилшавии хун ва г. зохир мегарданд. М.-ро аз руи ахамияти барои фаъолияти хаётии организм доштаашон ба М.-и зарури (Co, Fe, Cu, Zn, Mn, I, F, Br) ва начандон мухим (Al, Sr, Mo, Se, Ni) чудо мекунанд; роли Bi, Ag ва баъзе М.-и дигар, ки дар бофтахо хастанд, муайян нашудааст. Норасои ё зиёдии М. дар растани ва организми хайвонот ба микдори дар хок будаи онхо вобаста аст.
М. дар организм нобаробар пахн шудаанд. Дар ягон узв барзиёд чамъ шудани онхо ба макоми физиологии элементхо ва фаъолияти хоси хамон узв вобаста аст. Микдори М. дар узву бофтахо вобаста ба чои истикомат, меъёри доимии хурок ва сабабхои дигар тагйир меёбад.
М. дар тиб нисбатан кам истифода мешаванд. Вале дорухои Co, Fe, Cu барои муоличаи баъзе намудхои анемия, Br, I чун модаи фармакологи, баъзе М. дар гигиена (мас., барои пешгирии чогари эндеми) ва г. харчониба истифода мешаванд. М. ба организми одам асосан тавассути махсулоти хуроки рох меёбанд.
Олимони Точикистон мукаррар намудаанд, ки ба беморихои гипертони, ишемияи дил ва атеросклероз нисбат ба сокинони махалхои дигар камтар гирифтор шудани сокинони Помир ба микдори М.-и дар организми онхо буда вобаста аст. Мас., консентратсияи Fe, Ca, Ti дар хуни сокинони Душанбе нисбат ба консентратсияи ин М. дар хуни сокинони Хоруг бештар аст. Баръакс консентратсияи Zn, V. Ag дар хуни сокинони махалхои кухи афзунтар мебошад. Ба дарачаи муайян мувофикат кардани микдори М.-и дар хуни одам ва унсурхои хоки биосфераи Точикистон бударо маълумотхо тасдик мекунанд.
Тавсифи асосии физиологи ва гигиении микроэлементхои мухимтарин
Микроэлементхо Микдори микроэлементхои чашмахо, мг/л Манбаъхои асосии ба организм дохилшавии микроэлементхо Микдори микроэлементхо дар хуроки якшаборузи, мг Талаботи якшаборузи ба микроэлементхо, мг Бофта ва узвхое, ки дар онхо микроэлементхо чамъ мешаванд Роли биологи ва таъсири физиологии микроэлементхо
Al 0 – 0,1 нон 20 – 100 2 – 50 чигар, магзи сар, устухон Ба инкишоф ва регенератсияи бофтахои эпители, пайвасткунанда ва устухони кумак мерасонад; ба фаъолияти гадуди хозима ва ферментхо таъсир мекунад
Br 0 – 0,25 нон, шир 0,4 – 1,0 0,5 – 2,0 магзи сар, гадуди сипаршакл Фаъолияти системаи марказии асабро танзим мекунад; ба фаъолияти гадудхои таносул, сипаршакл ва фаъолияти ширахои хозима таъсир мерасонад
Fe 0,01 – 1,0 нон, гушт, мева 15 – 40 10 – 30 эритроситхо, чигар, сипурз Дар хунхосилкуни, нафаскаши, реаксияхои иммунобиологи ва оксиду баркароршави иштирок мекунад; норасоии он боиси анемия мегардад
I 0 – 0,3 шир, сабзавот 0,04 – 0,2 1,1 – 1,3 гадуди сипаршакл Барои фаъолияти гадуди сипаршакл зарур аст; хангоми норасои чогари эндеми ба вучуд меояд; дарачаи холестерин, β-липопротеин ва бастани хунро паст мекунад; таъсири зидди микроби дорад
Co 0,01 – 0,1 шир, нон, сабзавот 0,01 – 0,01 0,02 – 0,2 хун, сипурз, устухон, тухмдон, чигар, гипофиз Хунофариро метезонад, дар синтези сафедахо ва танзими мубодилаи ангиштобхо иштирок мекунад; таъсири липотропи дорад
Mn 0 – 0,5 нон 4 – 36 2 – 10 устухон, чигар, гипофиз Хунофариро метезонад; ба мубодилаи сафеда, ангиштоб, чарбу таъсир мерасонад; барзиёд хосил шудани холестеринро дар девораи рагхо боз медорад, рагхои хунро васеъ, фишори артерияро паст, хосияти иммунобиологи ва мухофизии организмро зиёд мекунад
Cu 0 – 0,1 нон, картошка, мева 1 – 10 1 – 4 чигар, устухон Ба нуму ва инкишоф кумак мерасонад; дар хунхосилкуни, нафасгири ва реаксияхои иммунитети иштирок мекунад; такшоншавии холестеринро метезонад, рагхои хунро танг ва фишори артерияро баланд мекунад
Mo 0 – 0,1 нон 0,1 – 0,6 0,1 – 0,5 чигар, гурда, пардаи пигменти, чашм Ба таркиби ферментхо дохил мешавад; инкишофи парранда ва хайвонотро метезонад; барзиёдии он бемории молибденози хайвонро ба вучуд меорад
F 0 – 2,0 об, сабзавот, шир 0,4 – 1,8 2 – 3 устухон, дандон Устувории дандонхоро бар зидди кариеси дандон зиёд мекунад; хунофари ва иммунитетро метезонад; дар инкишофи скелет иштирок мекунад; барзиёдии он флюорозро ба вучуд меорад
Zn 0 – 0,1 нон, гушт, сабзавот 6 – 30 5 – 20 чигар, простата, шабакияи чашм Дар протсессхои хунофари ва фаъолияти тарашшухии гадудхои дохилиусорави иштирок мекунад, дарачаи холестерини хунро паст мекунад; инкишофи атеросклерозро боз медорад; хангоми норасои инкишофи хайвонот суст ва махсули он паст мешавад

Ч. С. Лангариева.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …