Главная / Илм / МИКРОБИОЛОГИЯ

МИКРОБИОЛОГИЯ

mikrobiologiyaМИКРОБИОЛОГИЯ, илмест доир ба мавчудоти хурде, ки онхоро бо чашм натавон дид. М. сохти микробхо, таркиби химияви ва конунияти фаъолияти хаётии онхоро муайян намуда, тагйирпазири ва ирсияту робитаи мутакобилаи микрбхоро бо диг. организмхо, аз чумла бо одам ва хайвонот, инчунин мавкеи онхоро дар ташаккули биосфера меомузад. Дар рафти инкишоф М. бо шохахои зерин чудо шуд: умуми, кишоварзи, ветеринари, тибби ва саноати.
М.-и умуми конунияти фаъолияти хаётии микробхоро хамчун организм ва мавкеи онхоро дар нигахдории хаёти руи замин, аз чумла дар гардиши карбон, нитроген, энергия меомузад. М.-и кишоварзи фаъолияти микробхоро дар ташаккули хок, гизои растани, консервонии хуроки чорво (силос), инчунин таъсири онхоро дар инкишофи касалихои растани муайян менамояд. Вазифаи М-и техники ё саноати омузиши чараёни химиявие мебошад, ки зери таъсири микробхо пайдо шуда, ба хосил гаштани атсетон, спирт, кислотахои оганики ва г. мусоидат мекунад. Солхои охир дар сохаи М.-и техники истехсоли витаминхо, аминокислотахо ва антибиотикхо хеле пеш рафтааст. Ба М.-и тибби бактериология дохил мешавад, ки он ангезандаи беморихои сироятиро меомузад. Микология, протозоология, вирусология низ ба М-и тибби мансубанд. Микология занбуругхои бемориангез, протозоология организмхои якхучайраи касалиовар ва вирусология вирусхои беморизоро меомузад.
Бори аввал маълумоти сахех оид ба микробхо, дар нимаи дуюми а.17 аз тарафи олими голанди А. Левенгук ба даст оварда шудааст. у бо микроскопи оддие, ки ашёро 250 – 300 маротиба калон нишон медихад, дар об, чирки дандон ва киёмхо «мавчудоти зинда»-еро мушохида намуд. Аммо М. чун илм аз нимаи дуюми а. 19 баъд аз тадкикоти олими франсави Л. Пастер, олими немис Р. Кох ва олимони рус И. И. Мечников, С. Н. Виноградский ва Д. И Ивановский босуръат инкишоф ёфтааст. Дар аснои тадкикоти Л. Пастер тарз (механизм)-хои гуногуни туршшави дарёфт шуда, мавкеи микробхо дар амали гардонидани механизми туршшави муайян гашт. Тадкикоти Л. Пастер доир ба ангезандаи вабои мург, сухтани ва хори бахри пешгирии беморихои сирояти замина гузоштанд. Пажухишхои Р. Кох ба мукаррар намудани ангезандахои сухтани, сил ва вабо имкон доданд. И. И Мечников асосгузори таълимоти хозираи масунияти одам ва хайвон нисбат ба беморихои сирояти мебошад. у чараёни фагоситозро кафш намуд ва дар раванди он вазифаи лейкоситхо, хучайрахои сипурз ва магзи устухонро муайян кард. Тадкикоти С.И. Виноградский мавкеи бактерияхоро дар гардиши нитрогени табиат муайян намуд, ки бахри серхосилии зироат ахамияти калон дорад. Дар асоси дастовардтхо муяссар гашт, ки беморихои сирояти кам, баъзе касалихои бенихоят вазнин, ба монанди нагзак ва тоун нест карда шаванд.
Дар Точикистон аз с-хои 40 ин чониб дар сохаи М. тадкикот мебаранд. Дар навбати аввал лозим омад, ки таркиб ва хусусияти микрофлораи хок омухта шаванд. Сипас тадкики густариши гурухи бактерияхои азотандузи аэроби дар хокхои Точикистони Шимоли ва микроорганизмхои хокхои чумхури огоз ёфт. С.-хои 50-ум роли микроорганизмхо дар хосил кардани сода (карбонати натрий) ва шурхоки карбонати дар чануби чумхури, бо таъсири актиномисетхо тагйир ёфтани таркиби хок омухта шуданд. Баробари таъсис ёфтани Ин-ти тадкикоти илмии санитарию бактериологи дар Душанбе (1931) М.-и тиббии назарияви ва амали ташаккул ёфт. Аз тарафи бактериологхои чумхури этиологияи беморихои руда, гулузиндонак ва ахамияти шаклхои тагйирёфтаи бактерияхои исхоли хунин мавриди тадкик карор гирифтанд.
Ниг. низ Бактериология.

С. Сатторов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …