Главная / Илм / МИКОЗИ КАФИ ПОЙ

МИКОЗИ КАФИ ПОЙ

mikozi-poyМИКОЗИ КАФИ ПОЙ, як навъ бемории занбуругист. Ангезаи М. ба пуст ва нохуни пой осеб мерасонад. Манбаи сироят одами бемор буда, ангезандахои бемори ба мухити зист тавассути пулакчахои пуст, резахои нохун мегузаранд. Одам ба М. аксар вакт дар оила ва хобгох хангоми пушидани чуроб, пойафзор, либоси таг, инчунин дар натичаи истифодаи тагораи пойшуи, исфанч, кайчии нохунгири ва дигар ашёи шахси бемор гирифтор мешавад. Инчунин, агар ба коидахои бехдошти шахси ва чамъияти риоя карда нашавад, дар хаммом, душхона ва хавз низ сироят ёфтан мумкин аст. Ходисахое маълуманд, ки хангоми дезинфексия накарда кор фармудани асбобхои педикюри одамон ба М. гирифтор шудаанд. Сераракии кафи пой , рафтани пусти он, васеъ ва шахшул шудани сиёхраги пой ва г. боиси М. мегарданд.
Занбуруг бештар ба пусти байни ангуштон ва кафи пой таъсир мерасонад. Дар аввал бемори бо рафтани пусти ин ё он чои кафи пой ноаён чараён мегирад. Сипас доначахои гуногун пайдо мешаванд, ки дар аввал моеи дарунии хар кадомаш шаффоф буда, сонитар ранги он хира мегардад. Доначахо бо хам пайваста, мекафанд ва ба як захми газакгирифтаи намнок табдил меёбанд (он дард ва хориш мекунад). Пусти канорхои ангуштон сафед ва нарм гашта, кабат-кабат чудо мешавад, чинхои кафи пой кафида, дард мекунанд ва мехоранд. Сонитар ин нишонахо нест шуда, пусти пой меравад. Вале ин хануз аломати шифо нест, зеро занбуруг дар кабати шохии пуст инкишоф меёбад. Агар бемори саривакт муолича карда нашавад, он дар фасли гарми сол авч гирифта, музмин мегардад. Нохун хира гашта, дар руи он догхои зард ва раххо пайдо мешаванд; нохунхо гафс ва нарм шуда, мешикананд. Дар резахои нохун, инчунин дар пулакчахои пусти рехтаи кафи пой ва байни ангуштони он торхои митселий ва спораи занбуруг мавчуд аст.
Бемориро духтур ташхис мекунад. Тадкики микроскопии пулакчахои пуст ва тароши нохунхо барои ошкор кардани занбуругхо ва дар мухити гизои парваридани онхо (барои муайян намудани шакли занбуруг) имкон медихад. Агар беморони гирифтори М. саривакт, махсусан хангоми иллат ёфтани нохун, муолича карда нашаванд, табобати бемори минбаъд хеле душвор гардида, тул мекашад. Аз ин сабаб хангоми пайдо шудани нишонахои аввалини бемори хатман ба духтур мурочиат кардан зарур аст. Худмуолича окибати хеле ногувор дорад. Чунончи, дар пусти беморони гирифтори эпидермофитияи кафи пой доначахои аллерги мебароянд, ки бо кубо монанд буда, муоличаашон хеле душвор аст.
Ба чунин коидахои пешгири риоя кунед: пойафзор ва чуроби каси дигарро напушед, кайчии уро кор нафармоед; дар хаммом, душхона ва хавз пойфзори резини пушед; кафи пой, махсусан байни ангуштонро бо сачоки алохида нагз пок кунед. Ахли оилаи шахси бемор бояд аз муоинаи диспансери беморихои пуст гузарад. Рубучин ва тамйизи харрузаи хаммом, душхона, залхои спорти ва асбобу анчоми онхо, тамйизи асбобхои пардози, сартарошхонахо, муоинаи тиббии мунтазами кормандони хаммом, сартарошхо ва г. дар кори пешгирии М. ахамияти калон доранд. Ниг. низ Пуст, Нохун, Занбуругхои микроскопи.
Ад.: Зоиров П. Т., Беморихои пуст, Д., 1999; хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

А. А. Хусайнов

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …