МИКОБАКТЕРИЯХО (Mycobacterium; юн. mykes – занбуруг ва бактерияхо), як навъ мавчудот, ангезандаи бемории сил. М.-хо гуногун мешаванд (М.-и одам, гов, парранда ва г.). М. каламчашакл буда, дарозиашон 1 – 10 ва пахниашон 0,2 – 0,6 мкм аст. Онхо ба организм аз рохи нафас, баъзан меъдаю руда ва пуст ворид мегарданд. М. дар махсулоти шири метавонанд муддати зиёд (мас., дар равган то 240 руз) махфуз монанд, вале дар натичаи чушондан баъди 30 дак. нобуд мешаванд.
Ниг. низ Сил.
Конуни тиб, китоби I, Д.,1991; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1999.
Ю. Н. Нуралиев.