Главная / Илм / МИЕЛИТ

МИЕЛИТ

mielitМИЕЛИТ (Myelitis; юн. myelos – магзи устухон), илтихоби хароммагз. М. якумин ва дуюмин мешавад. М.-и якуминро вирусхои нейротроп ба вучуд меоранд. М.-и дуюмин нисбатан маъмул буда, хангоми беморихои сирояти – грипп, сурхча ва г. падид меояд. Ангезандаи бемори ва захри онхо ба хароммагз ворид гашта, мучиби илтихоб ва тагйироти он мешаванд. Хамзамон пардаи хароммагз, решачахо ва танаи асабхои он низ осеб меёбанд.
М., одатан, ба таври шадид хуруч мекунад: харор. бадан баланд гашта, бемор табларза менамояд, сусту бехолат мешавад, бисёр вакт нишонахои ба сарсом монанд падид меоянд. Баъд аз чанд соат ё 1 – 2 рузи огози бемори аломатхои осеби хароммагз ба мушохида мерасанд, мас., фалач, ихтилоли эхсосот ва фаъолияти узвхои кос.
М. тадричан шифо меёбад. Аввал хасосият ва фаъолияти узвхои кос баркарор шуда, сипас дасту пойхо ба харакат медароянд. М.-ро аз склерози мунташир, осеби хароммагз, хусусан сактаи он, фарк кардан лозим аст.
М.-ро дар беморхона табобат мекунанд: антибиотикхо, сулфаниламидхо, дорухои гормони, антигистамини, пешоброн, васеъкунандаи раг ва г. Тоза нигох доштани рахти хоб ва пусти бемор ахамияти калон дорад. Рузе чанд маротиба ба пуст спирти кофур молида, беморро аз ним ба ним гардондан лозим аст. Дар аснои молиш хурдани пуст ва пайдо шудани ягир аз афканишоти ултрабунафш, махлули 5% перманганати калий ва диг. воситахои табобат истифода мекунанд.
Пешомади бемори ба дарачаи вазнинии он вобаста аст. Дар муддати 6 мохи бемори бехтар нашудани холи мариз нишонаи хуб нест. Ба чараёни М. хусусан пневмония, систит, пиелонефрит таъсири бад мерасонанд.

О. Х. Хусейнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …