Главная / Илм / МИДРИАЗ

МИДРИАЗ

midriazМИДРИАЗ (Mydriasis), васеъ шудани гавхарак бинобар осеб ёфтани асаби симпатии мухаррики чашм ё гардан ва фалачи мушаке, ки гавхаракро хурд мекунад (сфинктери гавхарак); бемори метавонад дар натичаи спазми мушаки фаррохкунандаи гавхарак (дилататори гавхарак) низ ба вучуд ояд. М.-и доруи бинобар таъсири баъзе васоити табобат сар мезанад: хангоми ба чашм чакондани махлули атропин, скополамин, истеъмол кардани дорухои белладона ва г. Сабаби М.-и патологи баъзе беморихои босира (мас., глаукома), контузияи гузаи чашм ё огози беморихои хароммагз ва майна мебошанд. Дар сурати бо ихтилоли татобук хамрох шудани М. неруи босира заъф ёфта, хондану навиштан душвор мегардад. Муоличаи М. бояд ба рафъ намудани сабаби он равона шавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …