Главная / Илм / МЕТРОЭНДОМЕТРИТ

МЕТРОЭНДОМЕТРИТ

metroendometritМЕТРОЭНДОМЕТРИТ (Metroendometritis; юн metra – бачадон ва эндометрит), газаки мушакпардаю луобпардаи бачадон. Дар сурати ба бачадон ворид шудани микробхои бемориангез (стрептококк, стафилококк, чубчамикроби сил, гонококкхо ва г.) ба вучуд меояд. Ба пайдоиши он аксар вакт искот (хусусан искоти берун аз бемористон), беморихои илтихобии узвхои таносул, риоя накардани гигиенаи мучомаат, инчунин коидахои гигиена дар давраи баъди таваллуд сабаб мешаванд. Бемори бо дарди сим-сими зери ноф , аз махбал ихроч шудани обият, баъзан хуноба ва хатто хун зохир мегардад. Харорати бадан баланд шуда, бемор худро ланч хис мекунад; ихрочи тулонии хун аз бачадон имконпазир аст. Пахн шудани илтихоб ба узвхои хамшафат метавонад боиси безурёти ва диг. оризахо гардад. Дар сурати пайдоиши нишонахои мазкур хатман ба духтури гинеколог мурочиат карда, тавсияхои уро ба чо овардан зарур аст.
Барои пешгирии М. режими фармудаи духтурро пас аз искот ва баъди таваллуд хатман риоя бояд намуд. Хамчунин катъи риоя кардани коидахои бехдошти шахси шарт ва зарур мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …