Главная / Илм / МЕТИОНИН

МЕТИОНИН

metioninМЕТИОНИН (Methioninum), як навъ дору. Барои рушду инкишофи организм зарур аст. М. таъсири липотропи дорад, яъне равгани барзиёди чигарро дур месозад, дар кори хосилшавии адреналин, креатин ва диг. пайвастхои фаъоли биологи иштирок мекунад, таъсири ферментхо, гормонхо ва витаминхоро меафзояд, моддахои захрнокро безарар мегардонад.
М.-ро хангоми беморихо ва захролудии чигар, майзадагии музмин ва диабети канди кор мефармоянд. Онро дар якчояги бо липокаин барои табобати дистрофияи гизои дар кудакону калонсолон истифода мекунанд. М. хангоми атеросклероз микдори холестеринро дар хун кам ва микдори фосфолипидхоро зиёд менамояд, вале ин гуна таъсирот доими нест ва хамеша зохир намешавад.
М.-ро рузе 3 – 4 маротиба истеъмол мекунанд. Вояи якбораи он барои калонсолон 0,5 – 1,5 г, барои кудакон 0,1 – 0,5 г (вобаста ба синну сол) аст. Онро як соат пеш аз хурок истифода мебаранд. Дар шакли хокка ва курс истехсол карда мешавад.

С. Ч. Исуфов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …