Главная / Илм / МЕТЕОРИЗМ

МЕТЕОРИЗМ

meteorizmМЕТЕОРИЗМ (Meteorism; юн. meteorismos – дамидан, бардоштан), боди шикам, дамиши шикам, тимпания, бо сабаби дар рохи гувориш чамъ шудани газхо дамиш кардани шикам. Дар рохи хозимаи одами солим ба хисоби миёна 900 см3 газ мавчуд аст, ки барои дар як сатх боздоштани тонус ва перисталтикаи рудахо ахамияти калон дорад. М. дар натичаи барзиёд хосил шудани газхо, ки аз истеъмоли баъзе хуроквори (картошка, шир, лубиё, нахуд, нони сиёх, сабзавот) рух менамояд, дуру дароз дар руда нигох дошта шудан ва дуруст чаббиш наёфтани онхо (бинобар атония ё илтихоби руда) ва г. сар мезанад. М. хамчунин имкон дорад, ки дар мавриди аз хад зиёд фуру бурдани хаво (ниг. Аэрофагия) ба вучуд ояд.
М. аломати асосии панкреатити музмин ва шадид, колити музмин, дисбактериози руда, перитонит, ногузарогии руда ва нимфилати меъда мебошад. М. зери таъсири рефлексии ягон узви иллати (мас., шикампарда) низ ба вучуд меояд. М. метавонад умуми ва чузъи шавад; М.-и чузъи гун шудани газ дар меъда, рудаи дувоздахангушта ё ягон бахши рудаи гафс аст.
Хангоми М. вазнини ва дамиши шикам, оруг, хикак, дарди кабзкунанда (баъди баромадани газ нест мешавад), буи бади дахон, хуручи стенокардия ва г. эхсос мешавад.
Кабл аз муолича сабаби М.-ро мукаррар кардан лозим аст. Истифодаи хукна, дорухои мусхил ва гармкунак то аник шудани бемори чоиз нест. Агар сабаби пайдоиши М. гизо ё ягон бемори бошад, пас пархез мефармоянд; истеъмоли сабзавоти тару тоза, нони сиёх, мева ва ширро хатталимкон кам кардан лозим аст. Барои паст кардани дамиши шикам дорухои гуногун мавчуданд, ки онхоро бо тавсияи духтур метавон истифода бурд. Табобати бемории асоси низ мухим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …