Главная / Илм / МЕТАБОЛИЗМ

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizmМЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole – тагйирёби, табаддулот), мачмуи реаксияхои химияви дар хучайрахои зинда, ки организмро бо энергия ва моддахои барои фаъолияти хаёти, сабзишу афзоиш мухим таъмин менамоянд. Ба маънои васеъ «М.» мубодилаи моддахо ва энергия, ба маънии сахехтар мубодилаи мобайни, яъне табаддулоти моддахоро дар дохили хучайра ифода мекунад (аз лахзаи ба хучайра дохил шудани онхо то хосил шудани махсули охирин). Аз ин ру, истилохи «М.»-ро ба гурухи алохидаи моддахо ё моддаи муайян (мас., М.-и сафеда, М.-и глюкоза ва г.) нисбат медиханд.
Моддахои гизои дар хучайра бо иштироки ферментхо баъзе тагйироти химиявиро аз сар мегузаронанд. М. ду тараф дорад: анаболизм ва катаболизм. Реаксияхои анаболи хосил шудан ва бозсозии элементхои таркиби хучайра ва бофтахоро таъмин месозанд. Ин реаксияхо аксаран баркарорсоз буда, бо сарф кардани энергияи химиявии озод (реаксияхои эндергони) сурат мегиранд. Табаддулоти катаболи протсесси то компонентхои содда тачзия шудани молекулахои мураккаб мебошад. Ин реаксияхо, одатан, оксидкунанда буда, бо ихрочи энергияи химиявии озод (реаксияхои экзергони) сурат мегиранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …