Главная / Гуногун / МЕРОСИ ИЛМИИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА Ё ФИШУРДАИ МУХТАВОЙИ РАСОЙИЛ (ИЛМИ ФИКХ) -И КАЛОМИИ ИМОМ АБУХАНИФА (Р)

МЕРОСИ ИЛМИИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА Ё ФИШУРДАИ МУХТАВОЙИ РАСОЙИЛ (ИЛМИ ФИКХ) -И КАЛОМИИ ИМОМ АБУХАНИФА (Р)

Имоми Аъзам Абуханифа (р) нахустин донишманди бузурги сохибасари фикх ва яке аз нахустин хакимест, ки мактаби илми каломро асос гузошта аст ва баъди худ диккати тамоми мучтахиддину мухаккикини Исломро барои тахким ва таквияти имон ва барои шинохти хак аз ботил (на барои эчоди шак ва куфру бидъат) ба илм чалб намудааст.

Чуноне ки каблан чо-чо ишора намудем, Хаким Имоми Аъзам (р) дар огози фаъолияти илмии хеш, яъне, аз солхои донишандузиаш, ки хануз чавон буд, ба фалсафаи илми калом машгул ва саргарм буд ва худро ахли калом мехисобид. Ба ин хотир аст, ки тамоми осори илмии у, ки дар риштаи фикх арзи вучуд кардаанд, хама дар заминаи Куръон ва суннат ва низ хикмати илми калом нигошта шудаанд.

Вале дар бораи илми калом байни мухаккикин ва уламойи дин, аз он чумла аима (имомон)-и Ислом, зиёда аз хазору сесаду дах сол ин чониб бахс меравад. Яъне, бахс ба он мазмун, ки гурухи чонибдори илми калом буда, аз он хамчун асос ва замина ва сарчашма барои тахким ва таквияти имон истифода мекунанд. Гурухи дигар бошанд, ба мисли аимаи Ислом-Имом Шофеъи, Ибни Ханбал ва Молики Анас илми каломро сабабгор ва ба вучуд оварандаи ширку гунох шакку гумон ва куфру бидъат дониста, назарияи манъи иштигол ба илми каломро баён доштаанд. Ва пайравони хешро аз машгул шудан ба хикмати илми калом, ба як чиддият нигох доштаву фаъолияти онхоро манъ кардаанд.

Барои рушани андохтан, ба матолиби баёншуда, зарур мешуморем, ки ба мухаккикин ва мутолиъини гироми (дар асоси андешахои пас аз пажухишхои амик, нисбати илми калом баён доштаву нигоштаи устоди факиду донишманди фозил Иноятуллохи Иблог) чанд нукоти чолиберо дарч намоем.

Устод Иноятуллохи Иблог хеле хуб дарч намуда, ки « Имоми Аъзам (р) дар мархалаи аввал, ба илми калом машгул гардид ва дар масойили он дакик шуд ва рисолоте дар он таълиф кард, вале баъдан онро тарк гуфт, аммо на ба сурати кулли ва катъи, балки аз мудохила дар казоёи каломи, тавре ки дар фасли аввали китоб ишора кардем, худро бар канор кард ва ба масойили фикхи машгул шуд. Имом дар холи иштигол ба илми калом низ мутолиъоти каломии худро идома медод, мунтахо ин, ки тадриси у мунхасир ба халкаи фикх буд ва бо андозаи собик ба илми калом дилчаспи нишон намедод, зеро у мактаби каломиро асос гузошта буд, ки барои рахнамоии мардум, бо рохи рост кофи шумурда мешуд ва акнун вазифа дошт, ки мутаваччехи мактаби фикхи гардад (зеро ки ин илм дустдоштатарин илми Расули акрам (с) буд ва илмест чомеъасоз С.Б.Б)., аммо на ба хайси тахрибкунандаи асосоти каломи, балки ба унвони таъсиси як бинойи мустахкам ва басо устувори дини, дар пахлуи бинойи дигари дини ва ё ба таъбири худи Имом таъсиси: «Халкаи фикхи асгар, баъд аз такмили халкаи фикки акбар».47-114.

Бале, Имом Аъзам Абуханифа (р) бешак дар андешаи он буд, ки дар асоси Куръони Мачид ва аходиси Расули акрам (с) рохи миллионхо умматони Расули гироми (с)-ро ба он тарзу усуле, ки шариъати гурройи Мухаммадия (с), аз умматон ва пайравони хеш такозо мекунад, мунаввар созад. «Имом (р) пас аз иштигол ба фикх на танхо дар фикх, балки дар тамоми улуми исломи, доройи мавкуфи мухими дини гардид ва мардум аз атрофу акнофи дурдаст, барои касби дониши мукаммал, дар дини Ислом, назди у мурочиъа мекарданд ва хеч гох шунида нашуда, ки Имом аз чавоб ба саволоти каломи, маъзарат хоста бошад, балки барои хар кас ичозат медод, дар мавриди умури дини, аз вай савол кунанд ва мегуфт:

«Худовандо! Агар дигарон аз мо тангдил мешаванд дили мо барои онхо фарох аст» 47-114.

Оре, Хаким Абуханифа Имоми Аъзам (р) дар мактаби фалсафии хеш дари назарияи озодандеширо ба руи уламойи дин ва хикмат фарох кушода буд. «Агар Афлотуни юнони, бар дарвозаи мадрасааш навишта буд; «Касе, ки бо илми хандаса ошно нест, дохил нашавад»,Имоми Аъзам Абуханифа (р) ва файласуфи бузург, ки казоёи диниро бо диккати хос таъкиб мекард, дар ифодоти худ мукайд ва махдуд набуд ва аз вай накл нашуда, ки халкаи илми ва фалсафии худро ба мавзуъи хосе тахсис дода бошад, балки ба мардум ичоза медод, рочеъ ба умури динии хеш, бо озоди ва хуввияти комиле аз вай савол кунанд». 47-114.

«Афлотун дар мачолиси илмии хеш чидди буд ва камтар ба интикод ва мубохисот гуш медод, вале Хаким Имоми Аъзам (р) пас аз тааммук ва тахкик, дар казоёи дини, аз кабили фикх ва калом мегуфт: ««-Ин як назария аст ва агар касе бехтар аз онро арза кунад, бо дилу чон мепазирем».

Бале, ин вазъ ба хавсалаи фарохи Имоми Аъзам (р) далолат дорад, ки ба хар гуна савол, аз хар гуна масойил, дар хар мавзуъ, гуш медод». 47-114.

Баъзе аз уламойи бузург, дар бораи илми калом таън гуфтаанд ва худро аз хикмати ин илм, ба шиддати том дур гирифтаанд. Чунончи гуянд: «Имом Рози дар авойили хаёт, ба фалсафа машгул шуд ва китобе дар фалсафа ва илми калом ба риштаи тахрир овард ва дар авохири зиндагии хеш аз иштигол ба ин илм худдори кард ва гуфт: «Ман дар тарики каломи ва равишхои фалсафи фикр кардам, вале рафъи ъаташ ва шифойи маразро дар он сурог натавонистам ва бехтарин рох-рохи Куръонро дарёфтам. Дар бораи танзияти Худованд мехонам:

– «Валлохул ганию ва антум ал-фукароъ». Яъне: – «Ва Худованд бе ниёз аст ва шумо мухточонед». Ва ин ояти шариф? «Лайса-камислихи шайъун»: яъне; «Нест монанди Худованд хеч чиз» Ва: «-Кул хуваллоху ахад» «-Бигу Худованд яктост». -Ва дар бораи исбот, оёти зайлро тиловат мекунам: – «Аррахмон ъало ал-ъарш уставо», яъне: «Худованд бар ъарш уставо». Ва фармуда: «-Яхофуна раббахум мин фавкухум», яъне; «-Аз Парвардигоре, ки болои эшон аст метарсанд». Ва: «-Илайхи ясъада калимал таййиб»; яъне, « Ба суи Худованд баланд мешавад калимахои пок». Чунончи аз бархе уламойи илми калом ривоят шуда, ки дар авохири зиндаги (яъне, Имом Рози) мегуфт: «Аз он чи омухтам, чизе ба даст оварда натавонистам чуз ин ки: – Мумкин ба мураччах мухточ аст ва эхтиёч як сифати салби аст. Мемирам, вале чизе ёд нагирифтам». 47-115.

«Пас аз мутолиайи мавкуфи аима, дар бораи илми калом, саволе эчод мешавад, ки пас илми калом дар дин чи роле дорад. Ва ин дар акволи гузаштагон ба се назария ишора шуда:

Назарияи хурмати иштигол ба илми калом, ба сурати мутлак, ба далели ин, ки сахоба (разиаллох) бо вучуди ошноии том, ба хакоик ва румузи  казохату тартиби алфоз, ки масойили каломи, аз он мустанбит шуда битавонад, аз он хомуш мондаанд. Ва хамуши барои он аст, ки медонистанд суде дар он дида намешавад ва мавриди истиноди онхо Хадиси набави (с) аст, ки се бор фармуда: «-Халакал мутакаллимуна» Яъне: «-Халок шаванд касоне, ки мубохисот ва мунозиротро ба хадди охир мерасонанд».

Ва низ бо ин хакикат истидлол намудаанд, ки агар мунозироти каломи кори хуб ва марбут ба дин мебуд Паёмбар (с) ба он даст мезад. Ин равишро сахоба (разиаллох) идома доданд ва зиёдат бар равиши Паёмбар (с) ва асхоб (разиаллох)-и у кори дуруст нест. 47.-115…

Назарияи дигар ин аст, ки агар аз илми калом истилохоти фалсафии юнони, монанди чавхар ва ъараз ва гайра, ки дар асри Расули акрам (с) ва сахоба (разиаллох) вучуд надошт, мамнуъ бошад ин кор мушкилие надорад, зеро истилохоти хар илм ба гарази такриб ба фахм, ба шакли содда ва басит баргардонида шуда, ва иборати тозае чихати далолат бар максад ба вучуд омада, монанди ихтироъи хуруф, ба шакли чадид, ба гарази истифодаи чойиз. Ва агар илми калом аз нигохи мафхум мамнуъ бошад дуруст нест, зеро максуди мо аз илми калом ба чуз истидлол ба худуси олам ва вахдонияти Холик ва субути сифоти У чалла шонаху чизи дигаре нест. Пас маърифати Худованд (чалла чалолаху) аз тарики далел чигуна мамнуъ карор мегирад ва агар айби илми калом ихтилоф, адоват, бадбини ва гайра натойичи-бошад, ки аз мунокишоти каломи ба вучуд меояд, шаке нест, ки эхтирози ин умур хатми аст. Агар манзур аз фаро гирифтани илми калом, истидлол ва икома (барпой)-и хуччат бошад, кори хубе аст ва Куръони мачид бо оёти зайл ба ин кор ишора мекунад: «-Кул хо-таво бурхонакум» (яъне: «Бигу, биёваред далели худро») – «Лияхлака мин халака ъан баййинат ва юхий мин хай ъан баййинат» (яъне: «То халок шавад касе, ки халок мешавад ба далел ва зинда шавад он ки зинда мешавад ба далел»).

Ин оёти боло ва амсоли он далолат дорад бар сихати истидлол ва икомаи хуччат хамчунон оёти зайл:

«-Кул фалаллахал-хуччатал-болигат (яъне: «Бигу пас барои Худованд аст хуччати комил»). Боз омада:

«-Колу ё Нух, кад чодалатно фа-аксарат чидолано» (яъне: Гуфтанд: «Эй Нух, бо мо мучодала карди ва зиёдат карди дар мучодалаи мо». Ва низ омада: Ва тилка хуччатано отайнохо Иброхим ъало кавмихи» (яъне: «Ва ин аст хуччати мо, ки ба Иброхим дар мукобили кавмаш арзон фармудем»). Хамчунин ишора шуда:»-Лав кона фийхимо олихатан иллаллохал-фасадато» (яъне, «Агар мебуд дар осмон ва замин чуз Худованд худоёни дигаре, хар ойина замин ва осмон табох, мешуданд») Ва боз омада: «-Ва ин кунтум фи райбим миммо наззално ъало ъибодино фатаво би сурати мин мислихи» (яъне: «Ва агар дар ончи бар бандаи мо фуру фиристодем шаке доред, пас биёваред сурае аз мисли Куръон»). Ва ишора шуда: «-Кул юхйихал-лази аншаахо авваламарра (т)» (яъне: «Бигу зинда мегардонад онро касе, ки нахуст офарида») Ва омада: «Чодалахум биаллати хия ахсана». (яъне: «Ва мучодала кун бо эшон, ба кисме, ки неку бошад»). Хулоса, ин хама оёт далолат дорад бар ин, ки истидлол, дар Ислом дорои решаи мустахкаме аст. «Илассалому яъламу вало яъло ъалах» – аз ин нукта набояд инкор намуд, ки истидлол ва икомаи хуччат дар асри Паёмбар (с) ва сахоба (разиаллох) ривоч дошт (яъне, муборизаи хакку ботил) бо ин фарк, ки истилохоти мантики ва назариёти Арасту дар ин аср маъруф набуд ва ин амр далолат мекунад, ки истидлол ва тафаккур дар асри саъодат, ба пешрафти зиёде ноил буд. Чунончи накл шуда, ки Али (разиаллох,) Ибни Аббос (разиаллох)-ро ба мукобили хоричиён фиристода ва бо онхо дохили мунозира шуд ва пурсид: ки Дар Имоми хеш чи айбе сурог мекунед? Гуфтанд:- Чанг кард, вале ганимат ва каниз нагирифт. Ибни Аббос (Р) гуфт: – Ганимат ва барда (гулом) гирифтан махсуси чанги куффор аст. Ва ба ман бигуед, агар Ойиша (разиаллох дар рузи чанг асир мешуд ва ба хайси сахми ганимат ба дастраси як тан аз Шумо карор мегирифт оё коре, ки аз як бардаи оддие гирифтани будед, аз вай мегирифтед!? Охир у ба насси ояи шариф: «Ва азвоча уммахотихум» (яъне: «-Ва занони Паёмбар (с) модарони шумоянд»)

– Айнан модари шумо буд. Пас хоричиён гуфтанд:

– На!

Ва ба неруи ин истидлол ду хазод хоричи, дар як руз аз мазхаби галатрохи худ баргаштанд (ва Худо кунад, ки фиркабозони гуломи зархариди англисхову амрикоихо ва дигар хоричихо, ки теша бар решаи исломи мухаммадия (с) мезананд, ба худ оянду мисли хоричиён ру ба мазхаби мухаззаби Имоми Аъзам-Абуханифа (р) оранд ва суннии вокеи бишаванд) (аз китоби «Эхё вал-ъулум»-таълифи Имом Мухаммади Газзоли. ч., 1., сах. 102)

Хамчунон Али (р) бо як тан аз пайравони кадария мунозира кард ва Абдуллох ибни Масъуд (р) бо Язид ибни Умайра дар бораи имон мунозира намуд. Абдуллох ибни Масъуд гуфт:

– Агар бигуям  муъминам,  гуё гуфтаам, бихиштиам- Язид ибни Умайра гуфт: – Эй ёри Паёмбар (с) ин иштибох аст! Оё имон чуз тасдики Худо ва фариштагон ва кутуби осмони («Таврот», «3абур», «Инчил» ва «Куръон») ва Паёмбарон ва «Хашр» ва «Мизон» ва «икомати намоз ва руза» ва «адойи закот» чизи дигаре аст? Мо гунохе дорем, ки агар бидонем омурзида мешавад,  он вакт метавонем ба бихишти будани худ хукм кунем ва аз хамин чихат мегуем муъмин хастем ва намегуем аз ахли Бихишт мебошем.-Ибни Масъуд (р) гуфт: -Ба Худо, ки рост гуфти. Ман иштибох кардаам (аз китоби «Эхё вал-ъулум»-таълифи Имом Мухаммади Газзоли, ч.1, сах.102). Имоми Аъзам (р) зарурати бахсро перомуни мавзуъоти каломи исбот намуда ва дар «Фикх-ал-абсат» мегуяд: «-Бояд донист, ки факохат дар дин (манзури вай ахкоми асоси аст) бехтар аз факохат дар ахком аст ва фикх иборат аст аз ошно шудани нафс ба хукук ва вочиботи хеш». Ва дар Хадисе, ки Дори Катни ва Байхаки аз Абухурайра (р) аз Паёмбар (с) ривоят карда, чунин омада: «-Худованд, ба хеч шакле бехтар аз факохат, дар дин парастиш нашуда». Хамчунон Имоми Аъзам (р) дар рисолаи «Фикхи акбар» мегуяд: «Асли тавхид ва ончи эътимод бар он дуруст аст ин аст, ки бигуем «Оманту биллох» яъне, ба Худо имон овардам».

Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар тамоми рисолоти хеш, ба мавкуфи динии илми калом ишора мекунад ва аз он маълум мешавад, ки Имоми Аъзам дар ин илм ва дар бахс перомуни масойили каломи, дастраси кофи дошта, арзиши динии онро мешиносад ва эътироф мекунад бар ин, ки вачойиби аввалии як мусалмон шинохтани масойили «Фикхи акбар» (мавзуъоти эътикоди) кабл аз масойили «Фикхи асгар», яъне фикхи марбут ба ъибодот ва муъомилот аст. 47. -117.

Пас аз чуйишхову пуйишхои бардавом ва мутолиъоти зиёди илми, дар бораи улуми илохиётшиноси ва улуми чамъияти ва гайра мислухум, Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар риштаи илми калом бо як шучоати мардонаги, тарикат ё худ мактаби каломии худро таъсис намуд, ки мислаш дар ислом нест, яъне пас аз Расули акрам (с) ва асхоби Расул (с) Имоми Аъзам пешвойи ин тарикат аст, ки шамшери Хак бар сари ахли ботил ва фиркабозон задааст.

Имоми Аъзам Абуханифа (р) ба илми калом хамчун илми гирехкушои мушкилот ва илми усули дин руй оварда буду ба он мурочиат мекард. Аз ин хотир аст, ки уламойи дин «илми каломро инчунин илми усули дин ё фикхи акбар низ гуфтаанд ва шояд аз ин хотир бошад, ки Имоми Аъзам нахустин асари каломии хеш «-Фикхи акбар»-ро, ки бузургтарин асари фундаментали ва сарчашмавии илми фикх аст, чунин номгузори кардаанд, ки аз номаш пайдост, ки ин нахустин асари фикхии дар заминаи Куръону хадис ва илми калом нигоштаи Имом Абуханифа аст, С.Б.Б). 18.-83.

… Илми калом яке аз улуми исломист. Калом илмест, ки дар бораи акоиди исломи, яъне, хар он чи мусалмонон бо он эътикоду имон доранд, бо истифода аз акл бахс мекунад. Одатан тамоми таълимоти Исломро ба се гурух таксим кардаанд: 1.Акоид; 2.Ахлок; 3.Ахком.

Илме, ки гурухи аввалро меомузад калом номида шудааст, илме, ки мутасаддии гурухи дуюм аст ахлок ва илме, ки мутасаддии омухтани гурухи сеюм аст, илми фикх, ном дорад. Калом метавон гуфт, фалсафаи мазхабии Ислом аст. Дар динхои дигар низ фалсафаи мазхаби вучуд доранд, вале на бо номи калом. Тафовути калом аз фалсафа дар он аст, ки фалсафа дар мавриди хасти-олам бидуни побанди, ба ин ё он акидаи дини, бахс мекунад ва аммо калом илмест, ки барои хифзу пуштибонии асосхои таълимоти Ислом, аз хамалоту интикодхои мухолифони он -илходгароёну дахриён ва файласуфон, ба вучуд омада, руи масойили илохиёти (Худошиноси) ва дар робита бо он хастишиноси ва маъод (хаёти ондунёви) ва масойили шинохт- маърифат (гносеология)-и ва гайра, бо истифода аз усулхои мантикию (мантики шарки) фалсафи бахс мекунад.

Дар мавриди пайдоиши калом низ акидахо зиёд аст.Баъд аз густаришу пешравии Ислом, дар хоки кишвархо ва миллатхои гуногун, ки сатхи фархангию илмии баландтаре назар ба аъроб доштанд, вазъият нисбат ба садри Ислом тагйир меёбад. Иртибот бо эрониён, суриёиён, румиён, мисриён, ки ошноии том бо фалсафа ва улуми акли доштанд, бархурд бо намояндагони динхои яхуди, зардушти, насрони ва интикодоти онхо ва нихоят пайдоиши ихтилофот; фиркахои бидъатгаро, илходи, занодика ва дахрия, дар дохил ва хоричи Ислом мусалмононро мачбур кард, то ки воситаву роххои химояву хифз, аз акоиди исломиро чустучу кунанд. Хамин омилхо сабаби пайдоиши фалсафаи калом гардидаанд. Илми каломро инчунин илми усули дин ё фикхи акбар хам гуфтаанд. 18.-82-83.

Илми калом илми назарияви ва истидлолиест, ки дар мавриди тавхид ва сифати Худованди мутаъол, мабдаъ ва маъод, нубувват, казову кадар ва гайра мислухум бахс мекунад. Ва «илм-ал-фикх» бошад (аз калимаи «факахаи араби буда, маънии дониш ва фахмиши амикро дорад) илми шариъат, ба танзимдароваронда ва муайянкунандаи кавонин ва ахкоми шаръии илохи, яъне, илми илохиётшиносист, яъне, возехтар илми хукукшиносии исломист, барои дарки ахкому амрхои илохи ва шинохти хакку ботил, дар амвочи пурталотум ва пур шуру шарри чомеъаи башари…

Чуконе,   ки   каблан ишора шуд Имом Абуханифа (р) яке аз асосгузарони илми калом махсуб мешавад. Аммо дар ин хукм хам байни уламои дин ва фалосифи исломи бахсхои зиёд аст.

«Зухури илми каломро аксарият ибтидои асри 8-ум гуфтаанд, вале баъзе уламои Ислом бар он акидаанд, ки усули мухокимаву исботи каломи, дар худи Куръон низ мавчуд аст. Давраи мукаддимотии каломро бошад, уламо бо тахияи «Фикхи акбар» назди Имом Абуханифа (р) иртибот додаанд. Аммо огози истидлолоти акли, дар Ислом бо номи Чаъд бинни Дархам (катл.742-743) вобаста аст. У аввалин шуда, дар масъалаи дини, бо акл эътимод кардан ва оёти ба акл мухолифат доштаи Куръонро бо тарзи таъвил баён кардан даъват намудааст. Баъд аз у Чахм бинни Сафвон (катл.745) кори уро идома додааст». 18.-82-83.

Калом дар лугат ба маънии «сухан ва нутк» мебошад. Дар «Лугати Деххудо» чунин маъни дар ин шаън вазъ шудааст: «Илми калом- илме аст, ки дар он аз зоти шарифи латифи чигун ва -бечигуни Худойи Таъоло ва сифоти у ва ахволи мумкинот, аз мабдаъ ва маъод, мувофики конуни Исломи мубин бахс шавад». (Аз таърифоти Чурчони).

Муаллифи «Кашфи истилохот – ул – фунун» гуяд: «-Илми калом, ки онро усули дин низ номанд ва Имоми Хумом Абуханифа (р) онро «Фикхи акбар» хондааст. Дар «Мачмаъ – уш – шукук», ба «илмун-назар вал истидлол» мавсум шуда, хамзамон илми тавхид ва сифот низ номида шудааст».

Аллома Тафтазони, дар «Шарх-ул-акоид» мегуяд: «-Илме, ки ба ахкоми шаръи-яъне, амали марбут аст, илми шароиъ ва ахком мебошад; ва илме, ки ба ахкоми асли-яъне, эътикоди марбут аст, илми тавхиду сифот ва илми калом номида мешавад. Ин маънироТафтазони боз ба тарики зайл баён доштааст: «-Илми калом илме аст, ки бо овардани далел ва дафъи шубхахо, одами кудрат пайдо мекунад, ки акоиди диниро барои шахси дигар исбот кунад» (ва тири хак бар калби ботил занад,-С.Б.Б). Акоид гуфта, хамоно чамъи акидаро гуянд. Мухаммад Хусайни Хавкал менависад, ки «-Акида риштаи маънавиест, ки махлукро ба Холик мепайвандад».

Козии Армави зимни тафсилу ташрехи мавзуи ин илм, ба чунин хулосае омадааст, ки «-Мавзуи асосии илми калом зоти Бори Таъоло аст. Дар ин илм, бахс аз аворизи зотии Худойи Таъоло шавад, яъне сифоти субути ва салбии вай ва бахс аз афъоли Худойи Таъоло, дар дунё, монанди худуси олам ва ё дар охират, монанди хашру нашр ва ё аз ахкоми Худо, дар дунё ва охират, чун буъси Пайамбарон ъалайхиссалом».

Хучаттулислом Имом Мухаммади Газзоли (р) мегуяд: «-Натичаи умдаи илми калом ин аст, ки пояи тамоми маориф ва улуми исломиро истехком ва устувор месозад. Агар усули акойди исломи собит нагардад, дигар маорифи диниро арзиш ва ахамияте намемонад». (Аз «Кашфи истилохот-ул-фунун»). Пайдоиши илми каломи исломи, натичаи талоше буд, барои дифоъ, аз усули акоиди исломи, дар баробари хамлахои пайравони адёни (динхо) дигар, билхосса масехиён, ки бо харбаи мантики юнони, бе акидаи бунёди худро мусаллах карда буданд.

Илми калом, илми назарии истидлолист, ки дар мавриди тавхид ва гайра бахс мекунад. Дар доираи илми калом баъдан, масоили фалсафи, ба мисли азали ё офарида будани олам, араз, чавхар, харакат, сукут, хало, заррот ва гайра низ матрах гардиданд.

Нахустин масоиле, ки мутакаллимони насли аввал руи он бахсхое монанди бахсхои фалсафи оростаанд, аз инхо иборат аст:

  1. Чигунагии вазъи имонии шахси муртакиби гунохи кабира шуда (гунохи бузург содир карда).

2   Масъалаи сифот ва зоти Худо.

  1. Масъалаи чабр ва ихтиёр.

Ибни Халдун бошад, рочеъ ба калом чунин акидарони кардааст:

 «- Илми Калом, дар баробари омузиши ашёи мазкураи мотакаддам, хамзамон баёнгари имон аст». Мувофики ташрехоти Ибни Халдун, «имон тасдик ва эътирофи калби, нисбат ба чизе, ки ба забон гуфта шудааст», мебошад. У мегуяд, ки «имон муштамил бар шаш рукн аст, зеро Расулуллох (с) онхоро дар Хадис таъйин кардааст:

Имон ба Худо, ба фариштагон, ба китобхои осмони (сухуфи Иброхим, Таврот, Забур, Инчил ва Куръони Мачид) ба Расулони у, ба рузи Киёмат ва ба сарнавишт (такдир) хох хуб бошаду хох бад».

Бад-ин тартиб, калом ба маънии илми шинохти зоти шарифи чигун ва бе чигуни Парвардигори субхон тавсиф мешавад ва фикх бошад, ба маънии «илми конун», ё «илми хукук» ва «казо» аст.

Муаллифи китоби «Фалсафаи илми калом» Ахмади Ором мутазаккир шуда, ки: «Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи -Абуханифа (р) аз маъруфтарин шахсоне аст, ки дар поягузории илми Калом саъйи балиг дошта ва он илм, аз чониби мутааххирин инкишоф ва такмил дода шудааст».

… Имом Абуханифа (р) ду сифоти Худоро баён доштааст. Сифоти зоти ва сифоти феъли. Сифоти зотии Худо хафт аст.

– Имом Абуханифа (р) сифоти зотии Худои мутаъолро ба ин мазмун муайян ва мушаххас кардааст; «-хаёт, кудрат, илм, калом, самъ, басар, ирода (инхо сифоти зотии Худованд мебошанд, ки кадимию азали ва абадулабади дониста шудаанд).

Сифоти зотии Худоро афзалулмучтахиддин – Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) чунин шарху тавзех додаанд:

  1. Хаёт. Сухани Аллох аст: «Аллоху ло илоха илло хувал-хай-юлкайюм». (Тарчума: «Худо яктост. Чуз у маъбуде нест. Зиндаи поянда аст»).
  2. Кудрат. Кавли Парвардигор аст: «Валлоху ъало кулли шайин кадир» (Тарчума: «Ва Худо бар хар чиз кодир (тавоно аст)».
  3. Илм. Яъне, Худованд олиму доно аст-олими сирри вал хафиёт. «Ва аъламу мо тубдуна ва мо кунтум тактумун» (Тарчума: «Ва медонам он чиро ошкор мекунед ва ончиро, ки пинхон мекунед»).
  4. Калом. Худованд гуё аст, на ба забон. Кавли Худо аст: «Ва калламаллоху Мусо таклимо». (Тарчума: «Ва калом кард Худованди Таъоло, ба Мусо сухан кардане»).
  5. Самъ. Худованд шунавост, на ба гуш. У таъоло овозхоро ва савтхоро бо куввати самъи кадими хеш мешунавад. Кавли Худованд аст, ки: « Валлоху самиъун ъалим» (Тарчума: « Ва Аллох шунаво ва доно аст». Худованд садои пойи мурро дар шаби тор мешунавад.
  6. Басар. Худованд бино аст, ба хама ашё. Дидани у, яъне, биноии у мисли банда нест. У бо сифоти кадими ва азалии худ хама дуру наздикро мебинад. Кавли Худованд аст: «Инналлоха басирун билъибод». (Тарчума: «Хар оина Аллох бинандаи бандагон аст»).
  7. Ирода. Кавли Худо аст: « Фаъъолун лимо юрид» (Тарчума: («-Мекунад хар он чи ирода кунад»). Сухани Расулуллох (с): « -Мошоаллоху кона ва мо лам яшоъ ва лам якун». (Тарчума: «-Харчи Аллох ирода кунад, мешавад ва харчи нахост, намешавад»).

Дар зимни ин, Имом Абуханифа (р) сифоти феълии Худоро хам, дар асари маъруфаш «Фикхи акбар», мутазаккир шудааст, ки он се сифот аст, яъне; аввалан эчод, дуввум ибдоъ ва саввум тарзик. Эчод ва ибдоъ ба маънии офаридан аст.

  1. Эчод. Кавли Худованд аст: «Валлоху ахрачакум мин бутуни уммахотикум» (яъне: «Ва Аллох пайдо кард шумоёнро аз шикамхои модарони шумоён»).
  2. Ибдоъ (Шуруъ). Гуфтаи Аллох аст: «Хуваллази халакассамовоти вал-арза фи-ситтати айём» (Тарчума: «У он Худо аст, ки офарид осмонхо ва заминро дар шаш руз»,)
  3. Тарзик. Худованд рузидихандаи мардумон аст. Сухани Аллох дар ин хусус ин аст: «Аллохуллази халакакум сумма разакакум» (Тарчума: «Аллох он зот аст, ки пайдо кард шуморо ва ризк дод шуморо»). Ва Расули акрам (с) мефармоянд: «-Холику куллу шайин ва розику куллу хайин» (Тарчума: «-Худованд офарандаи хар чиз ва рузидихандаи хар зинда аст»).

Берун аз ин сифоти ёдшуда, Имом Абуханифа (р) мегуяд: «-Аллох пайдокунандаи олам ва мавчудоти он, дар азал мебошад». Расулуллох (с) дар хадиси кудси мегуяд: «-Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Кунту канзан махфиян фахалактул-халка лиуърифа» (Тарчума: «Хазинаи пушида будам, пас офаридам халкро, то дониста шудаам»…).

Ва бояд таъкид намуд, ки нахустин назари Имоми Аъзам Абуханифа (р) хам, дар робита бо илми калом, хамоно масъалаи имон аст, ки оиди ин масъала дар рафти мавзуъ муфассалан баён хохем дошт (махсусан дар он чое, ки сухан, бевосита аз расойили каломии Имом Абуханифа рахамуллох меравад, ва на дар ин мукаддимаи мавриди назари мавзуи бахс). Имом Абуханифа (р) имонро икрори ба забон ва тасдики ба калб медонад. Ва хам Имом Абуханифа (р) таъкид мекунад, ки Куръон муъчизаи Хазрати Мухаммад (с) аст.

Имом Абуханифа (р) икрор намудааст, ки ба сабаби содир намудани гунохони кабира, имон аз тани шахси муъмин ба тамом ва бе бозгашт хорич намешавад, яъне, у ба тамом кофир намешавад. Бо сабаби гунохони кабира, фоъили он дар дунё ва охират азоб карда мешавад.

Умумияти фикри Имом Абуханифа (р) бо ахли муътазила дар он, аст, ки Куръон каломи Аллох аст. Фарк миёни эшон дар ин масъала он аст, ки Имом Абуханифа (р) Куръонро каломи Аллох, сифати азалии у ва гайри махлук медонад. Муътазила бошад, танхо Худоро кадиму азали ва абади медонад. Сифоти уро инкор мекунад ва Куръонро махлук мешуморад…

«… Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар мактаби каломии хеш рох ва равиши хосеро бидуни инки аз фалсафаи Гарб ва Форс мутаассир гардад, таъкиб карда ва пас аз мутолиъаи умумии нусус ва пас аз тафаххус ва тааммук дар назариёти фиркахои муосири хеш, мактаби каломии худро таъсис намуд. Имоми Аъзам (р) ба Маккаи мукаррама сафар кард ва байни масойили каломи, ки дар ончо маъруф буд, бо мавзуоте, ки дар Багдод, Куфа ва Басра руйи кор буд мукоиса кард ва бо казоёи мазохиби мухталифи ташайюъ ошно шуд ва рочеъ ба хорич, кадария ва муътазила касби кофии маълумот кард (ва худи Имоми Аъзам аз асхоби раъй буд, ки ханафиёнро дар ибтидо чунин ном мебурданд, С.Б.Б.,) Имоми Аъзам (р) дар муддати икомати хеш дар Макка, ки шаш солро дар бар гирифт, дар пахлуи фаъолияти фикхи, ба таквияи фаъолияти каломи идома дода, мегуянд аввалин бор, ки бо Атоъ ибни Рабох, бархурд кард, Атоъ гуфт:- Аз кучои?! ( яъне, Ато пурсид аз у).

Гуфт: – Аз Куфа.

Гуфт: – Аз мардуме, ки дар дини худ тафрикахо эчод кардаанд?

Гуфт:- Бале.

Гуфт: – Аз пайравони кадом маслак мебоши?

Гуфт: – Аз мардуме, ки ба гузаштагон дашном намедиханд. Ба казо ва кадар имон доранд ва касеро ба асари гунох такфир намекунанд.

Гуфт: – Шинохтам (ва пас мулзам шуд).

Аз ин мочаро маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) дар мусофиратхои худ, бо саволхои каломи мувочех мешуд ва баъд аз шугл, дар фикх, ин чанбаро тарк гуфта буд ва низ аз он возех мешавад, ки ихтилоф руи мавзуъоти каломи, дар сарзамини Ирок, ба дарачаи шухрат расида ва хамаи мардум медонистанд, ки Ирок маркази фиркахои мухталиф ва мазохиби мутабойин аст ва Ирок ба хайси махалли фиркахои мутафовут, дар назар мучассам мегардид ва таърих собит намуда, ки Ирок дорои хусусияти марказият ва ихтилофоти фикри буда аст.

Имоми Аъэам (р) шохиди афкори мардуми Ирок, дар охири асри Уммавиён ва авойили асри Аббосиён буда ва машхур аст, ки ин аср, асри талбиси акойид ва падидахои тозаи фикри, дар атрофи мавзуъоти каломи, аз кабили казо ва кадар, иродаи инсон, хусн ва кубх: хикмат ва мукаллифият, адолати Худо ва соири масойили каломи буда ва мубохисаву мунозира, чихати хифзи акоиди поку ноби исломи, аз мафосиди душманони дин, аз умури зарури шумурда мешуд… Аз чумлаи далойили иддаъойии мо ин аст, ки Юханнои Димишкии Масехи, то асри Хишом бинни Абдулмулк, дар хидмати Уммавиён буд ва ба мусалмонон тарики мучодаларо, дар умури дин меомухт ва мардумро ба рохи галат хидоят мекард (мисли Абдуллох ибни Саббохи-яхуди, ки аз дини масехи ба Ислом гаравид ва тафрикахо барангехт, ки аз тафрикахои у фиркахо дар Ислом ба аучуд омад, С.Б.Б.,) ва аз фиребкорихои у яке ин буд, ки мегуфт: -Вакте араби аз ту бипурсад, ки Масех кист? Бигу калимаи Худо халимаи Аллох), баъдан масехи, аз мусалмонон напурсад, ки Масех хар Куръон ба чи номе ёд шуда? Табъан мусалмон мачбур аст бигуяд: – Исм ал-Масех Исо бинни Марям расулуллох (Саломуллохиъалайх) «калимат -ал-кохо ило Марям ва рух минху» ба чуз ин нест, ки Масех-Исо писари марям Паёмбари Худо ва калимаи уст, ки онро ба Марям афганда ва рух аст, аз чониби У. Баъдан аз вай бояд пурсид, ки калима ва рухи Худо махлук аст, ё гайри махлук? Пас агар гуфт: -Махлук аст: Бояд худ илова кунад, ки Худованд буд ва калима ва рух набуд, зеро агар ту чунин бигуи, араби ба роз пай мебарад, зеро касе, ки ба ин амр муътакид аст, дар назари мусалмонон зиндик аст.

Юханнои тахрифкор мавозиъи мунозираро ба мусалмонон нишон медод, аммо манзури у чуз сафсатаву маголата чизе набуд, зеро мусалмонон мегуянд: -Исо. калимат-Аллох, ба ин маъни аст, ки Исо офарида шуда (дар батни духти бокира Марям, С.Б.Б.). ва рух аст аз чониби Худо (яъне, рухулкудс, С.Б.Б.,), яъне, рухе аст, ки бо ин калима халк шуда, на ин ки рухи худи Худо аст (ки чунин андеша рондан хатост, С.Б.Б.)… Хамчунон Юханно афкори фосик ва фосидро дар боби мавзуъоти каломи, дар атрофи талоку никох, такдис, хачар-ул-асвад ва ташбехи он ба эхтироми салиб ва гайра акволи фосид талкин мекард, ки аз мулохизаи ин шароит ахамияти мактаби каломи, ки Имоми Аъзам (р) бо неруи аклии хеш таъсис намуд, хамчунон арзиши равиши Каломие, ки вай ба вучуд овард, возех мегардад, зеро мактаби хешро дар сарзамине бунёд гузорид, ки назариёти мутафовут ва афкори мутанокиз, дар он хукмрави дошт ва пилони худро дар фазое пеш бурд, ки дар он мухаббат ва нафрат, комёби ва нокоми, харакат ва сукут, хак ва ботил ва даххо умури зид ва накизи якдигар мавчуд буд. Ин мактаб, ки ба дасти Имоми Аъзам (р) таъсис гардид, инкишоф ёфт ва дар сарзамини танокизоти фикри реша гирифт ва аз як лихоз бинои тоза ва аз чонибе дунболаи биное шумурда мешуд, ки аз тарафи сахоба (разиаллох) дар бораи казоёи каломи таъсис ёфта буд… Чунончи макотиби Ашъари, Мотариди ва гайра, мадориси ахли суннат ва чамоъат, дар хакикат, идомаи мадрасаи камназири каломии Хазрати Имоми Аъзам (р) шуморида мешавад, ки байни харду тафовути бисёр чузъи аст (Имруз бояд мо мисли Али саломуллох ва мисли Имоми Аъзам разиаллох ъалайхи фиркабозони зархариди хоричии юханносифату язидсифати фиркабоз, яъне алафию халафи бо далелхои Куръону Хадис ва афкори ичмоъи уламои шахири ханафи ва чумла уламои ахли суннату чамоъат истодагари кунем, зеро максади ин фиркабозон фасод кардани ислом аз решу бун аст).

Бале, казоёи каломи, аз ин Мадраса ба вучуд омада ва ба хайси мабодии дини карор гирифт, ки карнхо аз як забон ба забони дигар интикол ёфт ва меёбад. Ва як манбаъи асоси, барои мазхаби ахли суннат ва чамоъат гардид. Имоми Аъзам (р) бо зухд ва таквои каммисли хеш, як кисмати умдаи сакофати исломиро тамсил мекард ва мехост барои ин дини мубин ва рохи ростин хидмати шоистае анчом дихад, (ки аъроби фиркабоз дар ин кор очизанд, С.Б.Б.,) ва аз тарики дониш ва илми калом, фикх ва гайра аз он дифоъ намояд. Таърих собит карда, ки Имоми Аъзам (р) дар тули хаёти хеш, аз тахсил ва чустучуву пажухиш ва омухтани илм боз нанишаст.

У ба Маккаи мукаррама мусофират мекард ва вактро ганимат дониста, аз Атоъ ибни Рабох истифодаи илми менамуд. Хамчунон дар Макка, дар пайи фаро гирифтани илми Ибни Аббос (р) кушон буд. Тавре, ки илми Ибни Умар (р) ва назариёти уро аз Нофеъ ба даст овард, аз улуми Ибни Масъуд ва Али (р) ба василаи шогирдони онхо, ки дар Куфа мезистанд, мустафид гардид. Ва низ аз мутолиаи таърихи зиндагии вай бармеояд, ки бо Зайд ибни Али (р).Мухаммади Бокир ибни Мухаммад Абдуллох ибни-Ал-Хусайн (р) ва амсоли эшон (аз чумла Имом Чаъфари Содик рахматуллохи, С.Б.Б.). мулокот ва аз сухбати онхо истифодаи илми карда аст. Гарчи машхур ин аст, ки истифодаи вай аз ин донишмандон хос дар риштаи фикх буда, вале шахсияти илмии у монеъи ин казоват аст, зеро имоме, ки дар тамоми бахшхои дини аъм, аз усулу «фуруъ тааммук ва диккат дошт, гарчи ба дарачае расида буд, ки мардум аз вай истифода мекарданд, ба вай иктидо мекарданд, ва мушкилоти худро хал менамуданд, бо он хам аз талаби илм сер нашуда буд (ва шиори у ин хадиси Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва саллам буд, ки омада: «-Аз гахвора то ба гур дониш бичу», С.Б.Б.). ва низ намехост, ки мунокишоти илмии худро хусуси як ришта гардонад ва аз вай шунида нашуда, ки дар мукобили пурсиши мардум, рочеъ ба масойили каломи гуфта бошад, ки каломро тамоман тарк гуфта ва аз чавоб ба эшон маъзарат хоста бошад (у тарк гуфта буд, тудаи чохталабону насабхохони сохибшачараро, ки гофил аз масали арабии «Магуй, ки чадди ту кист, бигуй, ки ту худ кисти», худро ахли калом мехисобиданд, дар бахсхо бо мардум очиз омада, байни худ аз тафрикаи хеш фиркахои галати эчод мекарданд; Имоми Аъзам мактаби каломии ин туда «устодон»-и каломро тарк гуфт, аммо у дар асоси илми каломи вокеъи, ки муборизаи шадиди хакку ботил аст мактаби каломии хешро асос гузошт ва барои исботи он «Фикхи акбар» -ро бинвишт -Сайид Бурхониддини Бузургмехр) зеро мунокишоти дини, ба сурати мустаким ва ё гайримустаким  бо тамоми бахшхои дини иртибот дорад. Ва басо казоёи фикхи ба мавзуоти каломи марбут аст, монанди масъалаи халф (касам) ба Куръон, ки ба мавзуъи халки Куръонро инки Куръон махлук аст ё гайри махлук, ки назарияи аввалиро душманони Имом бар вай тухмат бастаанд, марбут мебошад ва аз расойили Имом ба сарохат маълум аст, ки вай тарафдори назарияи дуввуми буда аст, хамчунон аксари чузъиёти фикхи», ба масойили каломи, бе алока намебошад, пас мулохизаи нукоти фавк ба кулли нодуруст аст, бигуем Имом чанбаи каломиро як калам тарк гуфта аст. Эй кош медонистем, ки максуд аз ин тарк гуфтан чист? Оё Имом аз ин мутанаффир шуда? Ва ё муътариф (икрор будан) буд, ки мунозироти каломии у бо фиркахои мухталиф бечо буда, мухолифонаш хакбачониб мебошанд ва ё инки ба илми калом аз нигохи дин хеч гуна ниёзманди эхсос намешавад ва билохира, аз инки Имом кабл аз иштигол ба фикх, ба илми калом машгул буда, муртакиби иштибохи сахту бузурге шуда? Такозойи мо аз мардуми мунсиф (ба инсоф) ин аст, ки ба ин пурсишхо (хини пажухишхои хеш перомуни ахволу осор ва мазхаби Имоми Аъзам, С.Б.Б.). чавоби адолатмандона бигуянд, то хак ба чехраи вокеъиаш намоён шавад. 47,-121.

Бо таъкид метавон гуфт:-Файласуфе, ки хаёти худро вакфи хидмати улуми дини карда ва теъдоди устодони у аз табакаи тобиъин аз чахор хазор (ки бо хар яки эшон дидор кардаву бахс карда ва аз эшон ба гояти тамом дарси хикмати диниву ирфони гирифта С.Б.Б.). тачовуз мекард, (мисли Зайд ибни Али, Мухаммади Бокир, Имом Чаъфари Содики мухаддиси бе мисл) ки аз он чумла Лайс ибни Саъд, Молик ибни Анас-Имоми дорул Хичрат (Мадинаи мунаввара, ки равзаи мубораки Расули муаззам ва мукаррам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва салламро ба огуши худ махфуз медорад, С.Б.Б.,) ва гайра мебошанд чоиз нест ба вай чунин тухмати нораво баста шавад, ки аз илми калом эълони безори намуда дар холе, ки муассиси як кисмати умдаи он, яъне, мазхаби ахли суннат ва чамоъат буда ва дар нашр ва ишораи он ранчхои фаровонеро дар сохаи ихтилофоти фикри, мутахаммил шуда ва бо далойили конеъкунандаву бурхонхои котеъона бар мухолифини риёкору тахрифгаро (мисли фиркабозони имруза, ки бардуруг худро ба ахли салафуссолихини замони Расулуллох (с) нисбат медиханд) пирузи ёфта ва далойилро бо дар назардошти авзоъи тарафи мукобил чамъ ва тартиб карда ва пас аз тай намудани ин марохил аз илми калом (ба хотири танзими фикхи исломи, ба нияти дифоъи Ислом ва хифзу эхтироми шариъати гурройи Мухаммадия (с) ва рохнамоии умматони Паёмбари гироми саллаллоху ъалайхи ва олихи   ва   асхобихи   ва   саллам,   С.Бурхониддини   Бузургмехр). мутанаффир шуда аст. 47.-122.

Хазрати Имоми Аъзам (р) дар асри тобиъин умр ба сар мебурд ва худ мудом шохиди бахсу мунозирахои тулони, байни намояндагони фиркахои ибтидоии Ислом буд. Ва ончо, ки аз зиндагии худи Имоми Аъзам (р) равшан мегардад, у бо бисёре аз уламойи давр, бахри дарёфти хак аз ботил ва сахех аз носахех зиёда бахсхо ва хатто мучодалахо кардааст.

«Дар Чомеъи масонид»-и Имом, таълифи Имом Хоразми тазаккур ёфта, ки аз Абуханифа (р) манкул аст, ки: – Хеч касеро дар хозирчавоби, бехтар аз Зайд ибни Али ибни Хусайн (р) наёфтам. Ба вай гуфтам, казойи илохи, ба маъоси (гунох) тааллук мегирад?

Гуфт: -Оё нофармонии Худованд ба ичбор мешавад! Пас санг бар дахонам куфт.

Ин мочароро Талха ибни Мухаммад дар «Муснад» («Чамъи хадис»)-и хеш зикр карда ва аз он бармеояд, ки Имом мунозираро дар Мавзуъоти каломи, балки тарк нагуфта, зеро Имоми Аъзам (р) он шахсияти тавонгару донишвар вазифа дошт, ки дар мунозироти каломи иштирок варзад ва дар он амику дакик фикр кунад ва барои мубориза бо табакоти галатрав омодаги гирад, яъне, бо фиркахое, ки баъзан бо душманони Ислом, ба гарази эчоди фасод ва фитнаи дини балки мусалмонон (мисли Абдуллох ибни Саббохи яхуди, ки фитнахо байни мусалмонон барангехт ва аз фитнахои у фиркахои ба хам зидду мухолиф дар байни мусалмонон пайдо шуд, ки дар ибтидо то омадани Абдуллох ибни Саббох тамоми мусалмонон ахли суннат ва чамоъат буданд ва хама аз руи фармудаи Куръону аходис, яъне, суннати чаноби сарвари олам, яъне, Расули акрам саллаллоху алайхи -ва олихи ва саллам амал мекарданд ва ихтилофоте дар байни эшон набуд ва хулоса баъди руи кор омадани Абдуллох ибни Саббох ва чун у шайхулначдиён тухми тафрику тахриф, риё ва худгароиву худписанди ва хусумату кину адоват, дар сабзмарзи пурфайзу футухи Ислом кошта шуд (чун фиркагароёну тахрирбозон), вале рузе меояду хак ба хакдор мерасад. Ба кавли шохсанами хубруёну лоларухон ва андалеби хушбаёни чаманситони Хинд шохдухтари порсигуй Зебуннисо:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Хар шом, ки ояд зи паси он сахаре хаст.

Бале, мо хам ба умеди онем, ки ба иродаи Парвардигор тамоми фиркаву мазохиби Ислом ба хам меоянду бахри ободи ва осоиштагии бани башар ва начоти инсон аз руи Куръони карим ва суннати Расули гиромии Худо (с) мекушанду амал мекунанд ва рохеро пеш мегиранд, ки эшонро ба асли худ мепайвандад. Зеро аз, парокандагии мо мусалмонон    гавхари максуд ба даст намеояд. Бехтарин мазхаб мазхаби Имоми Аъзам Абуханифа (р) аст, ки аз он буйи Куръону буйи хуши Расулуллох ва асхоби киром (р) ба машом мерасад.

Олами башариро бо хикмати Куръон, ки дастуроти илохии рохнамову рохкушо ва начотбахши башарист, обод бояд кард ва хам мувофики Хадис ва на бо яроку аслиха ва фитнаву фасод ва ибодатхои риёкорона чун фиркабозон, ки ин кор-кори очизону заифон аст. Мо, ки доройи дини мубин хастем ва аз умматони солех, ё худ ворисони Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам ва чамиъи асхобихи ачмаъин хастем, бояд аз суннати расули гироми (с) ва рохи сайид, яъне, пешвойи худ берун пой нагузорем ва дурдонавор дар сабзхалкаи Ислом ба хам ойем ва ба рохи сиротал мустаким, ба суйи пеш гом бинихем. Начотбахши мо ва муттахидсозандаи мову шумо ва тамоми башар танхо Исломи човидонсабз ва адолатпарвар аст (ва на бахоиву фиркаи, тахрир ва боз адёни бардуругу мазохиб ва фиркахои «тозазухур»-и ботила,-СБ.Б). Возехтар ин, ки мо бояд чун донахо ба сабзхалкаи хаётбахшандаи Ислом ба хам ойем ва эхтироми бани башарро, ки мо хама бандаи Худои ягонаем, ба чо орем… Абулмаъонй Бедил хам фармуда, ки:

Бе ришта парокандагии дона аён аст,

Аз сабха мачу рабт, чу зуннор намонад.

                                                   С.Б.Бузургмехр).

хамдаст мешуданд ва онро васила барои макомхои сиёсии хеш карор медоданд ва ё баръакс аз ихтилофоти сиёси, барои тафрикаи дини  бахрабардори  мекарданд.  Ин  буд,  ки  бо  руи  кор  шудани фиркахо  мусулмонон  мутафаррик, яъне,   пароканда   шуданд   ва мардум ба такфири якдигар шуруъ карданд». 47-122 (мисли имруз, ки аз фитнаи тахрир ва фиркагароёни халафия фиркахо ва фитнахо дар олами ислом ба вучуд омадааст).

Асре, ки Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар фазойи он умр ба сар мебурд, асри пурталотум буд ва «Имоми Аъзам (р) дар хамчу фазо ва дар миёни чунин шароит мактабашро бунён гузошт. Вай аз хама бештар тарафдори сулху сафо, мехру мухаббат бо хамсоягон ва хомуш намудани фитна буд ва муртакиби кабираро гарчи хазорон гунох аз вай сар зада бошад, ба куфр махкум намекард ва корашро ба даргохи бархак, яъне, Худованд хавола мекард (ва бо ин усули кори худ бо дустон муруввату бо душманон мадоро мекард, С.Б.Б.), иштибохи мухолифонро тавзех ва онхоро бо далойили илми ва гайрикобили инкор ба хакоик рахнамои мекард. Вазъи Имоми Аъзам (р) дар мактаби каломиаш бадон мемонад, ки гуё дар ичтимоъи мураккаб,аз пайравони фиркахои мухталиф хитобае эрод мекунад ва бо хар табака кисме музокира мекунад, ки сабаби каноъат шавад ва онхоро як ба як тавзех менамояд, ки ба иштибохи хеш, яъне, рочеъ ба саббшайхайн ва иттиходи онхо ба гасби хакки Али разиаллох мултафит (мутаваччех) гардонд ва ба ахли байт бидуни ифрот ва дар дохили чавкоти шаръу дин мухаббат варзанд, ба кисме, ки хар мусалмон ба доштани он мачбур аст. Баъзе касон, ки хакикати акволи Имомро дарк накардаанд уро, яъне, Имоми Аъзам (р)-ро шиъа хондаанд ва мо дар оянда тахкик хохем кард, ки Имом аз ахли ташайюъ ба мафхуме, ки маъруф аст набуда, балки бадин маъни аст, ки у ба ахли байти нубувват мухаббати бе андоза дошт ва ин алока аз хадди эътидол хорич набуд. 47-123.

Имоми Аъзам (р) шахсияти ачибе будааст ва бо хама бо лутфу мархамати хоса мурочиат ва гуфтугуву мусохиба мекардааст! У як инсони багояти тамом халим ва хоксор будааст. Чое омада: «Имом мардуми муътазиларо бо лутфи хосе ба таъаммук дар оёте мекунад, ки мазхаби онхоро тардид менамояд. Мазхаби эътизол доройи нуктаи ифротие буда, монанди нафийи сифат аз Худованд ва исботи мартабаи мутавассит байни куфр ва имон ва амсоли он. Ва Имом ба ин тартиб аз эхсосоти ифротии эшон мекост ва тарафи дигар иштибохоти хорич ва равофизро ангуштнамо мекард ва «эшонро ба сурати умум мекушид табакоти мутафаррик бо хам наздик шаванд ва хамаги фиркаи муттахидеро ба вучуд оранд, ба гузаштагон дашном надиханд, инсон бошанд ва ба куфри Хазрати Али (разиаллох) ё Муъовия (разиаллох) хукм накунанд, гунахкорро кофир надонанд (аз барои макосиди гаразноку ахдофи сиёсии худ мардумро ба куфр хукм накунанд ва касамхои шаръи, мисли талок, мардумро ба хар су даъват нанамоянд, мисли Абдуллохи Саббохи яхуди, С.Б.Б.,) ва ба рехтонидани хуни якдигар икдом наварзанд, балки адовату кинаи байни хамдигарии худро як су гузошта, дар бандагии Худо, бародари хамдигар (ба кавли Расули акрам салъам: «-Ин-намал муъмину ихватун» яъне: «Муъмин бародари муъмин,» С.Б.Б.,) бошанд. Ин хама ахдоф дар мунозироти каломи ва фикхии Имоми Аъзам (р) ва аз рукнхои асосии афкору андеша ва дархостхои Имом дар ду мактаби маъруфи у, яъне, мактаби каломи ва мактаби фикхии вай, ба сурати возех чилва мекунад, зеро забони нарм, дили гарм ва адами хушунат аз одоти барчастаи вай буд. Чунончи аз рисолае, ки ба шогирдаш нахустказоиюлкуззоти Ислом-Абуюсуфи Яъкуб ибни Иброхим ибни Холид-Ал-Куфи Ал-Ансори навишта возех мешавад. Дар ин рисола пеш аз, он, ки шогирдашро тавсия ба хидмати дини, ичтимоъи ва ахлокии чомеъа ташвик фармуда мегуяд: «-Аз чангу дурушти бигзар, касе ки ба ту носазо мегуяд, ба вай носазо магу ва хакро ба касе, ки ба суханони ту гуш фаро медихад бирасон: -Ба мардум таклифе раво мадор, ки бар ту раво надоранд ва он чиро, ки барои худ ба нияти неку кори хайр мехоханд ту хам ба он рози шав…». 47-123.

Бале, хак ба чониби Имоми Аъзам (р) аст, ки шахси толибилм ва умуман хар як фарди солимакл ва мусалмон бояд муъмин бошад ва бо хулку атвори хамидаи худ сохибэхтиром бошад ва бо атрофиёни худ бо мурувват рафтор кунад ва бояд бидонад, ки «Муъмин бародари муъмин аст». Ва нихоят аз хама мухим он аст, ки инсон бояд аз кибру гурур, риёкори ва худманиши ори бошад, ки такаббур аз пешаи шайтони   лаъин аст. Хамеша бояд бикушем, ки бо мардум ва дар байни  мардум  бошем  ва  ба доми  хавову  хаваси дунёву  нафси шайтони гирифтор набошем, зеро бузургон фармуданд, ки: «-Хохи нашави расво, хамранги чамоъат бош!» Ва ё худ шохбайти Шайх Аттори Валиро метавон барои таквияти гуфтахои боло мисол овард, ки оиди мазаммати кибру гурур хеле хуб фармуда:

Хар, ки шуд аз кибр боло гарданаш,

Дустон гарданд охир душманаш.

Хама он васиятхо ва садхо назири он, ки Имоми Аъзам (р) ба шогирдонаш тавсия карда, доройи арзиши хуби илми, дар сохаи фикх ва калому ичтимоъ мебошад.

Оре, Имом марде буд сулхписанд, афифу покдомон ва аз ихтилоф нафрат дошт, чунончи ин эхсос дар мунозироти каломии вай ва дар васоёи у машхуд аст ва рухияи он дар муховароти ичтимои махфуз буда, арзиши он аз назари мунсиф (шахси боинсоф) пушида нест. Хамчунон тавсияи у барои шогирди маъруфаш Имом Абуюсуфи Яъкуб, ки ба дарачаи бузурги илми расида ва дар муховароти илми, ба хуби ёд мешавад ва хатто хамеша хулафойи давр ва хукумравоёни асри худро мудом насихат ва рахнамои мекард, ба таъаккул (яъне, хирадмандиву мутафаккири, С.Б.Б…,)-и Имоми Аъзам (р) далолати возех дорад ва нишон медихад, ки Имоми Аъзам Абуханифа (р) бехтарин хадамотеро барои рохнамоии мардум ва тарбияи шогирдони донишмандаш анчом дода аст (ки орзуи Расули акрам ва максади он Хазрат (с) хам чунин тарзи рохнамои буд). 11.47-124.

Бахси мавзуи ин бахш каме тул кашид,(маъзарат, аз мутолиъини борикбин) ва холо сухан, ки ба анъанаи баъзе нигоришот то ба ин чо расида, зарур мешуморем, ки зикру нигориши чанд нукоти баённашударо, ки дар сарогози мавзуи ин бахш, возехтар, дар сарлавхаи ин мавзуъ оварда будем (оиди номгуи расоили каломии Имоми Аъзам разиаллоху анху ва баёни фишурдаи мухтавиёти онхо), бо чанд чумлае ба анчом бирасонем.

Бояд бигуем, ки то ба имруз перомуни осори илмии мансуб ба Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р), байни мухаккикини таърихи дину мазохиби Ислом ва байни ахли илму хикмат бахсхое чой доранд. Аммо назди мо равшан ин аст, ки муносиб, ба андозаи насибамон, ки Худованд ба мо арзони дошта, аз осори гаронсангу мероси кудсиёнаву човидонаи бешумори Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа разиаллоху анху, то ба имруз (бояд зикр намуд, ки 1300-солагии бузургдошти ин абармарди чахони, бо карордоди ЮНЕСКО, КУИ-КОНГРЕССИ УМУМИЧАХОНИИ ИСЛОМИ – Мутамар ал-олам ал- исломи, ва ЛОИ – ЛИГАИ ОЛИИ ИСЛОМ – Робитат ал-олам ал-исломи, соли 2000-и мелоди, дар тамоми олам бо тантана чашн гирифта шуд), бо гузашти айёму хаводиси рузгор, аз каъри нихонхонаи дарёи пурталотуми таърих, ба дасти гаввосони дарёи илму-маъни, яъне, мучтахиддин ва саррофони гавхаршиносу чуяндагони борикбин ва мухаккикону муаррихони бостонгухар, шаш, гавхари ноёби дину хикмат, яъне, шаш рисолаи дини-мазхаби (дар асоси Куръон ва Хадис) (ва ба кавле хафт рисола ба у мансуб аст) – Имом Абуханифа (р), яъне, «Фикхал-акбар» («Фикхи акбар» низ гуянд), «Фикхал-абсат» (фикхи густурда, яъне, муфассалбаёншуда), «Ал-олим вал-мутааллим», ва «Китоб-ал-Осор», «Рисолаи Абуханифа, ба Абумуслим Ал-Батти» Имоми Басра» ва «Ал-васият», ки дар риштаи фикх ва илми калом нигошта шудаанд, ошкор гардидаву ба даст омадаанд, ки махз бо кумаки Хаммод (р)-писари Имоми Аъзам (р) ва шогирдони содикаш Абуюсуфи Яъкуб ибни Иброхим ибни Холид ибни Мухаммади Кози, Имом Мухаммад ибни Хасани Шайбони, Имом Зуфар ибни Хузайл, Абумукотили Самарканди, Имом Абумутеъи Балхи ва наберааш Имом Исмоил ибни Хаммод ибни Абуханифа (р) ва дигарон, баъди даргузашти Имоми Аъзам (р) гирдовари шудаанд. Зеро, ки аксари таълимот ва суханронихову аходиси овардаи Хаким Имом Абуханифа (р), дар фикх ва дигар улуми дини, ба тарзи шифохи будааст.

Як нуктаи дигареро бояд кайд намуд, ки баъзе аз сарчашмахои энсиклопедии илмии муосир (аз чумла «Ислом-маълумотномаи мухтасар», Душанбе «Ирфон»-1990, сах.,30-31) дар асоси такя ба дигар маводи илми «Муснад». («Чамъи хадис») ном асарро низ ба Имом Аъзам (р) нисбат додаанд, ки он хам бошад гуё аз тарафи шогирдонаш чамъовари карда шудааст. Вале як чиро бояд кайд намуд, ки вокеъан Имом Ахмади Ханбал низ «Ал-Муснад» ном асари машхур дорад, ки то ба рузгори мо омада расидааст. Аммо ба «Муснад» ном асаре, ки таалук ба Имоми Аъзам (р) дошта бошад то ба имруз дар даст надорем. Вале хеч чои тааччубе хам нест, ба он ки Имоми Аъзам (р) вокеан чунин асаре (китоби «Хайрот ал-хисон…». хам шаходат медихад, ки Имоми Аъзам сохибмуснад аст) дошта бошад, зеро Хаким Имом Абуханифа, машхур ба Имоми Аъзам (р) барин шахсияти бузурги илму маъни, ки дар хар нафаси худ хадисе пурхикмат аз Расули акрам салъам, ба шогирдону пайравонаш баён медошту мегуфт, метавонист, ки даххо чунин асаре дошта бошад, ва ё хикматномае нигошта бошад ва ё ба шогирдони худ, барои китобат баён дошта бошад. Зеро аз зиндагии у маълум мешавад, ки у хамчун пайрави Куръону Хадис тамоми аходиси аз устодон азбаркардаи худ ва аходиси аз асхоби киром (р) ва тобиъин чамъовардаи худро китобат мекардааст. Мухимтарин манбаъе ки савияи каломии Имоми Аъзам (р)-ро муаррифи мекунад ва намоён медорад, ин таълимоти каломии уст, ки пас аз тахкики асноди он ва итминон ба ин, ки нисбати он ба Имоми Аъзам (р) дуруст аст, дар пахлуи назариёте, ки аз тарики дигар аз Имом ба мо расида, бо як силсилаи назариёти каломии у, аз хилол (миён)-и таълифот ошно мешавем. Дар бораи таълифоти Имоми Аъзам (р) маъонуддин (ситезакор, хасм, яъне, бадхох ва душман)-и вай изхори шак намуда ва хостаанд собит кунанд, ки ин рисоили каломи, дар вокеъ аз Имом нест, хамчунин пайравони фиркахои мухталиф кушидаанд, аз тарики тавлиди шак, дар мавриди расойили мазкур афкор ва назариёти ахли суннат ва чамоъатро (ки бехтарин далойилу назариёт ва афкору андешахои рохнамоест, ки дар асоси ду сарчашмаи мукаддас Куръони мачид ва аходиси Расули гироми саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам, ки аз чониби Имоми Аъзам разиаллох ва низ шогирдони у, барои мунавварсозии рохи умматони Паёмбар саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам ва амали намудани суннат ва ормонхои неки чаноби сарвари олам Хазрати Мухаммади Мустафо саллаллоху ъалайхи ва олихи ва асхобихи ачмаъин, яъне, эхтиром ва хифзи шаръу дин, танзиму тартиб ва эчод шудаву нигошта шудааст, бо унвони мактаб ва ё мазхаби ханафия, С.Б.Б…,) мухтал (яъне, халалёфта ва сусту табох созанд.С.Б.Б.,) гардонанд.

Имом Хориси (р) дар «Ал-кашф ал-кабир» мегуяд: «-Ибни Муборак (р) рочеъ ба фазойили Имоми Аъзам (р) ривоёти зиёде зикр карда, зеро вай ба сурати мустаким ва ё ба василаи дигарон аз вай шунида мегуяд: – Имоми Аъзам (р) доройи таълифоти зиёд дар риштаи калом мебошад». 47.-125.

Имом Абулмузаффари Исфароини (мутаваффии соли 471 хичри) рисолахои «Ал-олим вал мутааллим», «Ал-фикх, ал-акбар» ва «Ал-васият»~ро ба сарохат ба Имоми Аъзам (р) мансуб намуда ва дар китоби хеш «Ат-табсир фид-дин» (сах.,113) мегуянд «-Агар касе хоста бошад собит кунад, ки байни ду гурух, (максади Исфароини ду гурухи мавриди бахс аст) ихтилоф вучуд надорад, лозим аст то китоби «Ал-олим вал-мутааллим»-таълифи Имом Абуханифа (р)-ро тахти мутолиъа карор дихад, дар ин китоб далолилу бурхони зиёдеро дар мукобили илход (аз дин баргаштаги) ва бидъат (гуё чизи нав, вале бе бунёду бе собика ва бурхони пойдархаво, С.Б.Б.,) мулохиза мекунад ва рочеъ ба акоиди мутакаллимин (ахл ал-калом) ва раддия бар мухолифин, шархе дар он нигошта шуда, хамчунин дар китоби «Ал-фикх ал-акбар», ки аз тарики кобили итминон ва ба асноди сахех аз Насир ибни Яхё (р) ривоят шуда, ки у аз Абумутеъи Балхи (шогирди Имом Аъзам) ва вай аз Абуханифа (р) ривоят карда ва низ китоби «Ал-васият», ки Абуханифа (р) онро бз Умар ибни Усмон Ал-Батти (Имоми Басра) навишта ва дар он бар афкори ахли бидъат хати батлон кашида шуда аст». 47. – 125.

Душманон ва мухолифони Имоми Аъзам Абуханифа (р) ба хадди ифроти ба мукобили у бархоста, расойили каломии ба Имоми Аъзам (р) мансубият доштаро инкор намуда, устоди ва пешвоии уро дар илми калом дидаву дониста рад кардаанд. Ончо чунин аст, ки омада: «Баъзе муаллифин манокиби Имоми Аъзам (р)-ро тасрех кардаанд, ки муътазила иддао мекунанд, ки Имоми Азам (р) дар илми калом таълифе надорад». Онхо ба ин тартиб мехоханд бигуянд, ки «Ал-фикх ал-акбар» ва «Ал-олим вал мутааллим» аз таълифоти Имоми Аъзам (р) нест. Ба далели ин, ки кутуби мазкур ховии аксари мабодии ахли суннат ва чамоъат аст, дар холе, ки Имом пайрави мазхаби муътазила мебошад (Хошо (!) харгиз) ва ин ду китоб аз таълифоти Абуханифаи Бухори аст. Вале, ин иддао ба тамом ва комилан галат аст, зеро дар ин кутуб назариёте ба мулохиза мерасад, ки бо равиши каломии Имом, ки аз тарики дигар дастраси мост, мутобик ва мувофик мебошад ва дар он далеле барои ин, ки ду китоби мазкур таълифи Имом нест, ба назар намерасад». 47. -126.

Ва чое дигар омада: «Мавлоно шамсулмиллат вад-дин Баротакинии Имоди мегуяд: – Ин ду китоб аз таълифи Абуханифа (р) аст, ва теъдоди зиёде аз донишмандон бо ин назария хамнаво мебошанд. Боре як шахс ки дар асри Маъмун кутуби Имом Абуханифа (р)-ро ба об шуста буд, аз тарафи Маъмун барои чунин рафтораш шадидан мучозот гардид». 47. – 126. Пас метавон хукм кард, ки иддае аз муътазилиён, ки акидаашонро нисбати Имоми Аъзам (р) ва асархои таълифнамудаи у баён доштаанд ботил буда, як адоват ва душманиест, нисбати Имом Абуханифа(р) ва нодидагиест, нисбати истидлоли худододи оиди илми калом ва фикх доштаи Имом Абуханифа (р). Зеро агар Имом Абуханифа (р) асари таълифнамудае намедошт, шогирдонаш Мавлоно Имоди ва даххо дигарон ба муаллифи асархои каломи ва фикхи будани Имоми Аъзам (р) шаходат намедоданд ва он шахс барои дар об андохтани кутуби Имом хамчун шахси чохилу нодон, яъне, авомунноси курдил, аз чониби халифа Маъмун сахт ба итоб гирифта намешуд. Вале, чи метавон гуфт, ки зиндаги худ зарбаи пай дар пай аст ва майдони муборизаи хакку ботил аст (мисли имруза афроди халафи, ки муборизахои айёрона ва инглисонаву гарбиёна ва саббохиёнаи худро бо мазхаби мухаззаби ханафия шуруъ кардаанд). Хасмони Имоми Аъзам (р) мисли абрхои сиёх бо он калбхои пуркин ва басо тору афкори ботилашон, хама ноумед рафтанд, ки рафтанд. Аммо «Чароги уммат»- Имоми Аъзам (р) хамчу шамъ худсузихо кард ва хаёти худро вакфи рохи хак кард, ва тавассути афкору андешахои волояш осмони олами Исломро мунаввар ва рохи миллионхо умматони Расули акрам (с)-ро дар рохи Куръон ва мувофики суннат ва аходиси набавии он Хазрат (с) дурахшон намуд ва харчи кудрате, ки дар вучуди муборакаш дошт тавонист, ки зиёда тири хак ба суи ботил занад. Ин аст, ки 1310 сол ин чониб хама умматони солехи Расули акрам (с), яъне, фиркаи ахли суннат ва чамоъат ва тудахои рушанфикр ва дилогоху бедормагзи чомеъаи башари уро, яъне, Имом Абуханифа (р) -ро хамчун пешво, яъне, Имоми Аъзам ва факехи кабиру имоми шахир мешиносанд. Яъне, Имоми Аъзам (р) он шахсияти камназир ва нобигаву инсони комил аст, ки дар хаки у метавон чунин хукм ва ба тарзи холисона ва бидуни гараз баходихи кард, ки у вокеъан Абуханифа аст ва хам Абулъадл асту вал-инсоф, яъне, намунаи барчастаи инсони вокеъи ва ормони, возхетар бандаи солехи худотарсу худошинос, яъне, муъмину мусалмон ва ахиран уммати шоистаи Расули акрам (с).„

«Имом Абумансури Мотаридии Самарканди бошад, далойили хешро дар атрофи мавзуъоти каломи, ба рисолоти Имом (Абуханифа) иттикоъ бахшида ва аз он маълум мешавад, ки дар бораи ин таълимот тахкик намуда ва интихоби он, ба Имом (Абуханифа) дар назари вай собит буда, чунончи аз таълифоти у низ маълум мегардад. Хамчунин Имоми Мучтахид Абучаъфари Тахови, дар китоби хеш бо номи «Баён эътикод ахл-ал-суннат вал-чамоъат ъало мазхаби фукахо ал-миллат Абуханифа, Абуюсуф ва Мухаммад ибн Ал-Хасан», ки ба «Акоиди Тахови» маъруф аст, аз хамин равиш истифода карда аст…». 47.-126.

Ва хак ба чониби мухаккики варзидаи чабхаи фаъолияти каломии Имоми Аъзам (р), устод Иноятуллохи Иблог аст, ки пас аз мукоисаи нусхахои гуногуни рисолахои матбуъ ва хаттии мансуб ба Имоми Аъзам Абуханифа (р) ба хулосае омадаву гуфтаанд, ки: «Вакте назариёти каломии Имом (Абуханифа)-ро, ки аз хилоли расойили матбуъ ва хаттии у намудор аст, бо назариёти вай, ки аз тарики дигаре ба дастраси мо карор гирифта мукоиса мекунем, байни онхо тавофут ба назар намерасад ва он гох хеч касе (аз мухаккикон ва муддаъиён, С.Б.Б.,) мункир шуда наметавонад, ки рисолаи мазкур аз таълифоти Имом Абуханифа Ал-Куфи) намебошад, хамчунон асноде, ки дар он мулохиза мешавад ва силсилаи он мураккаб аз ричоли барчаста ва кабили итминон буда, далели кави аст барои он, ки ин кутуби илми аз таълифоти Имом (Имоми Аъзам Абуханифа) аст на аз Абуханифаи Бухори ва гайра» 47. -126;

Ба кавли устоди мушикоф ва борикбину басо фозил Иноятуллохи Иблог «инак дар бораи рисолахои мансуб ба Имом (Абуханифаи точикзабони Кобулии -Куфи)-и Аъзам (р) як андоза рушани меандозем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …