Главная / Илм / МЕНЮИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОХБАЛАД»

МЕНЮИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОХБАЛАД»

Тавре ки пештар кайд намудем, дар сатри дуюми равзанаи Рохбалад менюи он чойгир шудааст. Менюи программа аз якчанд бандхо иборат аст, ки хар кадоми он ба ичро намудани амалиёти гурухи муайян вобаста карда шудааст. Бандхои менюи программаро бо яке аз тарзхои зерин интихоб намудан мумкин аст:

  1. Нишондихандаи мушро ба банди лозими гузошта, тугмаи чапи онро пахш кардан. Масалан, агар нишондихандаи мушро ба банди Файл гузошта тугмаи чапи онро пахш кунем, он гох зерменюи ин банд пайдо мешавад. Дар зерменю командахои ба ин банд тааллукдошта нишон дода мешаванд.
  2. Дар клавиатура якчоя пахш намудани тугмаи Alt ва тугмаи харфе, ки номи банди меню бо он сар мешавад. Масалан, агар тугмахои Alt ва Ф -ро якчоя пахш кунем, он гох банди Файл интихоб карда мешавад. Пахши якчояи тугмахои Alt ва П бо-шад, банди Правка (Тахрир)-ро фаъол мегардонад.

menui-windowsБанди Файл. Кайд кардан лозим аст, ки зерменюхои бандхои менюи программа, вобаста аз нишонахои интихобкардашуда, метавонанд микдори сатрхои гуногунро дар бар гирифта бошанд. Микдори сатрхо бошад, ба имкониятхои амалиётгузаронии зерменю таъсири муайян мерасонад. Чунин вобастагиро дар мисоли банди Файли менюи программа бараъло дидан мумкин аст (Расми 28 –а,b,c):

  1. a) зерменюи банди Файли меню хангоми фаъол набудани нишонаи ягон объекти равзанаи папка;
  2. b) зерменюи банди Файли меню хангоми фаъол будани нишонаи ягон хуччати папка;
  3. c) зерменюи банди Файли меню хангоми фаъол будани нишонаи ягон зерпапкаи папка.

Хангоми фаъол гардонидани сатри Открыть (Кушодан)- и банди Файл:

  1. агар нишонаи ягон папка интихоб карда шуда бошад, он гох он кушода мешавад;
  2. агар нишонаи ягон хуччат интихоб карда шуда бошад, он гох он барои тахрир кардан тайёр карда мешавад.

Хангоми фаъол гардонидани сатри Удалить (Нест кардан) объектхои интихобкардашуда ба Корзина (Сабад) партофта мешаванд. Агар ин сатр дар якчояги бо пахши тугмаи Shift фаъол гардонида шавад, он гох объектхои интихоб-кардашуда умуман аз диск хорич карда мешаванд.

Сатри Переименовать (Аз нав ном гузоштан)-ро фаъол гардонида, мо имконияти иваз кардани номи нишонахоро пайдо менамоем. Дар холати фаъол гардонидани сатри Создать ярлык (Ярлик сохта шавад) бошад, барои хар як нишонаи объектхои интихобкардашуда, ярлики онхоро сохтан мумкин аст. Сатри Свойства (Хосиятхо)-ро фаъол гардонида, а b c

Расми 28. Интихоби банди Файл дар се мавриди гуногун мо имконият пайдо менамоем, ки бо хосиятхои мавчудаи объекти интихобкардашуда шинос шавем ва дар мавридхои зарури ба онхо тагйирот ворид намоем.

Хангоми интихоб кардани сатри Создать (Сохтан)-и меню зерменюи он пайдо мешавад (Расми 29). Бо ёрии ин зерменю дар дохили папкаи интихобкардашуда зерпапка, ярлики объектхо ё хуччати дилхохро сохтан мумкин аст.

Дар холати фаъол гардонидани сатри Отправить (Равон кардан) зерменюи ба он вобаста пайдо мегардад. Агар дар зерменюи пайдогардида командаи Диск 3,5 (А) фаъол гардонида шавад, он гох объекти интихобкардашуда ба дискет сабт карда мешавад. Хангоми фаъол гардонидани командаи Мои документы бошад, объекти интихобкардашуда ба папкаи Мои документы (Хуччатхои ман) равон карда мешавад. Дар банди Файл зербанди Создать (Сохтан) интихоб карда шудааст Айнан хамин тавр, командахои бокимондаи сатри Отправить (Равон кардан) барои ба ин ё он макон равон кардани объектхои интихобкардашудаи папка хизмат мерасонанд.

Банди Правка. Яке аз бандхои дигари асосии менюи программаи Рохбалад банди Правка (Тахрир) ба хисоб меравад. Ба ин банди меню зерменюи дар расми 31 овардашуда мувофик меояд. Аз ин расм дида мешавад, ки ранги баъзе аз сатрхои зерменю сиёхи баланд буда, ранги кисми дигарашон тираранг аст. Ин чунин маъно дорад, ки холо танхо он амалиётеро амали гардонидан мумкин аст, ки онхо дар сатрхои рангашон сиёхи баланд нишон дода шудаанд. Дар сатрхои тираранг амалиёте нишон дода шудаанд, ки онхо барои объекти интихобкардашуда имконияти ичро шудан надоранд. Боёрии командаи Выделить все (Хамааш чудо карда шавад) мо

метавонем якбора хамаи объектхои дохили папкаро интихоб намоем. Бо ёрии командаи Обратить выделение (Инкори чудокуни) бошад, амали чудокунии объектхои интихобкардашударо бекор намудан мумкин аст.

Дар холати фаъол гардонидани сатри Вырезать (Буридан) объектхои интихобкардашуда ба буфер равона карда шуда, дар мавриди фаъол гардонидани сатри Копировать Расми 30. Зербанди Отправить (Равон кардан) дар банди Файли меню Расми 31. Банди Правка (Тахрир) дар менюи Рохбалад 68 (Нусхабардори кардан) бошад, танхо нусхаи ин объектхо ба буфер равон карда мешаванд.

Дар вакти фаъол гардонидани командаи Вставить (Гу-зоштан) информатсияи дар дохили буфер махфузбуда ба объекти интихобкардашуда чойгир карда мешавад. Масалан, агар мо дар равзанаи Рохбалад ягон папкаро интихоб кунем ва баъд банди Правка ва командаи Вставить-ро фаъол гардонем, он гох объекти дар буфербуда ба дохили папкаи интихобкардашуда чойгир карда мешавад.

ЭЗОХ:

Буфер гуфта як кисми хотираи фаврии компютерро мегуянд, ки он барои муваккатан нигох доштани информатсия хизмат мерасонад.

Командаи Отменить (Бекор кардан) барои бекоркунии амалиёти дар кадами пештара ичрокардашуда хизмат мерасонад. Ин команда вакте фаъол аст, ки

агар пеш аз ин бо объект ягон амалиёт ичро карда шуда бошад.

Командаи Вставить ярлык (Ярлик гузошта шавад) дар папкаи интихобкардашуда ярлики объекти дар буфер махфузбударо месозад.

Банди Вид. Хангоми дар менюи Рохбалад интихоб намудани банди Вид (Намуд), дар экран зерменюи он пайдо мешавад, ки дар расми 32 Расми 32. Банди Вид дар

менюи Рохбалад оварда шудааст. Тавре ки пештар баён намудем, хангоми дар кисми чапи майдони кории равзанаи Рохбалад интихоб намудани нишонаи ягон папка, нишонахои объектхои дохили он дар кисми рости майдони кории равзана намудор мешаванд. Бо ёрии имкониятхои банди Вид нишонахои объектхои дохили папкаро бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

 дар шакли Нишонахои хачман калон (Крупные значки);

 дар шакли Нишонахои хачман хурд (Мелкие значки);

 дар шакли Руйхати нишонахо (Список);

 дар шакли Таблитсаи нишонахо (Таблица).

Дар расмхои 33 ва 34 мувофикан нишонахои объектхои

. Рохбалад: Папкаи Windows дар намуди Таблитса дохили папкаи Windows дар шаклхои Таблитса ва Нишонахои хачман калон инъикос карда шудаанд.

Саволхо:

  1. Менюи равзанаи программаи хидматии Рохбалад дар кадом кисми равзана чойгир шудааст?
  2. Менюи программаи Рохбалад кадом бандхоро дар бар гирифтааст?
  3. Бандхои менюи программаи Рохбаладро бо кадом тарзхо интихоб намудан мумкин аст?
  4. Микдори сатрхои зерменюхои бандхои менюи программаи Рохбалад аз кадом омилхо вобастаги доранд?
  5. Командахои дар сатрхои зерменюи банди Файли менюи программаи Рохбалад овардашуда барои ичрокунии кадом амалиёт пешбини кар да шудаанд?
  6. Банди Правка (Тахрир)-и менюи Рохбалад кадом командахоро дар бар гирифтааст? Банди Вид (Намуд) чи?

Расми 34. Рохбалад: Папкаи Windows дар намуди Нишонахои хачман калон

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Рохбаладро кушоед ва менюи онро муоина намуда гуед, ки дар он кадом бандхо чой дода шудаанд.
  3. Банди Файли менюи Рохбаладро хангоми фаъол набудани нишонаи ягон объекти Windows, хангоми фаъол будани нишонаи ягон папка ва зерпапкаи ин папка интихоб намоед ва ба микдори сатрхои зерменюхои дар экран пайдошаванда ахамият дихед.
  4. Бо ёрии банди Файли менюи Рохбалад равзанаи папкаи хусусии худро кушоед ва онро аз нав пушед.
  5. Бо ёрии командахои банди Файли менюи Рохбалад номи яке аз зерпапкахои папкаи хусусии худро иваз намоед, се зерпапкаи нав созед ва яке аз онхоро нест кунед.
  6. Аз командаи Отправить (Равон кардан)-и банди Файли меню истифода бурда папкаи хусусии худро бо хамрохии зерпапкахояш ба дискет сабт намоед.
  7. Аз командахои банди Правка (Тахрир)-и менюи Рохбалад истифода бурда, файли дилхохи ягон папкаро интихоб намоед ва нусхаи онро ба дохили папкаи хусусии худ гузоред.
  8. Аз командахои банди Вид (Намуд)-и менюи Рохбалад истифода бурда, нишонахои объектхои папкаи хусусии худ ё ягон папкаи дилхохи дигарро бо усулхои гуногун дар экран инъикос намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …