Главная / Илм / МЕНИНГОКОККЕМИЯ

МЕНИНГОКОККЕМИЯ

meningokokkemiiaМЕНИНГОКОККЕМИЯ (Meningococcaemia), як навъ бемории сироятии хеле вазнин; ба таври шадид огоз меёбад. Харорат ба 39 – 41°С расида, мариз табларза мекунад. Пайдоиши табу тасф ба дарачаи вазнинии бемори мувофик намеояд. Дар мавриди инкишофи садамаи сирояти-захри харорат, одатан, паст мефарояд ё муътадил аст. Дар баробари афзудани харорат, аломатхои дигари захролуди (сардард, камиштихои ё беиштихои, сустиву бехоли, дард кардани мушакхои тахтапушт ва дасту по, ташнаги, хушкидани дахон, кабудча шудани пуст) низ ба назар мерасанд.
Тахикардия, паст шудани фишори шараён, дамкутохи низ рух менамоянд. Ихрочи пешоб кам хохад шуд. Шиками баъзе маризон кабзият пайдо карда, маризони дигар (кудакони хурдсол), баръакс, дарунрав мешаванд.
Яке аз аломатхои асоси ва доимии М. бусурот (экзантема) аст. Бусурот (доначахо) баъди 5 – 15 соати огози маризи, гохо рузи дуюм пайдо шуда, шакл ва тарзи чойгирии он гуногун аст. Хусусан бусуроти геморраги бештар ба назар мерасад: холчахои сурх (петехия), гулафшон (пурпура), кадама (экхимоз). Бусурот ситорашакл буда, хангоми даст расондан ба назар сахт менамояд; онхо баъзан болои пуст баромада меистанд ва хеле бисёранд (дар пусти дасту пой, бадан, сурин, гохо руй). Баргаштани бусурот ба тарзи бузургии доначахо ва чукурии иллати пуст вобаста аст. Минбаъд чойхои мавтшудаи пуст хеста, ярачахо карахш мебанданд ва дер шифо меёбанд (бисёр вакт некроз дар суфраи гуш, нуги бини, ангуштони дасту пой низ рух менамояд). Дар мавриди М. аломатхои сарсом (менингит) дида намешаванд.
М.-и баркосо шакли нисбатан вазнин ва хеле чиддии беморихои менингококки аст. Мохиятан вай садамаи сирояти-захри мебошад. Ногахон хуруч карда, тезутунд чараён мегирад. Мариз табларза карда, харор. бадан ба 40 – 41°С мерасад (вале пас аз чанд соат мумкин аст боз паст фарояд). Хануз соатхои аввали маризи бусуроти сершумори сурхтоб медамад. Бусурот ба хамдигар як шуда, зуд некроз мегарданд. Дар пуст догхои кабудча пайдо мешаванд, ки хангоми тагйир додани мавкеи бадан чой иваз мекунанд (онхоро «лаккахои часад» – «Livors mortalis» меноманд). Пуст бенур, кабудтоб, тар (араки сард), чехра тегадор хохад шуд. Мариз безобита, ошуфта, пурхаячон аст; дар кудакон ташаннуч (судорога) пайдо мешавад. Соатхои аввали бемори мариз бехуш аст, аз дарди сахти мушакхо ва шикам ба худ мепечад, кай мекунад, мумкин аз дарун хун ояд. Минбаъд тадричан вазъи сакарот ба вучуд омада, бемор аз хуш меравад. Фаъолияти дил табох мегардад, чигару сипурз калон мешавад (гепатоспленомегалия). Тагйироти гемограмма: гиперлейкоситоз (то 60.109 л), тромбоситопения, афзоиши СОЭ (50 – 70 мм/соат). Дар сурати очилан ва самаранок табобат накардан, мариз дар соатхои аввали бемори мефавтад.
М.-и музмин тарзи камчини беморихои менингококки аст. Бемори аз чанд хафта то чанд сол давом мекунад. Дар даврахои офиятёби харорати бадан муътадил, бусурот сафедтоб (хатто ба чашм ноаён), вазъи умумии мариз бех мегардад. Артрит, полиартрит, гохо хепатосиленомегалия, хамчунин лейкоситоз, афзоиши СОЭ, протеинурия (дар пешоб) сар мезананд. Анчоми М.-и музмин дар сурати муоличаи дуруст нек аст.
Ад.: Камардинов Х. К., Беморихои сирояти, Д., 200; хамон муаллиф, Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …