Главная / Гуногун / МЕХРНОМАИ ШОИР

МЕХРНОМАИ ШОИР

Мучиби ифтихор, тахсин ва сипоси бекарон аст, ки миллати мо бо шарофати Президенти кишвар, Мухтарам Эмомали Рахмон аз вартаи нобуди рахои ёфт, сохиби марзу бум гашт ва билохир ба истиклолияти хакики расид. Ва имруз дар чумхури хаёт бо чушу хуруш пеш меравад. Кас аз пешрафт ва таракиёти рузафзуни чумхури басо шод мегардад. Чунин пешрафт ва тараккиёт дар хама сохахо равшан ба назар мерасад. Арч гузоштан ба сарватхои маънавию фарханги низ ру ба рушду густариш дорад. Дар ин чода хамаруза кушишхое ба харч дода мешавад. Ва дар ин самт зиёиёни кишвар, бахусус адибон пешсаф буда, сахми арзанда мегузоранд.

Кобили зикр аст, ки Сайидали Маъмур дар ин чода захмати зиёде ба харч дода, матолиби тоза ва пурарзише дар ихтиёри хонандагон гузоштааст. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2004 ба муносихати 60-солагии шоир бахшида ба хаёт ва эчодиёташ китоби дастчамъии “Одам ба одам зиндааст” ба табъ расид, ки аз суи ахли адаб ва хонандагон бо истикболи гарм мувочех шуд. Ва инак, китоби нави шоир чун чавоб ба мехрномаи дустон бо унвони “Сухан аз дустон ва устодон” дар хидмати хонандагони гиромии кишвар карор гирифт. Китоб бо банду басти зебо, бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст. Бояд тазаккур дод, ки мутолиаи китоб мухаббати хонандаро ба адабиёт, бузургони сухан ва дустону устодон афзун мекунад. Аз ин ру бо бовари метавон гуфт, ки китоб арзиши баланде дорад. Мачмуа аз панч кисм: “Намуна аз маколахо ва такризхо”, “Сафарнома”, “Шеърхо дар боби сухан ва суханварон”, “Ба дустон, аз дустон” ва “Хотирахо” фарохам омада наваду се маколаю шеърро дар бар мегирад, ки солхои гуногун эчод гашта, бори нахуст дар шакли мачмуаи алохида ба табъ мерасанд. Китоб мехрномаи шоири болигназар ба дустон ва устодон аст, ки дар сурати макола, такриз, сафарнома, шеър ва хотирахо ба калам омадааст. Чун китобро ба даст гирифтам мисрахои шоири тавоно Низомии Ганчави ба ёд омад:

             “Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,

             Навиштанрову гуфтанро нашояд”.

Агар аз руи ин меъёр бахо дихем, хар як асари китоб на танхо аз сари андеша, балки бо мехру ихлос, сидку сафо ва ишку вафо иншо шудааст.

Таронаи дируз, имруз ва фардои мухаббату садокати як дилдодаи сухан аст. Бале, чунон ки Шайх Саъди мефармояд:

              “Дилам хонаи мехри ёр асту бас,

              Аз он менагунчад дар у кини кас”.

Хакко, ки дилро ба дил рахест!

Китоби “Сухан аз дустон ва устодон” аз он чихат маро шоду сарфароз кард, ки дар хар сатри онхо ихлосу мехру мухаббати бекарони у нисбати фарзандони сарбаланди точик ва хар вачаб хоки диёр эхсос карда мешавад.

Хароина, пос доштани нону намак, сухани нек гуфтан, кадршинос будан амри басо хайр ва савоб аст. Аз дуруди хазрати кудс-ул Амирчонам ин хитоб ба забон меояд:

          “Хар ки моро ёд кард, эзид мар уро ёр бод,

          Хар ки моро хор кард, аз умр бархурдор бод

Нависандаи ин сатрхо солиёни зиёде ба ин тараф шохиди талош ва захамоти Сайидали Маъмур дар майдони сухан мебошам. Аслан, дар майдони адабиёт на хар каламкаш мавкеи хоса ва устувор пайдо карда метавонад. Каламкашоне буданд ва хастанд, ки бо шуру гавго ба майдони сухан ворид мегарданд, вале рохи худро наёфта, рохгум мезананд ва хомуш мешаванд. Сайидали Маъмур бошад дар майдони сухан рохи худро дарёфтааст. Чакидахои каламаш низ ба роху равиши худи у сурат мегирад. Ин буд, ки ба комёбихои чашмгире даст ёфтааст. Аммо хеч гох хоксориву фурутаниро аз даст надодааст. Бубинед, ки Хаким Фирдавси чи мефармояд:

          “Фурутан бувад, хар ки дорад хирад,

          Сипехри хаме дар хирад парварад”.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки Сайидали Маъмур такдири худро бо дастони худ сохтааст. Хатти кисмати вай пурпечу душворгузар ва ибратомуз аст. Ва ин хатро фармудаи Абдурахмони Чоми чамъбаст мекунад:

     “Зи хафтоду ду миллат кард Чоми ру ба ишки ту,

     Вале ошик надорад мазхабе чуз тарки мазхабхо”.

Бале, уро ишки Ватан пуштибону рахнамост!

Чои тахсин аст, ки китоб бо маколаи “Бибии киссагуям”, ки ба эчодиёти Шоири халкии Точикистон Гулчехра Сулаймонова бахшида шудааст, огоз мегардад. Мухаккик дар бораи эчози сухани шоира ва макому мартабаи у сухан меронад. Ин хеле рамзист. Зеро, аввалан, шоира тамоми умр барои бачагон шеър эчод кардааст. Сониян, бачахо меваи хаёти мо ва ояндаи кишварамон хастанд.

Сайидали Маъмур як нуктаи бисёр чолибро хотирнишон месозад: “…бачагони имруз аз бачагони солхои пешин фарк мекунанд. Онхо зиёдтар зираку кунчкоб буда, хама чизро донистан мехоханд. Акнун онхоро бо киссаи мушу гурба, заргушу хирсак, бузаки чингилапо ба хайрат оварда намешавад”.

Дар ин радиф Сайидали Маъмур хеле саривакт ва дуруст кайд мекунад, ки дар китобхои дарси шеърхое дохил шудаанд, ки бофтахои хушку холи буда, ба завки хонанда чавобгу нестанд. Барои тасдики фикри худ чунин мисол меорад: “…Боре чунин ходиса руй дод: муаллима (аз руи прогараммаи синфи дуюм) шеъреро дар бораи Ватан азёд додааст. Писарам Масрур, ки то ин дам ба осони хар шеърро азёд менамуд, харчанд зур зад, аммо азбар карда натавонист. Талаб кардам, ки батакрор хонад. Субхи дигар пурсидам. Шеърро кариб азёд кардааст. Лек ба мазмуну гуфтахои худ сарфахм намерафт. Калимахои барои хонандаи хурдсол душфорфахм кам набуданд”.

Аз ин ру барои бачагон шеър гуфтан то чи дарача мушкил ва дар айни замон бошараф аст. Ва табиист, ки на ба хар шоир даст медихад, ки барои бачагон шеър гуяд. Шоир Гулчехра Сулаймоноваро аз чумлаи хушбахтон мешуморад ва сурудахои дили зебову мехрпарвари уро ба риштаи тахкик мекашад.

Аз нигохи Сайидали Маъмур шеъри Гулчехра Сулаймонова аз дигар адибони барчаста, ки тамоми эчодиёти худро ба хаёти бачагон бахшидаанд, бо равони, хушоханги ва мазмунноки фарк мекунад. Вокеан хам Гулчехра Сулаймонова ба шеъри бачахо хаёт ва харакату неру бахшид. Аз ин ру шеърхои у ба як хондан азбар мешавад. Мехри бачахо ба падару модар, хохару додари худ бештар шуда, ба Ватани зебои худ дил мебанданд. Ин аст, ки шеърхои у аз забон ба забон, аз дил ба дил мегузаранд. Ва то имруз на танхо вирди забони бачагон, балки калонсолон хам мебошад.

Бешубха, ин бахти бузург аст барои эчодкор.

Дар маколаи “Кори хайр” оиди тарчума сухан меронад. Дар он нукоте арзишманд баён мешавад. Вокеан хам тарчума кори хайр аст ва вазифааш пайвандгари дилхо мебошад. Оре, тарчума хамеша ахамияти фавкулъода калони адабию эстетики дошт, дорад ва хохад дошт. Зеро, аввалан хонандагони точик ба туфайли тарчума бо маданияту адабиёти чахон аз наздик ошно мегарданд. Сониян, барои инкишоф ёфтани тафаккуру завки онхо зиёд кумак мерасонад. Тахлили сирру асрори тарчумаро танхо Сайидали Маъмур барин шоирони захматкарин ба ухда гирифта метавонанд. Зеро то имруз бо хохишу фармони дили худ тарчумаи бисёреро анчом додааст. Тавассути тарчумахои у мо ба дурдонахои назми симохои барчастаи адабиёти дунё – Федерико Гарсиа Лорка, Иннокентий Анненский, Яков Полонский, Абдулло Орифов, Аннаберди Огобоев, Рыгор Бородулин, Танзила Зумакулова, Людмила Шипахина, намунахои назми булгору мугул ва гайрахо шинос шудем. Ва дар ин чода комёб хам гардидааст. Далели ин гуфтахои шоираи балкар Танзила Зумакулова мебошад: “Бар ивази ин хама некихоят аз ман набини, аз Худо бин”.

Магар аз ин мукофоти баланд хаст!?

Сайидали Маъмур тарафдори тарчумаест, ки ба манфиати адабиёт ва суди адиб бошад. Ин аст, ки бо сузи дил мегуяд: “Дилам ба шоире месузад, ки шеъраш бад тарчума шудааст”.

У аз аввалин тарчумонхое ёдовар мешавад, ки сарфи назар аз хама мушкилоти мавчудаи ахди худ, дар амри тарчума кардану дастраси мардум гардонидани бехтарин осори бадеии нависандагони дунё накши бузург бозидаанд. “Намунахои хуби тарчумаро устодон Абулкосим Лохути, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Дехоти, Мухиддин Аминзода мерос гузоштаанд”.

Мо ба ин гуфтахои Сайидали Маъмур хамназирии комил дорем: “Шеърро бояд шоир тарчума кунад. Имруз хочат ба исботи ин фикр намондааст. Тадкикотчиён кайд кардаанд, ки дар Россия аз Пушкину Жуковский то Ахматоваю Мартинов ба тарчумаи бадеи пеш аз хама шоирони бузург ва хуб машгул буданд”.

Муаллиф дар ин замина кайд мекунад, ки мачмуаи шеърхои “Гулафшон”-и Сергей Есенин, ки онро шоирон Лоик ва Бозор Собир тарчума кардаанд, чун намунаи бехтарин тарчумаи бадеи дар назм шинохта шудааст.

Инчунин дар макола зикр шудааст, ки дар кишвари мо ба тарчума бахои шоиста намедиханд, нашрияхо асархои тарчумашударо хеле кам ба чоп мерасонанд. Мисолхои тарчумаи бади шеърхои хубро меорад. Бар замми ин хама, бо таассуф кайд мекунад, ки асархои тарчумашуда хеле кам такриз карда мешаванд.

Маколаи “Тадкик дониши амик металабад” ба танкиди адаби бахшида шуда, аз чихати хачм калонтарин маколаи китоб мебошад. Ва албатта, ин табиист. Зеро танкиди адаби неруест, ки рушду камоли адабиётро таъмин менамояд. Аз тарафи дигар ин макола барои он кобили эътибору кайд аст, ки имруз китобхои зиёди бесарунуг ва бемаъниву бемазмун интишор мегардад. Вале дар баробари ин тахлилу тадкик, танкиди адаби хеле коста гаштааст. Ба кавле хар касеро сареву савдое. Дар хамин давроне, ки танкиди адаби чун обу хаво зарур аст, диккати хонандаро ба ин масъалаи багоят мухим чалб кардани шоир аз адолатпарварии у бармеояд. Сайидали Маъмур аз он, ки мунаккидон ба шеърхои у нодуруст бахо медиханд, гам мехурад ва тавассути ин макола онхоро ба инсоф даъват мекунад. Бале, у мехохад, ки тадкик бегаразона ва ба фоидаи адабиёт бошад. Аз ин ру ин масъаларо аз руи адолат тахлилу чамъбаст намуда, хам мураккабии онро вокеъбинона нишон медихад. Ва хамзамон ахамияти танкидро таъкид карда, изхор менамояд, ки барои тадкики амик – дониши амик лозим аст. Боиси таассуф аст, ки мунаккидон бо “ба назар чунин мерасад”, “якин аст” барин тахминхо шоирро айбдор мекунанд. Шоир дуруст кайд мекунад, ки дар кадамхои аввал шоирон ба суханварони номи пайрави мекунанд, меомузанд, гохо аз шеъри онон илхом хам мегиранд. Бешак, ин амри табиист. Худи шоир хам икрор мешавад: “Банда хам икрорам, ки бо эчодиёти шоирони хурду бузург шиносои дорам, пайваста меомузам, илхом мегирам ва баъзан пайрави хам мекунам”. Инчунин у аз эчодиёти Муъмин Каноат, Лоик, Гулназар, Гулрухсор, Кутби Киром, Бозор Собир мисолхо оварда мукоиса мекунад. Дар ин мисолу мукоисахо максаду мароми шоир равшану комилтар ба зухур меояд.

Чолиби таваччух аст, ки шоир таъсири байнихамдигарии адабиётхоро яке аз мавзуъхои мухим номида, комилан сахех мефармояд: “Дар хамаи давру замонхо назми хакики самараи чустучу буд. чустучу бошад аз анъанахо чудо нест. Он бо эчодиёти шифохии халк, адабиёти классики, адабиёти рус ва дигар чумхурихои бародар, халкхои чахон пайванди ногусастание дорад. Адибон аз хамаи ин сарчашмахо омухтаанд, таъсир ва бахрахо бардоштаанд. “Хар миллат метавонад ва бояд аз дигарон омузад”, – гуфтааст Карл Маркс дар асари машхури худ “Капитал”. Хамзамон бо дарду алам кайд мекунад, ки ин равия то хол дар илми адабиётшиносии точик ба таври бояду шояд тадкик нашудааст.

Аз нигохи Сайидали Маъмур фатхи кайхон яке аз муъчизахои асри бист мебошад. Ва у боз як нуктаи чолибро хотирнишон месозад: “Шоирон хам ба иборае кайхоннаварданд. Максаду мароми онхо фатхи осмони дилхои мардум аст. Тасхири он ба Рудаки, Фирдавси, Саъди, Хофиз, Чоми, Бедил ва даххо суханварони бузурги форсу точик, ки доди суханро дода буданд, муяссар гардидааст”.

Ин чо табъан саволе матрах мешавад, ки: “Оё баъди он кадар суханварони бузурги гузаштаи худ шоири точик шудан осон аст?”.

Бале, осон нест!

Хароина, махз хамон суханваре пируз мешавад, ки аввалан, истеъдоди Худодод дошта бошад ва сониян неруи тавонои мехнаткариниро сохиб бошад.

Аз ин манзар дар маколахои “Кадри сухан”, “Гаввоси дарёи шеър”, “То ранг мегирад сухан”, “Буи бунафша” ва “Бори шабхои бехоби” тафаххус ва пажухиш пиромуни осори суханвароне чун Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Озод Аминзода сурат мегирад.

“Аз шоири умедам на шухрат асту давлат”, – мегуяд Гулназар”. Гуфтаи уро ба Гулрухсор, Камол Насрулло ва Озод Аминзода низ нисбат додан мумкин аст. Ва касди хамаи онхо аз шоири фатхи дилхост. Ин аст, ки онхо аз мушкилихо нахаросида, бо хисси масъулияти зиёд каламкаши намуданд ва ба комёбихо ноил гардиданд.

Бешак, назми муосири точикро имруз бе эчодиёти Гулназар, Гулрухсор ва Камол Насрулло тасаввур кардан мушкил аст. Зеро онхо дар катори дигар шоирони шинохтаву баркамол дар инкишофу равнаки шеъри имрузаи мо сахми арзандае гузоштаанд.

Дар маколахои зикршуда нукоте арзишманд баён мешавад ва сухан дар бораи кашфи кобилиятхо ва навпардозихо меравад. Сайидали Маъмур дуруст тазаккур медихад, ки онхо бе максад калам ба даст намегиранд, номи шоириро азиз медоранд, аз харзагуихо нанг мекунанд. Пеш аз хама Ватанро азиз медонанд ва мепарсатанд. Танхо ду мисол:

Аз Гулназар:

           “…Бе Ватан харгиз мукаммал нест

                                                            инсони мукаммал,

           Бе Ватан кур аст хар инсони бино,

           Бе Ватан лол аст хар инсони гуё,

           Ту хичоям,

           Ту забонам”.

Аз Камол Насрулло:

        “Ман ту хастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,

        Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан”.

Хамзамон Сайидали Маъмур аз айбхо ва нуксхои шеъри адибони номбурда чашм намепушад ва бо далоил ва карони гуё иддаои худро ба субут мерасонад.

Дар маколаи “Таровиши катрахо” оиди нахусткитоби шоири зиндаёд Хабибулло Файзулло сухан меравад. “Ба хукми як нихоли навбарам”, – мегуяд шоири чавон Хабибулло Файзулло. “Катраи борон” бори нахустини уст. Шоир кайд мекунад, ки Хабибулло Файзулло ба кори душвор, вале шарофатманди эчодкори дил бохтааст. Ва шеърхои “Катраи борон” махсули таппиши аввалини дили ошик мебошанд. Шоири чавон рохи худро мечуяд, овози хоси худро баланд мекунад:

           “Бувад ишку чавони хамрахи ман,

           Ба хар пайрохаи он мешитобам.

           Ки шояд аз хамин пайрохахо ман

           Рахи ояндаи худро биёбам”.

Вале сад афсус, ки 8 июни соли 1980 тасодуми мошин уро ба рохи охират бурд.

Дар ин бахш маколаи чолибе хаст бо унвони “Чони ширин, дусти ман”. Пеш аз хама ин макола аз он дарак медихад, ки шоир дар тамоми чабхахои хаёт масъулиятшинос аст. Масъулият дар назди давлату чамъият, масъулият дар рохи дустию бародари. Ин аст, ки дар душвортарин лахзахо як нусха китоб ва хакки калами шоири рус Станислав Золотсевро мефиристад. Ва аз у номаи чавоби мегирад. Ин нома гувохи медихад, ки халки точик хеч гох танхо набуд ва нест. Ва дар симои Станислав Золотсев пуштибонии халки рус бараъло намоён мегардад. Шоир бори дигар дили бузург, химмату саховат, инсоннавозию дурандешии халки русро нишон медихад.

Шоир менависад: “Фочиа, мусибат, бадбахти – чанги граждани… Дилам барои замини точик, кишвари дустон, ки ин кадар дусташ доштам, месузад. Аз кисмати шумо, аз хаёти фарзандони шумо дар ташвишам… Ман бошам хамеша ба акли солим ва дили начиби халки точик бовар доштам ва имруз хам бовар дорам: одамон кудрати куштани оташи бародаркуширо дар замини худ доранд.

Ман хар руз вакте ба ибодатгох меравам, барои хамаи шумо хам нугча мемонаму барои начоти шумо хам ибодат мекунам.

Туро ба огуш мегирам: чони ширин, дусти ман”.

Ва боз чолибтар он аст, ки чумлаи охир бо забони точики навишта шудааст.

Барои он, ки гурухи мансабталоше мехохад риштаи дустиро барканад дили ду шоир – точику рус реш-реш мегардад ва ба фигон меояд: “Мабод, ки пайванди ошноии мо гусаста гардад”. Ва шоир дилгармонаву дурбинона мегуяд: “Мехохам минбаъд хам дустони худро гарм ба огуш гирам, мисли онхо “чони ширин, дусти ман” гуям”.

Дар бахши “Шеърхо дар боби сухан ва суханварон” махсули захмати пайваста ва бисёрсолаи у гирд оварда шудааст. Хангоми мутолиаи шеърхо мисрахои Хоча Хофиз ба ёд омад:

          “Мо киссайи Сикандару Доро нахондаем,

          Аз мо ба чуз хикояти мехру вафо мапурс”.

Бале, шеърхои ин бахш саропо киссаи ишки дили уст. Аз хар як вижа самимият ва мехру ихлос эхсос мегардад.

Ин бахш бо шеъри “Баъд аз хазор сол” огоз меёбад. Бархак шоир суоли бамаврид мегузорад: “Баъд аз хазор сол ки мемонад?”. Ва якин мегуяд, ки на ту донию на ман. Зеро ки чархи ин чахонро на ту гардонию на ман. Бо вучуди ин Синову Рудаки ва Камолу Хофизу Саъди бимонд.

          “Ному нишон намонд зи шохони тахтшин,

          “Шахнома” монду кимати харфи расо бимонд”.

Ба хеч кас пушида нест, ки имруз бархе даъвии паямбари мекунанд. Шоир дар шеъри “Пеш аз мо” ба онхо чавоб мегуяд. Ва Рудакиро дар мулки шеър султону сарвар мехонад. Дар шеъри “Боз барои Фарзона” мегуяд:

           “Эй Бухоро, шоиронат зиндаанд,

           Умрбахши Мулиёнат зиндаанд”.

Лоики зикр аст, ки Сайидали Маъмур ихлосманди шеъри Мирзо Турсунзодаву Боки Рахимзода, Аминчон Шукухиву Хабиб Юсуфи, Муъмин Каноату Ашур Сафар, Лоик Шераливу Бозор Собир аст. Вай он кадар ба онхо арч мегузорад ва ба шеъру мактаби онхо содик аст, ки шеърхои зиёде дар васфашон гуфтааст. Инчунин ба Абдусалом Дехоти, Фотех Ниёзи, Рахим Хошим, Сайдали Вализода, Кутби Киром, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Хабибулло Файзулло, Ибод Файзулло, Султон Шохзода шеърхо бахшидааст.

Дар баробари ин таъкид мекунад, ки мо бояд рохи кухна напуем, харфи кухнаро нагуем. Зеро харфхои ногуфта ва роххои нарафта хеле бисёр аст. Аз ин ру моро мебояд харфхои нагуфта ва ганчхои нухуфтаро чуё шавем. Зеро ки сухани нав ва тару тоза харорату халовате дорад. чунон ки Фаррухи гуфта: “Сухан нав ор, ки навро халоватест дигар”.

Хамзамон шоир онхоеро, ки сабукмагзу сабукборанд ва кадри суханро намедонанд, фаромуш намекунад. Ба ин кабил одамон ду шеър бахшидааст. Ба суханбозон мегуяд, ки шумо бори суханро бардошта наметавонед, зури бехуда зада, миёни худро осон мешиканед. Сухан бози нест, агар бозие хохед, дар дунё чи бисёр аст бози. Аз ин ру суханро бар суханварон гузошта, паи бозии дигаре шавед. Вагарна:

           “Хар ки месозад суханро хору зор,

           Мешавад хори сухан, зори сухан”.

Дар бахши “Ба дустон, аз дустон” шеърхое хастанд, ки шоир ба дустони бурунмарзиаш бахшидааст. Дар охири ин кисмат шеърхои ба ба худи Сайидали Маъмур бахшида оварда шудааст. Мисрахои ин шеърхо аз оташи дил равшан гаштааст. Ин аст, ки Сайидали Маъмурро дар маснади хеле баланд чой медиханд.

Гулрухсор:

           “Дустам, дар мазраъи сабзи сухан,

           Бехазон хохам каламбофи туро”.

Хакназар Гоиб:

       “Дар сухан накшест аз имрузу аз фардои мо,

       Дар сухан сабз аст нахли комати барнои мо”.

Басир Расо:

           “Баъди садсолахо аз у монад,

           Шеъри волову хонаи маъмур”.

Раънои Мубориз:

           “Бигзор зи нури руи нуронии ту,

           Рушан рахи сад хазор Раъно гардад”.

Хосият Вализода:

           “Чун боди сабо навозишам месозад,

           Чои падарам чу бинамат, эй додар”.

Набичон Махмуд:

           “Сахарро чехраи пок аст, эй дуст,

           Туи мисли сахар поку мубарро”.

Дар бахши “Хотирахо” Сайидали Маъмур аз Аминчон Шукухи, Мухиддин Фархат, Мастон Шерали, Бахром Фируз, Мавчуда Хакимова ва Мутеулло Начмиддинов ёд мекунад, аз онхое ёд мекунад, ки барои адабиёти точик хизматхои шоиста ба анчом расонидаанд ва осори гаронбахое ба мерос гузоштаанд.

Шоир бо самимият аз ёрию дастгири ва пандхои устод Аминчон Шукухи сухан меронад, ки шоистаи тахсин аст. “Боре дар як шеъре, ки ба шахидони Чанги Бузурги Ватани бахшида будам, калимаи “камон”-ро истифода бурдам. Муаллим дар поёни он шеър навиштанд: “Бо камон чанг кардан ибораи кухна аст. Хозир бо камон чанг кардан хандаовар менамояд”. Дар шеъри дигар ибораи “шабхои сиёхгашта”-ро кор фармудам. Муаллим он мисраъро чунин ислох карда буданд: “Биёяд баъди шабхои сиях субхи чахонафруз”. Холо хар гох, ки ба умеди шеъргуи калам ба даст мегирам, пандхои Аминчон Шукухи ба ёдам меояд”.

Чунин кадршиноси мавкеи шоирро дар олами адаб мустахакам мекунад, маком ва обрую эътиборашро баланд мебардорад.

Шоир дар сафарномаи “Кадамгохи суханварони бузург” менависад: “Волга дарёи бузург аст. Он шахрхои зиёдеро ба хам мепайвандад, ба хонахо нур медихад, ба “тани берух”-и даштхои ташналаб “чон” мебахшад.

Суханварони номи низ дар бузурги бехамтоянд. Онхо бо эчодиёти худ торхои дили миллионхо одамонро менавозанд, кувваю гайрат мебахшанд ва ба корнамоихои нав ба нав хидоят мекунанд”.

Метавон гуфт, ки китоби “Сухан аз дустон ва устодон” арзиши зиёде дорад ва бешубха, макбули хонандагон мегардад ва чахони тозаро дар дили онхо боз месозад.

12 июни соли 2007

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …