Главная / Гуногун / МЕХРИ ЛЕНИН

МЕХРИ ЛЕНИН

– Нест бод!

– Ленин гунахгор!
– Ба мурда нигаристан убол!
– Ленин дар сохили Нева гуронда шавад!

Воачабо! Чи гапхое! На дар дег меистад, на дар кафлес. На дар бел меистаду на дар галбер. Ба дусти бегараз, кадрдон «Аниси кунчи танхои…» ру меорем.

– Ленин – бародар, рахнамо
– Дило, на ишк, на оташ, на офтобу замин, надорад он хама кувват, ки халк бо Ленин!

Ин нидохо аз калби дили шоирон чушида баромадааст. Ман шоиронро олими олимон хисоб мекунам. Бале олиманд! Чунки хар як мисра шеърашон кашфест. Гуфтаи шоирон сано кардан. Вале мо инсонем. Инсон мебинад, мефахмад ва казоват мекунад. То ба имруз фанхурда, завлонзада будем. Кунун озодем.

Гулрухсор гуфта:
Чое, ки адл шох аст,
Чашмони чахл кур аст.

Боз дар дастам китоб: П. Лукиницский «Точикистон» НДТ, Сталинобод, 1954. Мехонам: «Вакте ки пойтахтро бино кардани мешуданд, кишлоки кухна ва вайронаи Душанбе хамаги аз 40 кулбаи похсагин иборат буда, тахминан 200  нафар ахоли дошт. Лекин коммунистон дар назар доштанд, ки дар охири 5 солаи сеюм ахолии Сталинобод то 100 хазор нафар меафзояд.

Аввал шахр факат чои кишлоки Душанберо ишгол мекард. Баъд охиста-охиста васеъ шуда, чои кишлокхои Шохмансур  дар чануб ва Сари Осиёро дар шимол низ ба худ хамрох  карда, тагйир ёфт ва то имруз шинохтанашаванда гардид… Дар Душанбе хеч гуна табобатхона вучуд надошт. Ду мактаби дини, ки дар он фарзандони бойхо мехонданд, тамоми «маданият»-ро ташкил менамуд». Имруз Душанбе харчанд «симои милли надорад», «хонахояш чун куттии гугирд», вале обод, зебост.

Мегуянд, ки дар замонхои гузашта рузе аз рузхо як чупони   пири харсавор аз багали кухи Нор поён фуромада истода, бо сузу гудоз хамин байтро хондааст:

Ё илохо, дар чахон чонам муборак сохти,

Дузахи дигар чи хочат буд, чу Норак сохти.

Имруз Норак бихишт хам набошад сарсабз, макони хандаю гиряи тифлон аст. Як асари Ленинро хонда истода, ба сатрхои зерин вохурдам: «…Электриконии тамоми фабрикахо ва роххои охан шароити мехнатро озодатар мекунад. Миллион-миллион коргаронро аз дуд, чангу губор ва ифлоси халос менамояд, ба лабораторияхои тоза, равшан, муносиби одам табдил додани устохонахои ифлоси дилнокашро метезонад. Бо электр равшан кардан ва бо электр гарм намудани хар як хона миллион-миллион «канизони хонаро» аз он заруроте, ки дар ошхонаи буйнок аз чор сеяки умри худро мегузаронанд, халос менамояд».

Инро Владимир Ильич Ленин дар солхои авали Хокимияти Совети гуфтааст. Холо ин пешбинии Ильичро магар дар хаёт намебинем? Ва боз садхо зафархои мо оё афсонае? Не!  Хакикат! Пас бо шарофати чи ба даст омад?

– Ба шарофати партияи коммунисти! – мегуянд коммунистон.

– Тавассути илми мо! – нидо мекунанд олимон.

– Ба хости худованди хаждах хазори олам! – хитоб мекунанд рухониён.

Дар хар се гуфта хакикат хаст. Вале омили асоси ин мехри  Ленин аст. Вакте Ленин аз дунё мегузарад духтаре «Вох  отам!» гуён гирён ба хавли медарояд. Чон аз дасту пои модараш мебарояд.

– Ба отат чи шуд?

– Отам мурд! Вох отам!

Модар бехуш шуда меафтад. Дар ин асно шавхараш даромада меояд. Завчаашро бо азобе ба хуш меорад. У чун хайкал ба шавхар менигарист. Мефахмад, ки духтараш «отам» гуфта Ленинро мегуфтааст.

– Акнун чи кор мекунем? – бехол мегуяд зан ба шавхар, – холамон чи мешавад?

– Худаш нест, мехраш хаст, – чавоб медихад шавхар бо чашмони пуроб.

Ман ин киссаро хам дар Хучанд, хам дар Кулоб, хам дар Зарафшону Бадахшон шунидам. Оре, мехри Ленин дар дилхо монд. Ленин рафт, партия монд. Ва халк бовари дошт, ки партияи онхоро завол нахохад буд. Вале хазор афсус партия аз руи гуфтаи Ленин амал накард. Ленин гуфта буд: «Хокимият ба Советхо!», «Замин ба дехконон!», «Заводу фабрик ба коргарон!» Карданд? Не! Ленин гуфта буд: «Хонед, хонед, боз хонед!» на бо «пул»-у «таго» сохиби диплом шаведу бо калаи бемагз, дастони ногиро, чашмони нобино ба решаи дарахти иктисодиёт, маданият теша занед. На бо «пул»-у, «гусфанд» шаходатномаи ронандаги харида садхо одамони бегунохро зер карда кушед. На аз паси нозу нузи фарзанди калакадуи донишбезор гиребони устод гиред. На нашъа кашида ба сари нависандаи миллат тег кашед.

Ленин интизоми оханинро гарави комёбию зафархо медонист. Ва оё хамин тавр набуд? Танхо катрае аз бахр-армияро гирем. То солхои 60-ум армияи мо – бале армияи мо! – мактаби обу тоби чавонон буд. Волидайн чигарбандашонро бо ханда, бо ифтихор, бо суруду ракс ба сафи армия гусел мекарданд. Борхо шунидем, ки дар хакки  бадахлокон мегуфтанд:

– Ба хизмат равад, одам шуда меояд.

Ва бо ду чашми сар дидем, ки бадахлокон ба хизмат рафта, одам – йигити чор кас медидаги шуда омаданд. Ба хизмат харобу логар рафта аз он бо танутуш ба кавли   муйсафедон «бузбала» ва забондон шуда меомаданд. Ба хонаи духтар оксакол мерафт, мепурсиданд: «хизмата адо кардааст?» Яъне хизмат карда бошад аз обу оташ гузашта,  пухта, ба хаёти оилави тайёр шудааст. Бархе аз хизмат бо аруси нозанин меомаданд. Пас чи шуд? Интизом нест. Сихат рафт девона омад ва ё тамоман барнагашт. Бе ному нишон. Тобут аз паси тобут омад. Фигони волидайн ба фазо печид. Ва то хол бо дили реш-реш, дили садпора фигон доранд. Оё Ленин гуфта буд, ки падаратро чаноза накун, пояи тобуташро набардор, ба кабристон нарав, ёди гузаштагонро накун. Ва ё Ленин гуфта буд, ки токи, чома напуш, локи набанд. Ва оё Ленин гуфта буд, ки писарро хатна кардан гунох аст. Барои ин амал билети партиявии коммунистонро кашида гиред. Хамаи инро рохбарони олимакоми хизб бофта бароварданд. Барои чи? Барои никор гирифтан. Барои аз байн рабудани ракиби худ. Барои сиёсат. Тарсонидан. Алови чашм гирифтан. Дар кадом асари Ленин хондаед, ки котибони дуюми комитетхои партияии (комсомол хам) нохия, шахр, вилоят ва чумхури хатман бояд рус бошанд. Нест ин гап. Дар мо бошад ин ба хукми конун даромад. Ва ин кам набуд, ки Каххор Махкамов аз центр кадр талабид. Омаданд. Ва хамагон диданд, ки чи хел хурданду дум хода карданд. Олимакомон сурати Ленин дар киса дарахти махалгарои сабзониданд. Меваи он дуздию горатгари, берахмию чахолат. Инсон ба инсон месузад. Ва имруз инсон ашки талх мерезад. Мегиряду бори гарони хеш мекашад. Ленин одами якум буд, вале байни мардум буд. Боре хондем, ки у дар як муддати кутох 200 бор бо коргарони Москва вохурдааст. Дар шанбеги як сари чуб дар дасти коргар сари дигараш дар дасти Ленин буд. Ленин ба гайр аз як орден (агар хато накунам онро ба у чумхурияти Хоразм супорида буд) дигар ягон мукофот надошт. Ленин чи кадар бадарга шуд? Чи хорию зорихо дид. Вале боре шиква накард. Боре таъна назад. Боре мушт ба миз зада ба сари касе наъра накашид. Ленин як забон, як ру, як дил дошт. Ленин гуфта буд, ки дар хар кадам хайкаламро  монед, кучаву хиёбонхо, колхозу совхозро ба номам гузоред, дар кучое рост омад суратамро овезед? Не! У ба ин эхтиёч надошт. Мо худамон инро кардем. Мо худамон номи дохиро зери по кардем. Халк чунин латифа мегуяд: Брежнев мемураду ба он дунё меравад. Ленин аз гиребонаш мегирад ва мегуяд: «Аблах, ман аз дуздон коммунист тарбия кардам, ту коммунистонро дузд карди!».

Ленин пешгуи карда буд: «Коммунизм – ин Хокимияти Совети ба замми он электриконидани тамоми мамлакат аст!» Агар мо ба гуфтаи Ленин амал карда хокимияти совети месохтем, шояд ба коммунизм мерасидем. Вале бархе чун Берияи зулмпеша ва Черненкои чоплусу безиё решаи дарахти хокимияти советиро сузониданд. Бисёр мешунавем, ки муйсафедон бо хасрат мегуянд:

– Агар Ленин зинда мебуд.

– Агар Ленин писар медошт.

Бале, агар Ленин зинда мебуд ва ё писар медошт, шояд то ба ин руз намерасидем.

Вакте ки Бозор Собирро барои «Чанг дар Афгонистон кахрамони нест» гуфтанаш ба майдони Озоди кашиданд, рузноманигоре нидо кард:

– Хайр кушедаш! Шоиркуши ба шумо мерос мондааст!

Худоё! Чи хел инсонем мо?!

Николай Кривомазов менависад: «Агар имруз дар мамлакат сарнагун сохтани мучассамахои Ленин катъ карда нашавад, худи пагох Горбачёв ё Елсинро ба хокистар бадал месозанд. Мувофик ба комус, мучассамахо гуфта он чиро меноманд, ки барои таскину рохати хотира офарида шудаанд. Бе мучассамахо мамлакат ба чохи бехуди фуру хохад афтод». («Правда», 30 октябри соли 1991).

– Ленинро даст накобед!

– Гиребони худ бибуед!

Боз хитобхо.

Боз ба худ мепечам, андеша мекунам.

Боз хайронам. Хайронам, чаро устодон, фарзандони баруманди халки точик Лоик, Гулрухсор, Гулназар, ки дируз Ленинро васф мекарданд, имруз хомушанд. Хайронам, чаро устодони хакбину хакчу, хакнавису хакгу Бозор Собир, Низом Косим, Зиё Абдулло хомушанд? Аё устодон! Хазор узр аз шумо, лек оё шумо талкин накардаед: «Дахони пушида сад тилло нест!» Ва боз мегуям: «Сухани шумо ба захми халк чун малхам аст!» Мо ба шумо бовари, эътикод дорем. Мухточи сухани шумоем. Дар хар кадами хаёти мо, дар хар комёбию зафархои кишвари мо, дар хандаю гиряи мо Мехри Ленин буд, хаст ва хохад монд. То чахон хаст, Мехри Ленин човидон аст!

28 ноябри соли 1991

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …