Главная / Илм / МЕХРГИЁХ дар Канзи Шифо (Китоб)

МЕХРГИЁХ дар Канзи Шифо (Китоб)

mehrgiyohМехргиёх —  ин гиёхи машхур ва муътабар аст, ки ба забони русси онро «Женщень» меноманд. Навъхои гуногун дорад. Як навъи растании сахроияш монанди мармичон аст, баландиаш то як газ мехезад, баргаш монанди барги анчир, вале майдатар аз он, самараш дар вакти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари тут аст. Гулаш сафед. Решааш ба сурати ду инсони ба хамдигар рубаруистода бо лифхои сурхранги муймонанд печида аст ба хилофи мехргиёхи дигар, ки лифхои мазкур надорад. Модом ки сари ин суратро чудо накунанд, кувваташ то шаст сол боки мемонад.

Ин намудаш ду синф аст: яке ба мода машхур аст ва ранги он моил ба сиёхи, чубмонанд, баргаш монанди барги коху, аз он нафистар ва майдатар, буяш нофорам, вазнин ва ба руйи замин пахн, дар миёнаи баргхояш ба андозаи себи хурд самари хушбуй хам дорад. Даруни он монанди тухмхои муруд тухмхо чой гирифтаанд. Решааш гафс, ду ё се адади ба якдигар пайваст, берунаш сиёх ва дарунаш сафед, он пусти гафс дорад, гиёхаш поядор. Синфи дувуми нарашро баргаш сафеди суфтаи хамвор, ба андозаи барги лаблабу калон, решааш ду баробари решаи модаи он, ки ба микдори бодиринг мешавад. Рангаш заъфарони, буяш хуши вазнин. Чупонон онро мехуранд ва баъд онхоро хоби дуру дароз мегирад. Шакли решааш ба решаи навъи модааш монанд, яьне ба сурати инсони мода аст ва аз решаи синфи модааш андак дарозтар, гиёхаш бепоя.

Синфи севум дар сарзаминхои соядор ва пасти меруяд. Баргаш сербари дароз, худаш майда аст, дарозиаш то як вачаб мехезад, бепоя. Гафсии решааш баробари нарангушти одам, дарози сафед, гиёхаш бегулу самар. Ин аз хама кавитарини мехргиёххост.

Низ муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеи» гуфтааст, ки дар сарзамини гарми Шероз наздик ба Кальаи Шахрёр навъе мехргиёх меруяд, ки дарозиаш аз як вачаб кутохтар, бо дасту по, рангаш сафед мешавад. Бехтаринаш кавитар ва фарбехи он аст. Мизочи Мехргиёх дар дарачаи дувум хунук ва хушк аст, вале баъзехо сард дар аввали дарачаи севум ва хушк дар охири он дарача донистаанд.

Хислатхои шифобахши он: ошомидани он хоб меоварад. Чун инро дар шароб андохта, он шаробро бинушанд, сахт маст мекунад. Буйидани он низ хоби дуру дарозро ба судур меоварад. Ва агар дар макъад дароранд низ, дуру дароз хоб мебарад. Ин хосият махсус ба сафедбарги бепояи он мебошад, ки зикр ёфт. Агар инро аз хад зиёд бинушанд ё бибуянд, ба иллати сакта (мурда барин бехаракат мондан) гирифтор менамояд. Гох аз он шароб хам месозанд барои дафъ кардани бехоби ба ин усул: 2,4 килограмм пусти решаи онро дар 38 литр шароби ширин меандозанд. Инак, аз он шароб 71 грамм менушанд. Гохо пусти онро дар шароб то кувваташ ба он баромадан мечушонанд ва барои хоби дароз овардан аз он шароб микдори бисёре истеъмол мекунанд.

Решаи мехргиёхи кисми севумро бо заъфарон бихуранд, дарди бугумхо, иркуннасо ва никрисро шифо мебахшад. Ва агар ин решаро ба гардан овезанд, иллати саръро ба ибро меоварад. Баргашро куфта гузошта банданд, дарди чашм ва обравии онро дафъ мекунад. Решаашро бо сиканчабин биёшоманд, дилтапак (дилбози)-ро шифо мебахшад.

Решаи мехргиёхро аз чанд чояш метарошанд, аз он чо чун ашк обе таровиш мекунад. Ба таги он зарферо гузошта он обро чамъ мекунанд. Агар 25 грамм аз ин об бо шахдоб бинушанд, моддаи ракики сафро ва балгамро ба воситаи кай дафъ мекунад. Инчунин ошомидани ин оби мехргиёх балгам вз сафроро бо исхол дафъ месозад. Чун он обро кудакон ва гайра тановул намоянд, гохе бинобар кави будани куввати таъсираш халок мекунад.

Решаи инро биёшоманд, бачадонро аз моддахои гайри пок менамояд. Чун мехргиёхи норасидаро бо равгани гули сурх соида, зани хомила ба шикам ва камари худ бимолад, бачаашро аз афтодан нигох медорад. Оби аз решааш таровишёфтаи онро ба кадри 0,25 грамм занхои хомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онхо меафтонад.

Чун решаи онро бо гугирди оташнадида даромехта, занхо аз таг бардоранд, хунравии бачадонро катъ мекунад. Агар инро бо косни даромехта бихуранд, сузиши пешоб, яъне сузокро шифо мебахшад. Агар инро бо асал ва равгани зайтун сиришта бихуранд, газидани чонварони захрнок ва захри сагангури котилро тарёк мебошад (хусусан синфи севуми онро, ки ба синфи сафедбаргаш монанд аст, истеъмол намоянд, чунин аст).

mehrgiyoh-177x300Чун навъи котили мехргиёхро касе бихурад, аввалан уро хафа (бурма) шудани гулугохи бачадон, сурхии чехра ва баромадагии он, бархам хурдани акл ва холате мисли афюнхурда руй медихад, баъд марг меояд. Тадбири он равган, оби гарм ва асал хурда кай намудан ва давохои баданро поккунанда ошомидан аст. Низ талхшувокро дар об чушонида, он обро бо асал нушида кай фармудан аст. Инчунин мурч, шибит, кокути, мустако, сафедоб, шири навдушида, хояи сагоби ва хардал (горчица) хуронидан даркор ва хангоми содир шудани исхол чургот нушонидан низ яке аз тадбирхои дафъи захролудшавист.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз мехргиёх аз 0,19 то 0,5 грамм аст, гуфтаанд. Бояд огох кунем, ки мехргиёхро бидуни давохои ислохбахши он хурдан чоиз нест. Ислохи он бо нишоиста, равгани бодоми ширин ва равгани бунафша даромехтан аст; низ барги гули соида ва рубби решаи бепусти ширинбия, сабир (алоэ), халила, талхшувок ва заъфарон аст. (Рубб — оби давохост, ки чушонида гафс гардонида бошанд). Агар инро бе ислохкунандааш бихуранд, мизочро вайрон мекунад, боиси варамидани руй, дарди чигар, вайронии холати меъда ва дигар ходисоти ногувор мегардад.

Реша ва самари Мехргиёхро куфта бипошанд, решхои хуранда ва захмхои раддиро шифо мебахшад. Агар инро куфта бимоланд, варамхои сахт ва мулоимро тахлил медихад ва ханозерро шифо мебахшад. Чун инро махин куфта, бо сирко сиришта ба чамра (карбункул), ки реши мухлик аст, гузоранд, дафъ мегардонад, инчунин донача ва обилахои дамидаро низ шифо мебахшад.

Инро куфта, бо орди гандуми бирёнкарда даромехта гузошта банданд, дарди бугумхоро дафъ мекунад. Агар инро бихуранд, иллати филпоро шифо мебахшад. Ва агар инро бимоланд, нуктахои сафеди пустро бе хеч гуна азият пок мекунад. 1,5 грамми онро бо шароб биёшоманд, чунон хоби сахт мегирад, ки хар як узви онро бурида аз танаш чудо кунанд, эхсос намекунад ин амал дар корхои чаррохи истифода мешавад.

Чун 4,5 граммашро аз синфи севумаш батанхои ё бо нон ва ё бо орди гандуми бирёнкарда бихуранд, хамон дам аз акл берун месозад, хоби сахт мебарад ва то се-чор соат дар хамон холат мемонад, ки хеч як чизеро дарк ва эхсос карда наметавонад бинобар чамъ шудани харорат дар ботин, карахт мондан ва бархам хурдани хис. Баъд баъзе табибон он одамро дар оби хунук меандозанд, то ки аз ин холат начот ёбад. Мехргиёхро сухта, дудашро бигиранд, бечо шудани акл ва девонагиро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …