Главная / Илм / МЕГАКОЛОН

МЕГАКОЛОН

megakolonМЕГАКОЛОН (Megacolon; юн. megas – калон ва лот. colon – кулун), кисман ё пурра васеъ гаштани рудаи гафс. Васеъшавии патологии рудаи сигмашаклро «мегасигма» меноманд. Сабабхои М. гуногун мебошанд: пурра таракки накардани дастгохи асабхои рудаи гафс (аганглиоз), осеби силсилаи асабхои маркази, ночурихои эндокрини, гиповитаминозхо, омилхои равони. Дар кудакон сабаби нисбатан бештари М. аганглиози рудаи гафс (бемории Гиршспрунг) ва шаклхои носурии атрезияи рудаи рост мебошанд (дар мавриди онхо харакат ва гузарониши кисми канории рудаи гафс халал меёбад).
Аломатхои болинии М.: дар руда банд шудани начосат ва газхо; ба вучуд омадани кай, баъзан омехта бо талха. Шикам дамиш карда, холати бемор тадричан бад мегардад (ин аломати захролуди аст). М.-ро бо усули ирригоскопия ва эндоскопия ташхис менамоянд. Агар сабаби М. дар нукси инкишофи руда бошад, пас онро бо усули чаррохи табобат мекунанд. Дар холатхои дигар пархез ва дорушифои натичаи дилхох медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …