Главная / Илм / МЕЧНИКОВ Иля Илич

МЕЧНИКОВ Иля Илич

mechnikovМЕЧНИКОВ Иля Илич (15. 05. 1845, дехаи Ивановка, хозира нох. Купянски вил. Харков – 15. 07. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи мукоисави, микробиология ва эмбриологияи эволютсиони. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Ун-ти Харковро (1864) хатм кардааст. С-хои 1870 – 82 проф. Ун-ти Новороссийск дар Одесса (холо Ун-ти давлатии Одесса ба номи И. И. Мечников). С. 1886 бо хамрохии Н. Ф. Гамален якумин бунгохи бактериологии русро барои мубориза бо беморихои сирояти ташкил кард. С. 1887 ба Париж омада, дар Ин-ти Л. Пастер кор кард. Бо хамрохии А. О. Ковалевский конуниятхои умумии инкишофи хайвоноти бемухра ва мухрадорро муайян намуда, ба эмбриологияи эволютсиони асос гузошт. С. 1882 ходисаи фаготситозро ошкор ва дар асоси он патологияи мукоисавии илтихоб (1892) ва назарияи фаготситии иммунитетро ба вучуд овард. М. масъалаи пиршавиро тадкик карда, ба хулоса омад, ки пири ва марг дар натичаи худзахролудии организм ба амал меояд. Дар асоси ин акида як катор воситахои пешгирии худзахролудшавии организмро пешниход намуд (стерилизатсия кардани хурок, кам хурдани гушт, истеъмоли ширу чургот ва г.). М. дар асархояш масъалахои илму фалсафаро низ мухокима ва мулохиза кардааст. Лауреати Мукофоти нобели (1908, якчоя бо П. Эрлих).
Ад.: Избранные биологические произведения, М., 1950; Академическое собрание сочинений, т. 1 – 16, М., 1950 – 64.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …