Главная / Илм / МЕБЕЛ

МЕБЕЛ

mebelМЕБЕЛ, асбобу анчоми хона ва истехсолот. Барои сохтани М. тахта, пластмасса, металл ва диг. масолехро истифода мебаранд. М. – хое маъмул гаштаанд, ки аз чанд кисм иборатанду як блоки мукаммалро ташкил медиханд.
М. чунин талаботи хатмии гигиени дорад: бояд ба андозаи тани одам ва синну сол мувофикат кунад, зеро мизхои хатнависи, курсихо ва М.-хои номувофик боиси кач гаштани сутунмухра, тарангии мушакхо ва хастаги мешавад.
М. бояд аз масолехи ба нами тобовар сохта шавад, чои бисёрро ишгол накунад ва манзилро торик насозад. Махсусан ба М.-и истехсоли ахамият дода мешавад. Дар ин маврид таъсири онро ба саломатии коргарон ва махсули мехнат ба назар мегиранд. М.-и кори бояд ба чисми одам чун такягох бошад, шиддати мушакхоро то метавонад сабук кунад, ба фаъолияти мунтазами мушакхои бадан ёри дихад, касро хаста насозад.
Сохти нишастгохи аксари мошин ва механизмхоро мувофики стандарти давлати тахия ва аз чихти илми асоснок карда месозанд. Одатан кирра ва сатхи онхоро хамвор ва суфта мекунанд. Хангоми сохтани курсихои кори шароити истехсолотро ба назар мегиранд; дар мавриди зарури М.-хои харакаткунанда, даврзананда ва такягоху поймонакдор сохта мешаванд.
Мебели кудакон бояд ба кад ва таносуби чисми кудак мувофикат кунад. Ин шарти зарурии шакли дуруст гирифтани комат аст. Дар чумхури мебели кудаконаи андозааш хархела, аз чумла барои кудакони синни ясли ва томактаби истехсол карда мешавад. М.-и кудаконро хамвор сохта, киррахояшро суфта мекунанд (то ки зуд ва хуб шуста шавад), бо рангхои сабзи кушод, зарди чигари, кахваранг ва г. пардоз медиханд.
Кати кудакон бояд тахтаги ва металли бошад. Онро дар чои равшан, дуртар аз асбобхои гармкунанда ва дару тирезахо мегузоранд. Кудакро то шашмохаги дар кати баланди деворхояш паст, баъди шашмохаги дар кати пасттар, вале деворхояш панчарадор хобондан лозим аст. Кудакони синнашон аз 3-сола боло метавонанд дар кати бе девор хоб раванд. Бистар (матрас)-и кудак бояд хамвор, андаке сахт бошад ва нагз шуста шавад. Ба руи бистар чилди пахтагин кашида онро хафтае 1 – 2 бор шустан лозим. Пеш аз хоб ба бистар матои обногузар (клеёнка ё руйкаши селофани) ва чойпуш мепушонанд; бохабар бояд шуд, ки он ба деворхои кат чафс шавад, даст ё пои кудак ба роги кат дарнамонад. Сари хар чанд вакт рахти хобро ба берун бароварда шамол додан лозим. Бистари мулоими пари ё пахтагиро истифода бурдан чоиз нест, зеро он харакати кудакро махдуд мекунад, кудак аз хад зиёд гарм мешавад, кадду комати у шакли нодуруст мегирад. Тоза кардани ин гуна бистар мушкил аст.
Хамин ки кудак мустакил менишастаги шуд, уро ба курсии махсуси баланд шинонда хурок медиханд. Ин гуна курси дар вакти зарури ба миз ва курсии паст табдил меёбад. Агар кудак мустакил хурок хурад, уро ба паси мизи баландиаш мувофик мешинонанд. Дар руи миз ва курси бояд оринчи кудак дар тахти кунчи рост кат шавад. Баландии нишастгохи курси бояд ба дарозии сок, якчоя бо панчахо ва пошани пойафзор баробар бошад. М. – и калонсолонро бо рохи пасту боло кардани нишастгохи курси ва интихоби поймонак ба каду комати кудак мувофик мекунанд.
Кудаки хурдсолро (аз 7 – 8 – мохаги то 1,5 – 2-солаги) барои бози дар катчаи тетипопо (манеж) мегузоранд. Бо ин максад катчаи деворхояш баланди панчаранокро низ кор фармудан мумкин аст. Аз он рахти хобро мегиранд, то ки кудак наафтад.
Баъзе моделхои манежи бачагонаро аз чорчубаи пластмаси сохта, ба он тур мекашанд. Чунин манежхо хеле кулай буда, онхоро аз як чо ба чои дигар кучондан ва ба кисмхо чудо кардан мумкин аст. Мухимаш ин ки онхо чои бисёрро ишгол намекунанд. Барои бачахои синни томактаби мизчаи курсидор хатмист. Он барои расмкаши, бозихои руимизи, аз чумла машгулият бо конструктори бачагона хеле мувофик аст. Мебели бачагони синни миёна ва калонсол аз диван-кат, чевони махсуси китобу либос, мизи кори ё секретер иборат аст. Мувофики коидахои гигиена ба мебили бачагона нитроэмал ё лаки беранг мемоланд.
Мебели мактаби. Он аз мебели мукаррари на танхо бо андоза, балки бо намуди зохириаш низ фарк мекунад. Мебели бачагона чанд вазифаро адо карда метавонад. Хангоми харидани мебел кади бачаро ба назар гирифтан даркор. Барои дароз кардани мухлати истифодаи мебел баъзе моделхоро тавре месозанд, ки дар рафти истифода андозаи онро мувофики инкишофи бача тагйир додан имконпазир бошад.
Мебели мактаби барои тачхизондани синфхонахо пешбини шудааст. Ба мебели мактаби парта, миз, курси дохил мешавад. Вобаста ба синну соли хонандагон баланди ва ранги мизу курсихои мактаби гуногун аст. Мас., мебели № 1 барои хонандагони кадашон 1000 – 1150 мм пешбини шуда, бояд ранги норанчи дошта бошад; баландии сатхи кории миз 460 мм, баландии курси 260 мм мешавад.
Кормандони тиб бояд назорат кунанд, ки мебели мактаби хатман тамгаи фабрикави дошта бошад.
МЕВА, узви растанихои пушидатухм. Арзиши гизоии М. асосан ба микдори карбогидратхо, витаминхо, кислотахои органики, моддахои минерали, пектини ва даббогии таркиби он вобаста аст. Кислотахои органикии таркиби М. (чавхари лиму, кислотаи себ ва сирко) мувозанати кислотаю ишкори организмро нигох медоранд; ин гуна кислотахо махсусан дар лиму, олу, олуболу, зардолу зиёданд.
Намакхои минералии М. хушхазм мебошанд. Махсусан намакхои калий хеле мухиманд; онхо дар таркиби зардолу, олуболу, гелос ва олу зиёданд. Намаки калийи зардолукок ва гулунг дар организм хуб хазм мешавад. Себ, нок, зардолу ва шафтолу дорои намакхои хушхазми охан мебошанд.
Танинхо (ба моддахои даббоги мансубанд), ки таъсири витамини С-ро меафзоянд, дар таркиби бихи, нок, себ, хурмо, анор бисёранд. Дар онхо моддахои пектини низ мавчуданд, ки ба кори узвхои хозима таквият мебахшанд.
М.-хои тухмдор бештар фруктоза, М.-хои донакдор бошанд, глюкозаю сахароза доранд. Дар М.-хои ситруси 50 – 90 мг% витамин чамъ мешавад. М. захирагохи табиии витаминхост. Мас., 100 г М.-и настаран то 1500 мг% витамини С ва 5 мг% каротин (провитамини А), М.-и сиёхкот бошад, то 400 мг% витамини С дорад. М.-хои зардолу, олу, ангат ба микдори зиёд каротин доранд; витамини Р дар настаран, мевахои ситруси, губайраи сиёх бисёр аст. Ангур, анчир, бектоши, зардолу, шафтолу, олуболу, олу, себ, бихи, афлесун, норанч ва г. дар таркиб бештар канд (глюкоза, фруктоза, сахароза) доранд. Дар таркиби аксар навъхои олу ва олуболу кислотахои органики фаровон буда, барои хазми гизо мусоидат мекунанд. Баъзе аз М.-хо (бихи, себ, шафтолу, афлесун, хурмо ва г.) ба микдори зиёд моддахои пектини доранд. Пусти М. нисбат ба гушти он сервитамин аст.
М.-хо харгуна хурокро дар организм нагз хазм мекунанд. Онхо фаъолияти гадудхои гуворишро ангехта, чараёни хазми гизоро ба танзим медароранд.
М. барои одамони синну солашон гуногун, хусусан кудакон, шахсони солхурда, занони хомила ва ширмакон гизои хеле зарурист. М. хамчун гизои муоличави низ пурбахост. Он хусусан барои бемороне, ки ба ихтилоли гардиши хун, атеросклероз, бемории гипертония, амрози гурда, газаки рудаи гафс ва кабзият гирифторанд, ахамияти калон дорад.
Ба одам махсусан М.- и тару тоза судбахш аст. Хангоми захираи М. ва пухтани хуриши меваги кушидан лозим аст, ки хусусиятхои фоиданок ва витаминхои он нигох дошта шаванд. М.-ро бевосита пеш аз пухтани компот тоза ва реза мекунанд. Онро бояд ба оби чуш андохта пазанд, вале аз хад зиёд набояд чушонид. Дар саноат ва рузгор М барои истеъмол бо роххои гуногун захира ва тайёр карда мешавад. Тарзи хозиразамони консервкунони имкон медихад, ки хусусиятхои судманди М. то андозае махфуз монанд.
Дар руи М. мумкин аст хар гуна микробхо (аз чумла микробхои бемориовар), тухми кичча, инчунин моддахои химияви (дорухое, ки зидди зараррасонхои растани истифода бурдаанд) вучуд дошта бошанд. Бинобар ин пеш аз истеъмол онхоро бо оби гарм шустан хатмист. Истеъмоли баъзе М. ва гучуммева гохо боиси пайдоиши аллергия мешавад.
Ниг. низ ба маколахои чудогона дар бораи анвои мевахо.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …