Главная / Илм / «МАЪДАНУ-Ш-ШИФО»

«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО»

madanu-shifo«МАЪДАНУ-Ш-ШИФО» («Кони шифобахш»), асари Бхува ибни Хавосхон дар боби тиб, ки дар Хиндустон ба забони точики таълиф ёфтааст. «М.» бо номи «Тибби искандари» ва «Тибби сикандари» низ маъруф мебошад. Муаллиф онро ба амри хокими замони худ Искандаршохи Луди с. 1512 дар асоси китобхои Аюрведаи хинди дар як мучаллади бузург таълиф намудааст. Номи дорухо, моддахо бо истилоххои хоси тибби Хинд ва бо тартиби хуруфоти араби ва эзохи маънои онхо оварда шудаанд. «М.» аз чихати сохт, мундарича ва баёни масъалахо аз китобхои тибби форс-точик хеле фарк мекунад. Мундарачаи «М.» аз мукаддима ва 3 боб иборат аст. Мукаддимаи асар ба таърифи илми тиб ва мохияти он бахшида шудааст. Боби якум, ки «дар мукаддимоти илоч» (тайёри ба муолича) ном дорад ва аз 15 фасли алохида иборат аст, дар бораи мархилахои муолича, хусусияту таъсири таъмхо (ширини, шури, турши, талхи, тези, зумухт) ва таъсири онхо дар фаслхои гуногуни сол, олоти чаррохи, шуллук мондан, тарики мухофизати вучуди инсон аз беморихои гуногун, аломатхои зиёдати ва нуксони хилтхо (хун, балгам, талха ва савдо) ва пайдоиши беморихо, муътадил гардидани хилти фосидшуда ба воситаи исхолу кай ва г., номи дорухои хинди, хусусияти дорухо, баёни баъзе дорухои омос ва думбал, тарики нигохубини мачрухон ва г. бахс мекунад. Боби дуюм аз 3 фасл иборат буда, тасвири аъзои бадани инсон ва ташрехи он (анатомия), баёни кайфияти манию чанин ва хомилаги (гинекология), кайфияти рагхо ва фасд (хун гирифтан)-ро дарбар мегирад. Боби сеюм ба беморихо ва муоличаи онхо бахшида шуда, аз 22 фасл иборат аст. Дар ин боб тасвири таб, исхол, бавосир, яракон, беморихои дахон ва халк, захмхое, ки аз истеъмоли шароб пайдо мешаванд, беморихои сабаби галабаи бод, бемории саръ, беморихои шикам, дил, сина ва масона, илочи фарбехи, омосхо, фатк (чурра), хориш, беморихои лаб, дандон, забон, ком, гулу, гуш, чашм, дарди сар, беморихои занону кудакон, беморихои пуст, тайёр кардани нушокию шарбат, дар тадбири дог ва г. баён гаштааст. Ба гуфти худи муаллиф дар «М.» 1167 бемори баён шудааст. Хангоми омухтани сабабхои бемори ба хисоб гирифтани хусусияти талха, балгам ва бод асоси тиббии ин асар буда, хангоми муайян кардани сабаби беморихо ба хисоб гирифтани вазъияти рухии инсон хусусияти дигари бехтарини он аст. Баъзе мавзуъхои китоб ба тарики саволу чавоб навишта шудаанд. Мас., муаллиф ба мавзуи усулхои ибтидоии тиб ру оварда, мегуяд: «… мараз чизеро гуянд, ки чун дар вучуди инсон пайдо шавад, ранч расонад. Суол: Баъзе чизхоанд, ки инсонро аз он ранч намерасад, бо он ки онхоро низ мараз мегуянд, чунончи кулфат ва хоб ва монанди он. Чавоб: Агарчи зохиран инхо ранч намерасонанд, аммо аз ин чизхо дар дил карохат пайдо мешавад ва карохати дил – ранч аст. Ва хобро агарчи рохат гуфтаанд, аммо бисёрии он мучиби ранч аст…»
Як нусхаи «М.», ки аз 799 сахифа иборат аст, дар китобхонаи Ин-ти забон ва адабиёти АФ ЧТ махфуз мебошад (китобаташ такр. ба а. 17 тааллук дорад).
Ад.: Капранов В., Хошим Р., Хикмати асрхо, Д., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …