МАЗДОИЯ

МАЗДОИЯ. дине, ки дар замони салтанати Модихо (асрхои 9—6 то м.) ва Хахоманишиён (асрхои 6—4 то м.) дар сарзамини Эрон, Афгонистон ва Осиёи Миёна хукмрон буд, Бо номи худои олии дин Маздо (Ахуромаздо) маъмулу машхур гаштааст. Маздоия дар заминаи оини маздони кухан, ки дини ба ном натуралисти дар ахди кадим дониста мешуд, ташаккул ёфта, идеологияи давраи гуломдорию патриархалиро ифода мекард. Он бо зардуштия каробат дорад. Эътикод ба худои неки Ахуромаздо ва парастиши оташ чихати умумии хар ду оин мебошад. Аммо дар Маздоия Ахуромаздо хомии хокимияти шохи буда, бо шох робитаи бевосита дорад.

mazdakizm

Мувофики Маздоия мухолифони шохро Ахурамаздо танаффур мекунад. То хукмронии Хушиёршох Ахуромаздо дар Маздоия худом оли буд, вале на ягона. Дар катори у худохои кабилавии махалли — девхо низ парастида мешуданд. Хашиёриох дар ибтидои хукмронии худ ислохоти дини гузаронид, ки мувофики он парастиши девхо манъ шуд. Аммо дар катибахои баъдинан Хахоманишиён дар катори Ахуромаздо олиха Анахито ва Митра хотиррасон мешаванд. Дар бораи Хашиёршохро начотдихандаи олам, муждарасони «эътикоди хакики» эълон кардан низ баъзе кушишхо буданд. Маздоия бар хилофи зардупггия дафни мурдагонро дар маркад манъ намекард.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …