Главная / Чамъият / МАТБУОТИ ДАВРИ ВА ДИГАР ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА

МАТБУОТИ ДАВРИ ВА ДИГАР ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРИ ВА ДИГАР ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013 №3, мод. 201; с. 2016, №5, мод. 365; Конуни ЧТ аз 24.02.2017, №1407)

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукукии фаъолияти матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онхоро мукаррар карда, муносибатхои вобаста ба онхоро танзим менамояд.

matbuot

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– агентихои иттилооти – шахсони хукукии тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бакайдгирифташудае, ки барои  чамъовари, коркард, тахия ва интишори иттилоот фаъолият менамоянд;

– акида –  баходихи, баёни нуктаи назар, шарх, инчунин изхори андеша оид ба муносибат ба зухурот, раванд ва ё шахсият аст, ки  дар онхо хулосаи тасдикшаванда ё радшавандаи далелхо вучуд надорад;

– ахбори оммави (иттилооти оммави) – хабархо ва маводи чопи, аз он чумла садоию симои ва дигар маълумот дар бораи шахс, ашё, далелхо, вокеахо, падидахо ва инчунин акидахо аст, ки тавассути воситахои чопи, аудиои ва видеои барои доираи васеи истифодабарандагон пахн мегарданд;

– аккредитатсия  – номнавис шудани намояндагони воситахои ахбори омма дар макомоти давлати ё ташкилотхои дахлдор барои дастраси ба иттилоот ва интишори он;

– воситахои ахбори омма –  матбуоти даври, хамчунин агентихои иттилооти, барномахои телевизиону радио, кинохроникахо, сабтхо ва барномахои аудио ва аудиовизуали мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел пахн мешаванд;

– журналист –  шахси вокеиест, ки ба чамъовари, тахрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситахои ахбори омма машгул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (карордоди) мехнати ё дигар муносибатхои шартномави алокаманд аст ва аз руи ваколати ба у додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиходияхои касбии журналистон мебошад;

– матбаа – макони ба чоп расонидани воситахои ахбори оммаи чопи;

– матбуоти даври – рузномаву хафтаномахо, мачаллахо, солнома ва мачмуаву буллетенхое, ки номи доими, раками чори дошта, дар вакту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба табъ мерасанд;

– муассис – шахси вокеи ва (ё) хукукие, ки воситаи ахбори оммаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд;

– ношир – шахси вокеи ва (ё) хукукие, ки интишори нашрияи даврии чопиро амали мегардонад, аз чумла чихатхои ташкили, молиявию техники, технологи ва дигар таъминоти интишори онро ба ухда дорад;

– пахнкунандаи воситаи ахбори омма – шахси вокеи ва (ё) хукукие, ки дар асоси шартнома бо редаксияи воситаи ахбори омма махсулоти онро пахн менамояд;

– раддия – талаби хаттии шахси вокеи ва хукуки дар хусуси рад намудани маълумоти нодурусти дар воситахои ахбори омма пахншуда, ки шаъну шараф ва эътибори кории уро паст мезанад;

– редаксияи воситахои ахбори омма – шахсони вокеи ва хукуки ё ташкилотхои (зерсохторхои) онхо, ки нашри воситаи ахбори оммаро амали мегардонанд;

– сармухаррир (мухаррир) – шахсе, ки редаксияи воситаи ахбори оммаро рохбари менамояд ва нисбат ба нашри он карори нихои кабул мекунад;

– сензура – аз чониби макомоти давлати ё шахсони мансабдори онхо, дигар шахсони вокеи ва хукуки, новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофикаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда;

– чавоб – вокуниши хаттии шахсони вокеи ва хукуки нисбат ба чопи маълумоти нодурусти халалдоркунандаи хукук ва манфиатхои конунан хифзшавандаашон дар воситахои ахбори омма.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Озодии матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма

  1. Матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма дар Точикистон озоданд.
  2. Хар шахс хукуки озодона чустучу, дастрас ва пахн намудани ахбор, изхори акида ва дар шаклхои бо хамин Конун мукарраршуда пахн намудани онхоро дар матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма дорад.
  3. Хама гуна поймол кардани озодии матбуоти даври ва дигар  воситахои ахбори омма аз чониби шахс, шахсони мансабдори макомоти давлати, чамъияти, аз чумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, гайриконуни боздоштан ва ё катъ намудани фаъолияти он тибки конунгузори боиси ба чавобгари кашидан мегарданд.
  4. Сензура ва таъкиб барои танкид манъ аст.
  5. Дар Чумхурии Точикистон тибки конунгузори ба инхисори матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма рох дода намешавад.

 

Моддаи 4. Забони воситахои ахбори омма

Дар Чумхурии Точикистон воситахои ахбори омма фаъолияти худро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо забони давлати ва бо забонхои дигар амали менамоянд.

 

Моддаи 5. Дастгирии давлатии воситахои ахбори омма

Давлат риояи хукук ва манфиатхои конунии воситахои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситахои ахбори омма ба таври маблаггузории максаднок, кумаки молияви ва дигар намудхои дастгирии давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 6. Рох надодан ба суиистифода аз озодии сухан

  1. Интишори маълумоти дорои сирри давлати ё ахбори дигари бо конун хифзшаванда, ахборе, ки барои бо зури сарнагун сохтан ё тагйир додани сохти конститутсиони, ба содир намудани чиноят, барангехтани кинаю адовати нажоди, милли, махалгарои, дини, забони, ташвикоти чанг, зулму зуровари, фаъолияти террористи ва экстремисти, халалдор кардани тамомияти арзи ва мустакилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметхои порнографиро таблиг ва ташвик мекунад, манъ аст.
  2. Воситахои ахбори омма барои объективи будан ва сахехии ахбори аз чониби онхо пахншаванда чавобгаранд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСЁБИ  ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 7. Хукуки таъсиси воситахои ахбори омма

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони хукуки мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба таъсиси воситахои ахбори омма хукук доранд.
  2. Ба таъсиси воситахои ахбори омма хукук надоранд:

– шахсони ба синни хаждахсолаги нарасида ва шахсоне, ки бо карори суд гайри кобили амал ё кобилияти амалашон махдуд эътироф карда шудаанд;

– хизбхои сиёси, харакатхои сиёси, ташкилотхо ва шахсони хукукие, ки фаъолияташон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд ва ё манъ карда шудааст;

– шахсони хукукии хоричи, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд;

– шахсони хукукие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онхо сармоягузории хоричи зиёда аз 25 фоизро ташкил медихад.

  1. Воситахои ахбори омма мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар шаклхои ташкилоти тичорати ва гайритичорати таъсис дода мешаванд.
  2. Воситахои ахбори омма, ки сохтори таркиби ва тобеи шахси хукукии таъсисдодашуда мебошанд, бе макоми шахси хукуки ташкил карда мешаванд ва фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 8. Хуччатхои таъсисии воситахои ахбори омма

  1. Хуччатхои таъсисии воситахои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти тичорати таъсис дода мешаванд, шартномаи таъсиси ва оиннома мебошанд.
  2. Хуччатхои таъсисии воситахои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти гайритичорати таъсис дода мешаванд, инчунин воситахои ахбори оммаи тичоратие, ки  аз чониби як шахси вокеи ва хукуки таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад.
  3. Шартномаи таъсиси байни якчанд муассис баста мешавад.
  4. Дар шартномаи таъсиси муайян карда мешаванд:

– номгуй (насаб, ном ва номи падар) ва макони чойгиршавии (макони зисти) муассисон;

– намуд, ном, забон, максад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

– шакли ташкилию хукукии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

– андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

– манбаъхои маблаггузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

– тартиби таксимоти фоида ва чуброни зарар, агар  воситахои ахбори омма ташкилоти тичорати бошанд;

– тартиби мавкуфгузори ва катъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

– дигар мукаррароте, ки конунгузори пешбини кардааст.

  1. Оинномаи редаксияи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдик карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешаванд:

– намуд, ном, забон, максад, ихтисос, даврият ва теъдоди нашри воситаи ахбори омма;

– сурогаи хукукии (макони чойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;

– хукук ва ухдадорихои муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма;

– манбаъхои маблаггузории воситаи ахбори омма;

– тартиби ташкили воситаи ахбори омма;

– тартиби таксимоти фоида ва чуброни зарар, агар воситаи ахбори омма ташкилоти тичорати бошад;

– тартиби мавкуфгузори ё катъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

– тартиби азнавташкилёби ва бархамдихии воситаи ахбори омма;

– тартиби кабули оиннома ва ворид намудани тагйиру илова ба он;

– дигар мукаррароте, ки конунгузори пешбини кардааст.

  1. Дар мавриди зерсохтори шахси хукуки будани воситаи ахбори омма фаъолияти он тибки низомномае, ки аз чониби макоми болоии шахси хукуки тасдик карда шудааст, ба рох монда мешавад.

 

Моддаи 9. Макомоти идоракунии фаъолияти воситахои ахбори омма

  1. Макомоти идоракунии фаъолияти воситахои ахбори омма муассисони онхо мебошанд. Дар баробари хукуку ухдадорихои муассиси, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, муассиси воситахои ахбори омма вазифадор аст:

– редаксияи воситахои ахбори оммаро ташкил дихад;

– барнома ва самти асосии фаъолияти воситахои ахбори оммаро муайян кунад;

– бо редаксияи воситахои ахбори омма шартнома бандад;

– интишори воситахои ахбори оммаро таъмин кунад;

– риояи конунгузориро дар бобати воситахои ахбори омма таъмин кунад;

– вобаста ба хама гуна тагйироти оинномави ва ташкили фаъолияти воситаи ахбори омма ва редаксияи он ба макомоти ваколатдори давлатии бакайдгирии давлатии шахси хукуки ва бахисобгирии воситахои ахбори омма сари вакт хабарнома пешниход карда, барои барасмиятдарории тагйирот чорахо андешад.

  1. Дар шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма инхо муайян карда мешаванд:

– хукук ва ухдадорихои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;

– шартхои омодасози ва интишори воситаи ахбори омма;

– тартиби маблаггузории фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма;

– тартиби мухайёсозии шароити мехнатии истехсоли ва маишию ичтимоии кормандони редаксияи воситаи ахбори омма;

– тартиби муносибати тарафайн бо шахсони сеюми ба фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма чалбшаванда;

– ухдадории тарафхо;

– дигар мукаррароте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

  1. Редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси оиннома амал мекунад. Он метавонад муассиси воситаи ахбори омма бошад. Фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси мустакилияти касби ба рох монда мешавад.
  2. Сармухаррир (мухаррир) рохбарии редаксияи воситаи ахбори оммаро ба ухда дорад. Сармухаррир (мухаррир) бо карори муассиси воситаи ахбори омма ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сармухарир (мухаррир) аз номи редаксияи воситаи ахбори омма бо муассис шартнома мебандад. Сармухаррир (мухаррир) дар асоси мукаррароти Конуни мазкур, оиннома ва шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма амал мекунад.
  3. Хайати тахририя мувофики тартиби пешбининамудаи оинномаи (низомномаи) воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Сармухаррир (мухаррир) раиси хайати тахририя мебошад.
    6. Муассис ё дигар шахси хукукие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техники таъмин мекунад, ношири он буда метавонад.

 

Моддаи 10. Бакайдгирии давлатии воситахои ахбори омма

  1. Воситахои ахбори омма ва ё редаксияхои онхо, новобаста аз шакли моликият, мутобики тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун шахси хукуки ба кайди давлати гирифта мешаванд.
  2. Максади бакайдгирии давлатии воситахои ахбори омма хамчун шахси хукуки ба расмият даровардани вокеияти хукукии таъсисёби, азнавташкилдихи ва бархамдихии шахси хукуки ва катъ гаштани фаъолияти онхо, инчунин ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ворид намудани маълумот дар бораи онхо мебошад.
  3. Бакайдгирии давлатии воситахои ахбори омма хамчун шахси хукуки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, ки бакайдгирии шахсони хукукиро ба танзим медарорад, сурат мегирад.
  4. Бархамдихии воситахои ахбори омма мутобики тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма

  1. Бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма аз чониби макоми ваколатдори давлатии бахисобгирии воситахои ахбори омма сурат мегирад, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  2. Бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма бо максади пешбурди Фехристи ягонаи давлатии бахисобгирии воситахои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва хифзи манфиатхои онхо гузаронида мешавад.
  3. Макоми ваколатдори бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма дастгирии давлатии онхоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию хукуки, амали мегардонад.
  4. Ариза барои бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма аз чониби муассис ё шахси ваколатдори муассис пешниход шуда, дар муддати мукарраршуда барраси мегардад. Барои бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма ба андозаи мукарраршуда хирочи давлати ситонида мешавад.
  5. Дар ариза дар бораи бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма бояд нишон дода шаванд:

– маълумот дар бораи муассис;

– ном, забон (забонхо) ва намуди воситахои ахбори омма;

– максад ва вазифахо;

– ихтисос;

– худуди пахншави;

– даврият;

– манбаи маблаггузори;

– макони чойгиршавии (сурогаи хукукии) воситахои ахбори омма ва редаксияи онхо;

– теъдоди нашр;

– маълумот дар бораи он, ки муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма дар дигар воситахои ахбори омма муассис, мудири ваколатдор, ношир, пахнкунанда (бо нишон додани андозаи сахми хар яки онхо дар сармояи оинномави) мебошанд.

  1. Ба ариза дар бораи бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма нусхахои хуччатхои зерин замима карда мешаванд:

– шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки;

– иктибос аз Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди;

– оинномаи воситаи ахбори омма.

  1. Агар воситаи ахбори омма ташкилоти гайритичорати бошад, инчунин муассиси воситаи ахбори оммаи тичорати як шахси вокеи ва (ё) хукуки бошад, ба ариза замима кардани шартномаи таъсиси талаб карда намешавад.
  2. Дар холати пас аз бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма тагйир ёфтани маълумот ва хуччатхои дар кисми 5 хамин модда зикргардида, воситахои ахбори омма бояд мутобики тартиби мукарраршуда аз расмияти азнавбахисобгири гузаранд. Дар холатхои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ухдадор аст, ки дар муддати як мох макоми ваколатдори давлатии бахисобгирии воситахои ахбори оммаро дар бораи тагйироти мазкур ба таври хатти хабар дихад.
  3. Бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма бо шаходатнома дар бораи бахисобгирии воситахои ахбори омма тасдик карда мешавад.

Моддаи 111. Боздоштани фаъолияти воситахои ахбори омма

  1.                 Хангоми ошкор намудани холатхои аз тарафи воситахои ахбори омма содир шудани амалхое, ки ба максадхои оинномавиашон мухолифат мекунанд, макоми ваколатдори бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма ба ин воситахои ахбори омма огохиномаи хатти мефиристад ва мухлати бартараф кардани онхоро мукаррар менамояд.
  2.                 Дар сурати аз чониби воситахои ахбори омма риоя нагардидани мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва ё прокурорхои тобеи у ба воситахои ахбори омма дар бораи бартараф намудани конунвайронкунихо амри хатти фиристода, мухлати бартараф намудани онхоро мукаррар менамояд.
  3.                 Агар дар мухлати мукарраршуда конунвайронкунихое, ки асоси баровардани амри хатти ё огохиномаи хатти гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ё прокурорхои тобеи у ва ё макоми ваколатдори бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситахои ахбори омма мурочиат намоянд.
  4.                 Тартиби боздоштани фаъолияти воситахои ахбори оммаро дар давраи вазьияти фавкулода конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд  (КЧТ аз 14.05.2016, №1314). 

Моддаи 112. Катъ гардидани фаъолияти воситахои ахбори омма

  1. Фаъолияти воситахои ахбори омма бо асосхои зерин катъ мегардад:

– бо карори муассис;

– бо сабаби азнавташкилдихии (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табди л додан) воситахои ахбори омма;

– бо халномаи суд.

  1. Фаъолияти воситахои-ахбори омма, сарфи назар аз мавчудияти бахисобгирии давлати бо халномаи суд катъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ катъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад  (КЧТ аз 14.05.2016, №1314).

Моддаи 12. Бе кайди бахисобгири пахн кардани воситахои ахбори омма

  1. Макомоти давлати хукук доранд, ки хуччатхои расми ва буллетенхои худро бе кайди бахисобгири интишор ва пахн намоянд.
  2. Муассисахои таълими ва илми хукук доранд маводи ахбори ва хуччатхои барои фаъолияташон заруриро бе бахисобгирии давлати нашр ва пахн намоянд. Ба хисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситахои техникии чоп, аудио, аудиовизуали омода кардани мавод, ки барои пахн намудан таъин нашудаанд ё хамчун дастнавис нусхабардори мешаванд, талаб карда намешавад.
  3. Хангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха  нашр гардидани махсулоти чопи бахисобгирии давлатии воситахои ахбори омма талаб карда намешавад.

Моддаи 13. Муносибатхои молумулки ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситахои ахбори омма

Муносибатхои молумулки ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситахои ахбори омма мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи байни онхо мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 14. Воситахои ахбори омма ва хукуки моликияти зехни

Воситахои ахбори омма хангоми истифодаи мавод бояд конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали оид ба хукуки моликияти зехниро, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 15. Маълумот дар бораи воситаи ахбори омма

  1. Хар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:

– номи воситаи ахбори омма;

– номи муассиси (муассисони) воситаи ахбори омма;

– насаб, ном ва номи падари сармухаррир (мухаррир);

– раками тартибии шумора ва санаи нашр, барои рузнома – хамчунин рузи ба нашр имзо шуданаш;

– индекс барои воситахои ахбори оммаи даврии  чопие, ки тавассути ташкилотхои алока пахн карда мешаванд;

– теъдоди нашр;

– нарх (дар мавриди бо нархи тичорати фурухта шудани нашрия) ё худ нишони “нархаш озод” ё “ройгон”;

– нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;

– раками шаходатномаи бахисобгирии давлати ва номи макоме, ки онро додааст.

  1. Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони хангоми огози хар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд хар шабонаруз камаш чор маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намоянд.

Моддаи 16. Пахн намудани воситахои ахбори омма

  1. Махсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи конуни ташкилотхои пахнкунандаи нашрияи даври, хамчунин шахсони вокеи пахн мекунанд.
  2. Бе нишон додани маълумоти воситахои ахбори омма пахн кардани махсули онхо манъ аст.
  3. Мамониат ба пахн намудани воситаи ахбори омма, хамчунин пурра ё кисман мусодира намудани он, агар оид ба он карори суд мавчуд набошад, манъ аст.
  4. Ташкилотхои пахнкунандаи воситаи ахбори омма хукук надоранд, ки бо сабабхои мухолифати андешахои сиёси аз пахн намудани он даст кашанд.

Моддаи 17. Махфуз доштани нусхахои ахбори пахншуда

Редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва матбаа дастхатхо ва нусхахои ба табъ расидаро бояд баъди интишор дар мухлати на камтар аз як сол махфуз доранд.

Моддаи 18. Хукук ба навиштани чавоб

Шахси вокеи ва (ё) хукукие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои конунан хифзшавандаашро нашр кардааст, хукук дорад дар хамон воситаи ахбори омма чавоби худро нашр кунад. Чавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад.

 

Моддаи 19. Хукук ба радия

  1. Шахси вокеи ва (ё) хукукие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси у маълумоти бардуруг ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро пахн намудааст, хукук дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.
  2. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба хакикат мувофик будани маълумоти пахннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи хамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси вокеи ва (ё) хукуки матни раддияи худро пешниход карда бошад, дар мавриди ба талаботи конунгузори мувофик будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.
  3. Раддия ё чавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар хамон сахифа, бо хамон хуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Хачми матни раддия набояд аз хачми маълумоти радшаванда зиёд бошад.

Моддаи 20. Асосхои рад кардани раддия

Дар мавридхои зерин редаксияи воситаи ахбори омма ухдадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:

– агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;

– агар раддия мухолифи карори ба кувваи конуни даромадаи суд бошад;

– агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

Моддаи 21. Баррасии ариза оид ба нашри раддия аз тарафи суд

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мухлати барои нашри чунин мавод мукарраршуда, шахси манфиатдор хукук дорад дар муддати то як соли баъди нашри макола ба суд мурочиат намояд.

Моддаи 22. Нашри ахбори расми

  1. Воситахои ахбори оммае, ки онхоро макомоти давлати таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин макомотро нашр намоянд.
  2. Воситахои ахбори омма вазифадоранд карори эътибори конуни пайдонамудаи судро дар бораи дар хамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар мухлати мукарраршуда нашр намоянд.

БОБИ 3. МУНОСИБАТИ ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА БО МАКОМОТИ ДАВЛАТИ ВА ТАШКИЛОТХО 

Моддаи 23. Хукук ба гирифтани иттилоот

  1. Хар шахс хукук дорад, ки тарики воситахои ахбори омма дар бораи фаъолияти макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо иттилооти аник ба даст орад.
  2. Воситахои ахбори омма хукуки аз макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гирифтани ахборро доранд. Макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо ба воситахои ахбори омма маълумоти зарури дода, барои шинос шудан бо хуччатхо имконият фарохам меоранд.
  3. Макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо вазифадоранд, ки ба воситахои ахбори омма маълумоти расмии зарури ва ба маводхои танкиди ва тахлилии онхо, ки омузиши иловагиро талаб намекунанд, дар мухлати то се рузи кории баъди мурочиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, чавоб диханд. Аз чониби макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдори онхо иттилооти таъчили, ки ахамияти чамъияти дошта, ба номгуи маълумоти дорои сирри давлати ва дигар маълумоте, ки бо конун хифз карда мешавад, дохил нест ва омузиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниход карда мешавад.
  4. Рохбарони макомоти давлати ва ташкилотхо вазифадоранд ба маводи танкиди ва тахлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омузиши иловагиро талаб мекунанд, дар мухлати на бештар аз ду хафтаи баъди рузи нашри (пахши) онхо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор чавоб диханд.
  5. Дар холати аз додани маълумот саркаши намудани рохбарони макомоти давлати ва ташкилотхо, намояндаи воситаи ахбори омма ба макомоти болои ё тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят карда метавонад.

Моддаи 24. Радкуни ва таъхир дар пешниходи иттилоот

  1. Радкунии пешниходи иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 конуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкуни ба воситаи ахбори омма дар муддати се рузи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.
  2. Таъхир дар пешниходи иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниходи маълумоти талабшаванда дар мухлати се руз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мухлати се руз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мухлати пешниходи иттилоот супорида мешавад.
  3. Дар холати рад намудани пешниходи иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба макомоти болои ё мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд мурочиат намояд.

Моддаи 25. Истифодаи мавод ва эчодиёти муаллифон

  1. Воситахои ахбори омма эчодиёти муаллифонро бо риояи хукуки муаллифи истифода карда метавонанд.
  2. Хеч шахс хукук надорад, ки воситахои ахбори оммаро ба нашри маводи радкардаи редаксияи он вазифадор намояд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  3. Дар вакти нашри маводи пешниходшуда ихтисор ва тахрири матн равост, ба шарте ки мазмуни аслии он тахриф нашавад.
  4. Нашри мавод аз дигар воситахои ахбори омма бо нишондоди хатмии сарчашмаи он ва бе тахриф мумкин аст.

Моддаи 26. Холатхои махсуси фош накардани ахбор

Воситахои ахбори омма ва журналист хукук надоранд:

– насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, гайр аз мавридхое, ки онро суд талаб мекунад;

– маълумоти тафтишоти пешакиро бе ичозати хаттии прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намоянд;

– дар ахборашон натичаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз руи он карор эътибори конуни пайдо накардааст, мавриди мухокима карор диханд;

– бе розигии ноболиг ва намояндаи конунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиги конунвайронкунанда гардад.

 

Моддаи 27. Хифзи сарчашмаи ахбор (иттилоот)

  1. Журналист ва редаксияи воситаи ахбори омма барои  фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот ухдадор нестанд, ба истиснои холатхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.
  2. Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танхо бо розигии сохиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси карори суд мумкин аст.
  3. Иттилоъ ва ё маълумоти тибки карори суд фошшударо танхо бо максадхои дар карори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст.

БОБИ 4. ХУКУКХО, УХДАДОРИХО ВА АККРЕДИТАТСИЯИ  ЖУРНАЛИСТ

Моддаи 28. Хукукхои журналист

  1. Журналист хукук дорад:

– ахборро чустучу, дастрас, тахрир  ва интишор намояд;

– вобаста ба ичрои вазифаи журналисти бо шахсони мансабдор хамсухбат шавад;

– хама гуна далелро, аз чумла бо истифода аз воситахои техникии аудиовизуали, асбобхои кино ва аксбардор сабт намояд, гайр аз мавридхое, ки конун манъ кардааст;

– бо нишон додани шаходатномаи журналисти дар махалхои махсус мухофизатшавандаи офатхои табии, садама, махалхои бетартиби ва чойхои чамъшавии шахрвандон, инчунин дар махалхое, ки дар онхо вазъи фавкулодда эълон шудааст, дар гирдихамои ва рохпаймоихо хузур дошта бошад;

– зимни санчиши далелу холатхои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон мурочиат намояд;

– аз навиштани маводи хилофи эътикодаш даст кашад;

– иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шарти (тахаллус) интишор намояд;

– барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналисти вобаста ба ичрои вазифахои касби ба хуччатхои расми дастраси дошта бошад;

– аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри у, дар рафти тахрири редаксияи воситаи ахбори омма тахриф шудааст, номашро гирад;

– оид ба нигох доштани сирри муаллифи пешаки гуфтугу кунад.

  1. Журналист аз хукукхои дигаре хам истифода мебарад, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Моддаи 29. Ухдадорихои журналист

Журналист ухдадор аст:

– оинномаи фаъолияти редаксияи воситахои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати мехнати дорад, риоя кунад, аз руи нишондодхои он амал намояд;

– сахехияти ахбори гирифтаашро санчад;

– пеш аз нашр маводи мусохибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофика намояд;

– хохиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон конеъ кунонад, ба шарте ки ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

– ичрои супоришеро, ки сармухаррир (мухаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи конунгузории Чумхурии Точикистон бошад;

– хукуку озодихо, манфиатхои конунии инсон ва шахрванд, хукук ва манфиати конунии ташкилотхоро эхтиром кунад;

– хангоми ичрои вазифаи касби шаходатнома ва ё дигар хуччате, ки мансубияти уро ба воситаи ахбори омма тасдик менамояд, пешниход кунад;

– воситахои ахбори оммаро бо максади   дахолат кардан ба хаёти шахси, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардуруг, маълумотхои тухмату тахкиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони вокеи ва хукукиро паст мезананд, истифода набарад.

Моддаи 30. Аккредитатсияи журналистони воситахои ахбори омма

  1. Воситахои ахбори омма дар мувофика бо макомоти давлати ва ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, метавонанд  намояндагони худро дар онхо хамчун журналист аккредитатсия намоянд.
  2. Журналисти ваколатдор хукук дорад дар мачлисхо ва дигар чорабинихои ин макомоти давлати ва ташкилотхо иштирок намояд, тибки тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо стенограмма, протокол ва хуччатхои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарури онхоро нусхабардори намояд.

 

БОБИ 5. ХАМКОРИХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ВОСИТАХОИ АХБОРИ ОММА 

Моддаи 31. Хамкорихои байналмилали

Хамкорихои байналмилалии редаксияхои воситахои ахбори оммаи Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Фаъолияти воситахои ахбори оммаи хоричи дар Чумхурии Точикистон

  1. Воситахои ахбори оммаи хоричи хукук доранд дар Чумхурии Точикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо рохи кушодани филиалхо, намояндагихо ва ё аккредитатсияи журналистон дар Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Филиал ва намояндагихои воситахои ахбори оммаи хоричи, инчунин агентихои иттилоотии байналмилали дар Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд ва ба хисоб гирифта  мешаванд.
  3. Хабарнигорони хоричиро Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраргардида аккредитатсия менамояд ва аккредитатсияашонро бекор мекунад.

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 33. Чавобгари барои риоя накардани конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 34. Холатхои озод кардан аз чавобгари

Сармухаррир (мухаррир) ва хамчунин журналист барои дар воситахои ахбори омма пахн кардани маълумоте, ки ба вокеият мувофикат намекунад, дар чунин холатхо аз чавобгари озод карда мешаванд:

– агар ин маълумот дар нашрияхои чопи ба табъ расида бошад;

– агар ин маълумот аз агентихои иттилооти ё хадамоти матбуоти макомоти давлати ва ташкилотхо гирифта шуда бошад;

– агар маълумот дар нуткхои муаллиф, ки мустакиман ба мавч мераванд ва ё дар матнхое дарч шуда бошад, ки мувофики Конуни мазкур набояд тахрир шаванд;

– агар маълумот дар суханронихои расмии шахсони мансабдори давлати, аз чумла аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон айнан садо дода бошад.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 1990 “Дар бораи матбуот ва дигар воситахои ахбори омма” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, с. 1990, №24, мод. 421; Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1992, №10, мод. 144; №11, мод. 175; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №3, мод. 48; фасли ЧIII; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли VII; с. 1999, №12 мод. 335; с. 2002, №4, к. 1,  мод. 269) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                                         Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 961

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …