Главная / Илм / МАСТОСИТОЗ

МАСТОСИТОЗ

mastositozМАСТОСИТОЗ (Mastocytosis; юн. mast[ig] – фарбех ва юн. cytus – хучайра), бемории музминест, ки бо осеби пуст, узвхои дохили ва устухонхо падид меояд. Сабаби М. дар бофтахо рушд ёфтани хучайрахои захим (фарбех) аст. М. шаклхои гуногун дорад.
М.-и популёзи ё саглеси ранга дар хама синну сол дучор меояд. Аломати он дар бадан пайдо шудани догхои чигари ё папулахо (кутрашон 3 – 8 мм) мебошад. Яке аз нишонахои ташхисии М. алоими Унни аст: хангоми молиш додан, доначахо сурх шуда, варам мекунанд ва ба обила табдил меёбанд (сабаби ин аз хучайрахои захим хорич шудани моддахои фаъоли биологи – гистамин, серотонин, брадикинин аст).
М.-и гирехчадор дар кудакони то 2-сола ба мушохида мерасад; дар бадан пулакчахои зард (диаметрашон то 15 мм)-и шабех ба пусти афлесун пайдо мешаванд.
М.-и диффузи дар хар синну сол дучор меояд. Он тамоми пустро фаро мегирад. Пусти иллати зардчатоб гашта, сатхи он ба назар суфта ё андаке регдор менамояд.
М.-и буллёзи дар кудакони то 2-сола зухур меёбад. Дар пуст обилачахо (диаметрашон то 20 мм) пайдо мешаванд, ки пур аз моеи шаффоф мебошанд (онхо баъди чанд руз худ аз худ нест шуда мераванд).
М.-ро духтур муолича мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …