Главная / Илм / МАСТОПАТИЯ

МАСТОПАТИЯ

mastopatiyaМАСТОПАТИЯ (Mastopathia; mastos – сина ва pathos – бемори), иллати дарднокест, ки хангоми он дар кисми болои гадудхои хар ду сина (аз берун) омосхои андозаю зичиашон гуногун пайдо мешаванд. Хангоми бо даст палмосидан омосхо мисли рег ё укдахои чудогона менамоянд. Дар баъзе мавридхо дард бевосита пеш ё дар давраи хайз ба вучуд омада, аз пистон моеъи шилмак ихроч мегардад. Гарчанде ки худи М. хатарнок нест, бо вучуди он ба омос табдил ёфтани маризиро пешгири бояд кард. Аз ин сабаб дар сурати руй додани ягон тагйирот дар гадуди сина, хусусан сахт шудани он, ба маркази мушовараи тиббии занон ё диспансери онкологи мурочиат намудан зарур аст. М. асосан дар чавони (то 30-солаги) дар натичаи ихтилоли кори гадудхои усораи дохили ба вучуд меояд. Ин ихтилол асосан бо илтихоби гуногуни узвхои чинси ва искот (аборт) алокаманд аст. Бинобар ин саривакт табобат кардани амрози узвхои чинси ва рох надодан ба искот дар пешгирии М. ахамияти калон дорад. Ба инкишофи мастит набояд рох дод. Дуруст макондани кудак барои пешгирии беморихои омосии гадуди сина мухим аст. Кудакро тадричан ва факат бо маслихати духтур аз сина мебароранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …