Главная / Илм / МАСТИТ

МАСТИТ

mastitМАСТИТ (Mastitis; аз юн. mastos – пистон), синадард, газаки гадуди шир. Бемори, одатан, баъди чанд вакти кафидани нуги пистон ба вучуд меояд. Гадуди шир ногахон дард мекунад, варамида сахт ва пусти он сурх мешавад. Харорати бадан баланд гашта, табларза ба вучуд меояд.
М. – ро, одатан, микробхои фасодзо ба вучуд меоваранд. Натанхо кафидани нуги пистон, балки хар гуна осеби пусти гадуди сина, гарчанде нихоят хурд бошад хам (варам, харошхури ва г.), барои микробхои касалиовар «дарвозаи кушода» хоханд шуд. Микробхо аз пусти осебдида ба рагхои лимфа, сипас ба бофтаи пайвандии гадуди шир гузашта, боиси илтихоб мегарданд. Агар нуги сина хамвор ё чукур ва пусташ аз хад нозук бошад, он гох мекафад. Аз ин ру, дар мушоварагохи тибби ба зани хомила тавсия медиханд, ки каблан синаро ба макондан омода созад, нигохубини дурусти пистонхоро аз худ намояд. Микробхо аз манбаи илтихоб (дандонхои пусида, тонзиллити музмин ва г.) ба тавассути рагхои хун ба бофтахои гадуди сина дохил мешаванд, аз ин сабаб дар аввали давраи хамл табобат кардани ин беморихо хеле мухим аст. Риояи тарзи дурусти синамакони ва коидахои бехдошти шахси барои пешгирии М. ахамияти калон дорад.
Нуги пистон пахн ё кутох бошад, макидани кудак душвор мегардад. Бо максади шакли пистонхоро тагйир додан рузхои аввали хомилаги масх кардани гирди гадудхои шир муфид аст. Ин корро худи зан карда метавонад. Барои ин дастро бо оби гарм собуншу карда, чанд дакика хар як гадуди ширро молидан (ба рафти акрабаки соат) лозим аст. Дар давраи дуюми хомилаги хар руз 10 – 15 дакика пистонхоро барахна карда, дар хонаи бодхонаш кушода дароз кашидан мумкин аст.
Баъди таваллуд хар руз пистонбандро иваз карда, пистонхоро бо оби гарму собуни кудакона шустан ва бо сачоки алохида хушкондан лозим аст. Пистонхоро бо эхтиёт шустан даркор, то ки ягон чои онхо накафад. То макондани кудак ва баъди он пистонхоро бо оби чушида шустан ё бо махлули кислотаи борат тоза кардан лозим аст. Хангоми макондан кушиш кардан даркор аст, ки кудак нуги пистонро пурра ба дахон гирад. Баъди хар дафъаи макондан шири бокимондаро полидан зарур аст. Дар мавриди кафидани нуги пистонхо, бехад сахт, сурх ва дардманд шудани гадудхои шир, баланд гаштани харорати бадан (аломатхои М.) зуд ба духтур мурочиат бояд кард.
То муоинаи духтур макондани синаи бемор ё полидани шири онро бас кардан норавост. Мунтазам казои хочат кардан (бо истифода аз дорухои дарунрони намакдор) ва кам истеъмол намудани нушокихо (рузе то 1 л) барои рафъи бемори муфид аст. Бо максади пешгирии шахшавии хуни вена ва ба дигар гадудхо пахн нагаштани бемори пистонро андаке боло бардошта бастан лозим.
Ба хеч вачх бо маслихати шиносон ба худтабобат рох набояд дод. Дар аснои худтабобат истеъмоли дорухо сабаби газакро бартараф намекунанд ва бемори идома меёбад. Минбаъд чои сахтшудаи гадуди шир нарм мегардад, ки далел ба пайдоиши римхона аст. Дар ин сурат чаррохи ногузир мебошад. Ба таъхир андохтани муолича ачаб нест, ки боиси инкишофи оризахои ногувор шавад.
М. дар навзодхо низ ба мушохида мерасад. Сабаби он сироят ёфтани гадуди шир аст (асосан аз стафилококкхо). М. -и навзодон бисёр вакт дар заминаи пиодермия ривоч меёбад. Калон шудани гадуди шир (одатан, яке аз гадудхо), сурх гашатани пусти болои он, ба вучуд омадани дард, ру тофтан аз сина, бекарори, баланд шудани харорати бадан ва г. аломатхои М.-и навзодон мебошанд. М.-ро дар беморхона табобат мекунанд.
Ниг. низ Дарди синаи навзодхо.

М. Т. Анакулова.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

БА ТАНЗИМОРИИ МУХИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятхои бенихоят васеи батанзимории мухити кории худ мебошад. Максад аз танзими …