Главная / Илм / МАСТАК

МАСТАК

mastakМАСТАК (Thermopsis dolychocarpa), гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 80 см кад мекашад. Пояаш сершохча, баргаш (дарозиаш 4 – 11 см) сепарраи думчадор (баргчахояш нештаршакл), гулаш калони зард, тухмаш бури зардтоб (вазни 1000 донааш 20 – 25 г); гилофакаш пахн, дарози байзашакл (2 – 11 см), сермуяку сертухм, нугаш дарафшмонанд. Апр. – июн гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар нишебии теппахои зардхок ва киштзори лалми меруяд. Ба сифати ашёи доруи баргу поя ва тухми М. истифода мешавад. Онро дар давраи гулшукуфт гундошта, дар чои кушода мехушконанд. Тухми М.-ро баъди пурра расиданаш чамъ меоранд.
Дар тибби халки чушоби баргу пояи сабзи М.-ро хангоми сурфаи сахт, табларза, сили шуш, чушоби решаашро чун воситаи исхоловар ва киччарон истифода мебаранд. Аз барг, поя, тухм ва решаи М. алкалоидхои термопсин, ситизин ва пахикарпин мегиранд. Ситизин таквиятбахши нафаскаши аст; махлули 15-фоизаи он (сититон)-ро дар тиб хангоми таваккуфи рефлексии нафаскаши (дар аснои осеб ёфтан, чаррохи, шок ва г.) кор мефармоянд. Ситизин ба таркиби «теофедрин» низ дохил мешавад (давои зики нафас). М. дар таркиби дорухои «котермопс» ва «термопий» мавчуд аст. Онхоро барои муоличаи сурфа рузе 2 – 3 маротиба истеъмол мекунанд. Накеъи алафи М. чун давои балгамрон кор фармуда мешавад (якчумчаги рузе 3 маротиба).
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорсатущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …