Главная / Илм / МАШГУЛИЯТИ СПОРТи

МАШГУЛИЯТИ СПОРТи

mashguliyati-sportiМАШГУЛИЯТИ СПОРТи. Хангоми мунтазам бо варзиш машгул шудан, дар организми одам тагйироти морфологи ва физиологие ба амал меояд, ки фаъолияти тамоми узву бофтахоро таквият мебахшад. Дар натича муковамати организм ба таъсири омилхои номусоиди мухит ва мутобикати он ба тахмили гуногун афзуда, чисми одам нагз инкишоф меёбад. Дар ин тагйирот, ки ба М. с. вобаста аст, системаи асаб мавкеи мухим дорад. Кувваи харакат ва тавозуни фаъолияти асаб, хамчунин суръати аксуламали мухаррики хеле зиёд мешавад; фаъолияти узвхои даррок такмил меёбад; микдори эритроситхо ва гемоглобини хун меафзояд; дар мушакхо, майнаи сар, мушакхои дил захираи моддахои энергетики зиёд мешавад. Узвхои такяю тахрика низ тагйир меёбанд: устухон ва бандхо мустахкам, микдор (масса), хачм ва неруи мушакхо зиёд мегардад.
Хангоми М. с.-и мунтазам мушакхои узвхои нафаскаши инкишоф ёфта, хачми шуш калон мешавад. Нафаскаши чукур ва нафасбарори бардавом мегардад. Дил дар шароити хеле мусоид кор мекунад; ба хадди афзудани неру суръати кашишхурии дил каме суст мешавад, ки далели кори хуби он аст.
Шарти асосии М. с. ба варзиши чисмони тадричан бештар ва мунтазам машгул шудан аст. Чунончи, дар мархалаи аввал дар як хафта 2 – 3 маротиба машгулият гузаронида, минбаъд фосилаи байни онро кам мекунанд. Варзиши чисмониро, одатан, дар байни соатхои 10 – 13 ва 18 – 21, на бештар аз 2 – 2, 5 соат баъди нахори ва 3 – 3,5 соат баъди хуроки пешин мегузаронанд. Хурокро бояд баъди 30 – 45 дак. варзиши чисмони истеъмол кард. М. с. – и шабона бояд 2 – 3 соат пеш аз хоб ба анчом расад.
Тайёрии хаматарафаи варзишгар дар рафти М. с. хеле мухим аст. Аз ин ру дар рафти М. с. пайваста ба гимнастика, варзиши сабук, бозихои спорти ва г. низ бояд машгул шуд. Ба варзишгар кашидани тамоку ва нушидани шароб катъиян манъ аст. Дар аввал хатто микдори ночизи никотин ва шароб гуё касро ба хаячон меорад (пуркувват мекунад), вале сипас якбора фаъолияти системаи асабхои маркази халалдор ва кобилияти кори суст мешавад.
М. с. – и номунтазам манфиат надорад, зеро кувва ва устувории мушакхо факат хангоми машгулияте, ки одам аз он хаста мешавад, зиёд мегардад. Дар аввали М. с. хастаги нисбат ба М. с.-и минбаъда бештар ба мушохида мерасад. Дар рафти М. с.-и мунтазам ва дуруст хастагии зиёд набояд руй дихад. Чунонки маълум аст, варзишгар хар кадар зиёдтар машк кунад, машкхои вазнини чисмониро хамон кадар бештар ичро карда метавонад. Вале хачми сарбории чисмони набояд зиёд бошад. Барои варзишгар истирохате, ки ба баркарор шудани кобилияти кори мусоидат мекунад, хеле зарур аст. Вайрон шудани таносуби вакти кори ва баркарорсозии неруи организм мумкин аст боиси хастаги ва иштидоди барзиёд гардад; дар мавриди ба ин гуна холатхо дучор омадан, хатман ба духтур мурочиат бояд кард.
Хастагии барзиёд бар хилофи хастагии физиологи боиси ба муддати дароз костани кобилияти кори мегардад. Хангоми хастагии барзиёд одам заиф гашта, аз иштихо мемонад, мутобикати харакат суст, шахс бакувват ва камтокат мешавад. Барои бартараф намудани ин холат муваккатан тартиби М. с. – ро бояд дигар кард. Гизои сервитамин, хоби барохат ва тартиби дурусти зист (тахсил, мехнат, истирохат) ба зуд баркарор шудани кувва мусоидат менамояд.
Агар дар мавриди пайдо шудани нишонахои аввали хастагии барзиёд кас ба духтур мурочиат накунад ва чорахои зарури набинад, мумкин аст машкзада шавад. Дар ин маврид вазъи умумии организм бад шуда, одам бехоби мекашад, тундмизоч, рухафтода мегардад, кобилияти кори кам мешавад. Асоси холати машкзадаги заъфи фаъолияти олии асаб аст. Баъзан варзишгар хатто нисбат ба тамрини минбаъда нафрат хис намуда, мумкин аст дар атрофи дил эхсоси нохуш пайдо шавад. Одатан, варзишгар аз кам шудани микдори моддахои нерубахши организм логар мегардад. Кувваи мухофизи организм заъф меёбад; дар натича баъзе беморихо аз худ дарак медиханд (хоса амрози шадиди рохи нафас). Баъзан давраи хайзи занон ихтилол меёбад. Дар ин маврид бо тавсияи духтур 1 – 2 хафта метавон микдори машкхои серхаракат ва зурталабро кам кард, машкхоро дар хавои кушод (бог, чангал, лаби об) гузаронд. Сайругашт дар хавои кушод, охиста-охиста давидан, шино кардан хеле муфид аст. Барои одам 1 – 3 хафта истирохати фаъол ахамияти калон дорад. Дар ин маврид у бояд факат ба варзиши пагохирузи машгул шавад, кам-кам давад, шино кунад. Дар сурати риоя накардани ин тавсияхо раванди баркарор шудани неруи кори 1 – 2 мох тул мекашад. Агар варзишгар аз хад зиёд машкзада шуда бошад, он гох уро дар беморхона табобат мекунанд. Хангоми машкзада шудан, иштирок дар мусобикахо катъиян манъ аст.
Дар давоми М. с. назорати доимии духтур зарур аст. Варзишгар бояд аз вазъи саломатии худ хамеша бохабар бошад.
Ад.: Спортивная медицина, М., 1984; Дембо А. Г., Врачебный контроль в спорте, М., 1988; Лечебная физическая культура, М., 2005; Лечебная физическая культура в педиатрии, Пермь, 2005.
Е. Г. Алиева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …