Главная / Илм / МАРЗАНГуШ

МАРЗАНГуШ

marzangushМАРЗАНГуШ (Majorana hortensis) марзанчуш, гуши муш, майоран, гиёхест бисёрсола. Растании хушбуйи райхонмонанд. Баландиаш 20 – 50 см. Пояи росту сершох, барги майдаи дарозруя (1 – 2 см), резагули сафед, гулоби ё сурхтоб, хушагули кутох дорад. Барги тар, хушк ё бирёни онро барои хушбуйи ба таом меандозанд. Аз баргу гулаш равгани эфир (то 0,4%) мегиранд. Гулаш сершахд аст. М. зироати гармидуст мебошад. Онро дар хоки сабуки хосилхез парвариш карда, 1 – 2 маротиба (дар огози гулшукуфт) медараванд.
М. хамчун растании шифобахш дар тибби Шарк аз замонхои кадим истифода мешавад. Абуали Сино аз равгани М. доруе тайёр мекард, ки дар табобати беморихои асаб, фалач ва г. ба кор мерафт. Чушоби М.-ро дар муоличаи обхура, иллати руда, рохи пешоб ва г. истифода мебурд. Аз баргу пояи он барои дарди миён ва омос мархам тахия месохт.
Бино ба акидаи табибони мардуми М. хазми хурокро бехтар карда, боди шикамро меронад, таъсири пешоброни ва таскинбахши дорад. Онро дар тибби бисёр кишвархо бо максади табобати беморихои рохи нафас ва аъзои хозима кор мефармоянд. М. барои ашхоси гирифтори беморихои меъда пархезонаи хуб аст. Табибони халки бо М. амрози рохи хозима, асаб, рохи нафас ва захмхои гуногунро дармон месозанд. Онро якчоя бо диг. дорухо дар мавриди фалач, неврастения, зики нафас, зуком кор мефармоянд. Асосан дар шакли накеъ ва барои тарбанди ва обзан (ванна) истифода мешавад.
Ба акидаи табибони гузашта агар М.-ро бихуранд, гиреххои майнаро мекушояд, варами узвхоро тахлил медихад, дилтапак ва заъфи меъдаро шифо мебахшад. Онро дар об чушонда бинушанд, бастагии сурохи биниро мекушояд. Молихулиё ва кач шудани руйро шифо мебахшад, зукомро банд менамояд. Хушки онро куфта дар бини бирезанд, майнаро аз моддахои зарарнок пок мегардонад. Равгани М.-ро ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавхарак дафъ мекунад, чашми заифро кави мегардонад. М.-ро хоида обашро фуру баранд, обравии дахонро манъ месозад, равгани онро нимгарм дар гуш чаконанд, гиреххои даруни онро мекушояд. М.-ро бо сирко соида бимоланд, доги кунчидак ва бадбуии аракро дафъ мекунад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …