Главная / Илм / МАРВАК

МАРВАК

marvakМАРВАК (Salvia sсlarea), м а р м а р а к, к а м п и р г у л а к, м а с тур а к, к а л д и р м о г, гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 130 см кад мекашад. Пояи рост ва одатан бунафши сурхтоб, барги дилшакл ё байзашакли думчадор, хушагули тугшакл, гули сафед ё гулоби, меваи кахваранги бур ё заъфаронии мудаввар дорад. Май – июл гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Хамчун алафи бегона дар богу киштзор (махсусан гандуму юнучказор), заминхои партов, дашту сахро, нишебию буттазор меруяд. Дар к-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Чануби ва Шарки вомехурад.
Бо максади табобат хушагул ва баргхои сараки растаниро мегундоранд. Хусусиятхои давоии М. аз замонхои кадим маълум аст.
Ба акидаи табибони халки М. ракиккунандаи моддахои гафс, тахлилдихандаи бод ва балгам, кушояндаи гиреххои бадан мебошад. Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гуш чаконанд, дардашро таскин медихад. Онро бибуянд, дарди сар меоварад. Ошомидани оби М. рудахоро кави мегардонад, меъдаро кувват мебахшад, истиско ва бодхои дарунро дафъ месозад. Чун тухми М.-ро, ки монанди тухми загир аст, хар руз 7 г ба хамин микдор шакар ба дили нахор бихуранд, оби истиско (астсит) – ро хушк мекунад (ба воситаи пешоб ва арак меронад). Тухми М.-ро бирён карда, бо равгани бодоми ширин чарб намуда бихуранд, харошида шудани сатхи даруни рудахоро шифо мебахшад, онро куфта гузошта банданд, варамхои сахт, пучак ва хасмолро мепазонад.
Накеъи гул ва баргу пояи М.-ро хангоми дилзани, барои таквияти узвхои хозима, муоличаи илтихоби шуш, иллати гурда, варача истифода мебаранд. Барги хушки онро чой карда, чун давои бохсозандаи хозима ва мушаххи, пешоброн, араковар пеш аз хурок ним пиёла менушанд, алафи онро дар об тар карда даромада мешинанд. Куфтаи барги бо равгани зард омехтаи М.-ро ба чарохат мебанданд, бо меваи бирёнаш исхоли хунинро табобат мекунанд.
Дар тибби илмии муосир махлул (Jnfusum folia salviae) ва киём (Tinctura salviae)-и М.-ро чун воситаи антисептики ва мушаххию хозим кор мефармоянд. Равгани эфири М. дар саноати дорусози барои хушбуй гардондани дорухо истифода мешавад. Мархаме, ки дар таркибаш 5 – 20% киёми М. мавчуд аст, барои табобати псориаз нафъ дорад. Обзани М. барои табобати беморони гирифтори тарбод муфид аст. Солхои Чанги Бузурги Ватани эмулсияи равгани М.-ро барои муоличаи остеомиелит, дагалшавии варидхо, хасмол, сухтаги фаровон кор мефармуданд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …