Главная / Гуногун / МАРСИЯХОИ РУДАКИ

МАРСИЯХОИ РУДАКИ

Марсияхои бокимондаи Устод Рудаки, ки намунахои барчастаи марсияхои забони форси мебошанд, асосан дар навъи касида навишта   шудаанд.

Муаллифи   китоби     «Марсиясарои дар  адабиёти форси» дуктур  Насруллохи  Имоми менависад:   «Хеч  кошонае  нест,  ки  ифрити марг бар  остонааш кадам нагузорад ва гарди андуху хичрон бар он напошад ва хеч кавме нест, ки дар марги азизону аздастрафтагони хеш ва барои бузургдошти онон маросиме надошта бошад. Ин маросим ба гунахои мухталиф бар ашъору  маросии форси таъсир гузоштааст».146 Рудаки,  кабл  аз  хама, дар  марги суханварони номии хамзамони  худ,  шоъирон  Шахиди  Балхи   (ваф. 325/937)  ва Муроди, ки дар солхои охири умри Рудаки ба  вукуъ пайваста буд, марсияхои чигарсузи пурхикмате иншо кардааст. Ин ду шоъир аз дустони наздик, ёрони  мувофик, хамнишинону хамсухбатони хирадманди Устод Рудаки буданд. Дар сугвории Шахиди Балхи мегуяд:

 

Корвони Шахид рафт аз пеш,

В-они мо рафта гиру меандеш:

Аз шумори ду чашм як тан кам

В-аз шумори хирад хазорон беш!

Тушаи чони хеш аз у бирабой,

Пеш, к-ояд-т марги пойогеш!

Он чи бо ранч ёфтишу ба  зил,

Ту ба осони аз газофа мадеш!

Хеш бегона гардад аз пайи суд,

Хохи он руз, музд камтар деш!

Гургро кай расад маломати шот?!

Бозро кай расад нихеби шахеш?!

 

Ин чо аз галаёни сузу андух дарак нест. Аммо дар марсияи ба марги Муроди бахшидааш Устод Рудаки бо таассуф аз марги дусти худ ёд намуда, дарду алам ва хотироти хузнангезро бо обу тоб мешуморад ва бо суханони пурхикмату фалсафи макоми чамъиятии Муродиро ба калам медихад:

 

Мурд Муроди, на хамоно ки мурд,

Марги чунон хоча на корест хурд!

Чони гироми ба падар боздод,

Колбади тира ба модар супурд.

Они малак бо малаки рафт боз,

Зинда кунун шуд, ту гуйи бимурд!

Кох набуд у, ки ба боде парид,

Об набуд у, ки ба сармо фасурд.

Шона набуд  у, ки ба муе шикаст,

Дона набуд  у, ки заминаш фашурд!

 

 

Ганчи заре буд дар ин хокдон,

К-у ду чахонро ба чаве мешумурд.

Колаби хоки суйи хоки фиканд,

Чону хирад суйи самовот бурд!

Чони дувумро, ки надонанд халк,

Мискалае карду ба чонон супурд.

Соф буд омехта бо дурди май,

Бар сари хум рафту чудо шуд зи дурд.

Дар сафар афтанд ба хам, ай азиз,

Марвазию розию румию курд,

Хонаи худ бозравад хар яке,

Атлас кай бошад хамтои бурд?!

Хомуши кун чун нукат, эро малик

Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд!

 

Ба андешаи Рудаки,  марг унсурхои рухони ва чисмонии одамро аз хам гусаста, хар кадоми онро ба мабдаи аслии онхо тахвил медихад. Рочеъ ба марсияи дар марги  Муроди   иншокардаи Рудаки     А.  М. Мирзоев чунин акида меронад: «Рудаки дар масъалаи таъин намудани мохият ва муносибати чисму рух аз таърифоти материалистона ба кулли дур аст. Вале дар ин чо он тарафи таърифоти у бештар кобили диккат аст, ки шоъир махалли аслии унсури рухиро бо унвони «падар» ва унсури моддиро ба сифати «модар» тасвир кардааст, ки гумон намекунам ин таъриф ба акоиди исломии замони шоъир мувофикат дошта бошад».147

Ба гуфти Саъид Нафиси, «дар рафтани шоъире донишманд ва мусохибе пурхирад баёне аз ин фасехтару маъноие аз ин баландтар хеч касро даст нахохад дод».148 Лекин дар байни осори бокимондаи Рудаки китъаи зерин, ки дар он мавзуъи таассуф хурдан аз марги дустон, тасалли додан ва дилдори намудани азодорону мусибатзадагон макоми асоси дорад, ба таваччухи хос молик аст. Шиблии Нуъмони хотирнишон менамояд, ки Рудаки «маросии зиёде гуфта ва алхак хам хуб аз ухда баромадааст, аз чумла марсияе, ки дар вафоти писари вазири аъзам сохта, зайлан мулохиза кунед, ки чи гуна бо тарзе хакимона вайро ба сабру шикебои таргиб кардааст».149 Ба он китъа диккат гуморед, ки онро Байхаки низ чун намунаи бехтарини ашъори гамангези тасаллибахш зикр мекунад:150

 

Ай он ки гамгинию сазовори

В-андар нихон сиришк хаме бори!

Аз бахри он кучо бибарам номаш,

Тарсам зи сахт андуху душвори!

 

Рафт, он ки рафту омад он-к омад

Буд, он ки буд, хира чи гам дори?!

Хамвор хохи кард гетиро?!

Гетист, кай пазирад хамвори?!

Масти макун, ки нангарад у масти,

Зори макун, ки нашнавад у зори!

Шав, то киёмат ояд, зори кун,

Кай рафтаро ба зори боз-ори?!

Озори беш з-ин гардун бини,

Гар ту ба хар бахона биёзори!

Гуйи  гумошта-ст балое у,

Бар хар ки ту дил ба у бигмори!

Абре падид неву кусуфе не,

Бигрифт моху гашт чахон тори!

Фармон куни ва ё накуни, тарсам,

Бар хештан зафар надихи боре.

То бишкани сипохи гамон бар дил,

Он бих, ки май биёрию бигсори!

Андар балои сахт падид оранд

Фазлу бузургмардию солори!

 

Агар ин марсияро нек мавриди мулохиза карор бидихем, чунин ба мушохида мерасад, ки дар он хучуми туфони ранчи андуху гам на ин ки тасвир мегардад, балки факат чонкох будани он дар ин чахони нопойдор гушзад шуда, панду андарзу хикмат дар он мавкеъи бузург дорад ва рухияву оханги онро ба вучуд меорад. Харчанд  Шиблии Нуъмони онро «дар фавти писари вазири аъзам сохта шуда» мегуяд, мушаххасан ки будани он вазири аъзам маълум нашуд. Худи шоъир низ ном бурдани уро лозим намешуморад ва ба касе махсус хитоб намекунад. Хонандаву шунавандаи он марсия хам бидуни он ки ки будани шахси сохибъазоро бидонад, дар зехни худ он эхсоси хузнангезу гамоварро эхё гардонда, мехохад, ки ба шахси мусибатзада (хатто мусибатзадагони хамзамон ва ошнои худ хам) тасалли дихад ва оромие бахшад.

Рудаки бехуда будани сузу гудоз, руканию мукани ва гиряву нолаи бепоён ва хастагарро бо далелхои мантики ба исбот расонда, шахси мусибатзадаву азодорро бо суханони хакимона панду тасалли медихад, ки дар ин хел холатхо ба чуз сабру бурдбори чорае нест, зеро «Андар балои сахт падид оранд—Фазлу бузургмардию солори!» Мусаллам аст, ки оханги фалсафи чунин марсияхоро ба марсияхои дилангез табдил дода, ба василаи чамъбасткуни алами онхоро аз ходисаи шахси ба вокеъияти чамъиятии дорои арзиши умумиинсони мубаддал мегардонад. Чавхару хамирмояи марсияхои дигари Рудакиро низ, ки баъзе порча ва абёти парокандаи онхо ба даст даромадаанд, ба чойи афсусу дарег панду насихат, ибрат гирифтан аз нобасомонихои рузгор, дар назар доштани ногузир будани марг барои хар кас ва аз хамин лихоз дар садади хайрхохи мардум будан ташкил медихад:

Михтарони чахон хама мурданд,

Маргро сар хама фуру карданд.

Зери хок -андарун шуданд онон,

Ки хама кушкхо бароварданд.

Аз хазорон хазор ниъмату ноз

На ба охир ба чуз кафан бурданд!

Буд аз ниъмат он чи пушиданд,

В-он чи доданду он чиро хурданд!

 

Оханги оромона ва хулосахои фалсафи аз байтхои дигари Рудаки хам ба гуш мерасад, ки шояд аз марсияхои дигари сурудаи у бошанд:

 

Гуспандему чахон хаст ба кирдори нагил,

Чун гахи хоб бувад, суйи нагил бояд шуд!

 

Вокеъан, дунё чойи муваккатист. Хох-нохох онро падруд бояд гуфт. Рудаки дар чойи дигар чунин хулосаи фалсафи мебарорад:

 

Чумла сайди ин чахонем, ай писар,

Мо чу саъва, марг бар сони заган!

Хар гуле пажмурда гардад з-у, на дер,

Марг бифшорад хама дар зери ган!

 

Чолиби таваччух аст, ки лахни бепарвоёна, оханги самими, чамъбасткунихои фалсафи ва хулосабарорихои хакимона сиришти аглаби абёти марсияхои Рудаки мебошанд. Танхо дар хотир бояд дошт, ки ин чамъбасткунихо натичаи тачрибаи ганй ва дониши фаровони худи Рудаки мебошанд:

 

Ин чахон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст!

Некии у ба чойгохи бадист,

Шодии у ба чойи тимор аст!

Чи нишини бад-ин чахон хамвор,

Ки хама кори у на хамвор аст?!

Дониши у на хубу чехраш хуб,

Зишткирдори хубдидор аст!

 

Албатта, ин абёт мумкин аст аслан аз марсияе набошанду аз ягон касидаи фалсафи бошанд, вале бо мохияти худ ба марсияхои у хеле наздиканд, бинобар хамин, мо онхоро дар чузви марсияхои Устод Рудаки овардем.

Нуктаи дигаре, ки кобили зикр менамояд, он аст, ки Устод Рудаки барои ибрози марсия   на факат колаби касидаро  ба  кор  мебурдааст.  Барои изхори дарду алам аз фавти ашхоси даъвати маргро лаббайк гуфта, колаби  рубоъиро  низ  устодона  ва  мохирона истифода мекардааст,  ки   рубоъиъи  зайл   намунаи аълои онхост:

 

Такдир, ки бар куштанат озарм надошт,

Бар хусну чавонет дили нарм надошт.

Андар ачабам зи чонситон, к-аз чу туе

Чон бистуду аз чамоли ту шарм надошт?!

 

Мутолаъаи рубоъи фикреро талкин менамояд, ки Рудаки онро дар марги чавоне хушсурату барно суруда будааст. Агар бо диккати том мулохиза намоед, бароятон ошкор мегардад, ки шоъири бузург дарди чудоиро аз як нафар акрабои чавони хеш чи гуна дар камоли соддаги баён менамояд. Албатта, сугвории чунин чавони некруйи хубчамол аз садокати фаровон бархурдор аст. Аммо шоъири равшандили дурандеш зарур намедонад, ки чазаъу фазаъро ба тасвир бигирад.

Чунинанд баъзе мушохидахои мо рочеъ ба марсияхои бозмондаи Устод Рудаки.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …