Главная / Илм / МАРМИНЧОН

МАРМИНЧОН

Лесная ежевика

Баргашро куфта гузошта банданд, захмхои сарро хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки дар тибби кадим чухуз-ул-айн меноманд, ба чояш мебарад. Усораи мармичон, яъне оби барг ва пояи тару тозаи дар офтоб гафсгардонидаашро бо андак шилми бодомхо даромехта гузошта банданд, хамаи беморихои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обрави, нохунак ва варами бардамидагии чашмро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, решхои милки дандон, сустии милк, пухтан ва бадбуйии дахан ва чарохатхои нави онро шифо мебахшад ва хоидани меваи пухтагии он низ хамчунин таъсир дорад. Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми бодомхо даромехта биёшоманд, меъдаро кувват мебахшад ва кай кардани хунро манъ мекунад, исхолро мебанданд ва моддахои нодаркор, инчунин бавосирро манъ месозад.

marminjon-300x225Барг ва самарашро дар об чушонида, он обро бо гулоб якчо карда, дар рузхои омадани хайз биёшоманд, хомила шуданро манъ мекунад. Гулашро бихуранд хам исхолро мебандад. Баргашро куфта, аз ру гузошта банданд, меъдаро кувват, мебахшад ва бавосирро, ки хун аз он равон бошад, фоида дорад.

Оби барги Мармичонро дар соя хушк карда бихуранд, кувваташ зиёда мегардад. Мевааш кабзкунандатарин назар ба кисмхои дигари ин гиёх аст. Агар инро бихуранд, рудахоро кувват мебахшад. Решаашро куфта, чун талкон бо об бихуранд, санги гурдаро майда карда мерезонад.

Баргашро куфта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, пучак ва чиртакхоро мекафонад, реши хурандаро аз афзудан нигох медорад, мурчагазакро шифо мебахшад, решхои давандаро аз харакат бозмедорад. Усораи оби самари мармичон, яъне оби самари онро дар офтоб гафс гардонида бимоланд, решхои тарро хушк мекунад ва аз онхо равон шудани рим ва рутубатхоро манъ месозад. Гулашро хам куфта гузошта банданд, хамин таъсирро дорад.

Барг ва шоххои борики тари онро куфта гузошта банданд, харошида шудани ронхоро, ки дар хангоми сафар ба хам расида бошад, шифо мебахшад. Барг ва самари онро пухта ба сар бимоланд ё гузошта банданд, муйро сиёх мекунад ва дар ин бобат ин ранги хубест. Накл аст, ки хар кас баъди хар мартаба хаммом кардан бо оби ин пойхои худро бишуяд, муяш сафед намегардад.

Истеъмоли мармичон ба дарун барои гурдахо зарарнок аст давои ин зиёнаш шакар хурдан мебошад. Микдори як бор хурдан аз оби барг ва мевааш ва аз гули он, ки дар офтоб гафс карда бошанд, яъне аз усораи барг, мева ва гулаш то 10, 5 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …