Главная / Илм / МАРДУМГИЁХ

МАРДУМГИЁХ

mardumgiyohМАРДУМГИЁХ (Panax ginseng), астаранг, ябрух, ябрухуссанам, одамгиёх, женшен, гиёхест бисёрсола. Баландиаш то 70 см. Пояи рости миёнхоли, барги панчашакл, хушагули чатрнамо, гули сафеди дучинса, меваи сурхи лубиёшакл дорад. М.-и худруй дар Шарки Дур, Хитои Шимолу Шарки ва нимчаз. Корея месабзад. М. растании гармипарвар ва сояпарвар аст. Одатан, дар сояи алафзори баланд ва анбухи буттаву дарахтзор хуб нумуъ меёбад. Бештар гурух-гурух ё ягон-ягон дучор меояд. Давраи нашви М. дар беша 145 руз аст. Сабзиши он аз миёнахои май огоз ёфта, нимаи июн гул мекунад ва мевааш дар нимаи якуми авг. мепазад. Рушду инкишофи М. хеле суст аст. М. соли аввал, одатан, якто ва баъзан дуто барг дорад. Вазни решаи он хамаги 1 – 2 г мешавад. М.-и 20 – 25-сола 4 – 5-то барг дошта, вазни решааш аз 60 г зиёд нест. М. бори аввал дар 8 – 10 (баъзан 20)-ум соли хаёташ гул мекунад.
Хосияти шифобахшии решаи М. 2700 сол то м. маълум буд. Онро кариб дар тамоми маъхазхои кадимаи тиб хамчун давои тамоми беморихо каламдод кардаанд. То а. 19 решаи М. аз тилло дида 18 маротиба кимматар буд. Ба Точикистон М.- ро аз Хитой меоваранд. Алхол М.-и худруй дар дунё хеле кам мондааст. Дар Хитой агар пештар соле то 500 кг ва дар Корея то 20 кг решаи М. тайёр мекарда бошанд, холо на бештар аз 3 – 4 кг тайёр мекунанду халос.
Дар тиб решаи М.-ро чун воситаи мукавви хангоми хастагии чисмонию рухи, заифии организм баъди бемории вазнин, иллати рагу дил, заъфи гадудхои чинси, беморихои асабу рухи, диабет, сил ва г. истифода мекунанд. Давохои М. неруи зехни ва чисмониро таквият дода, хобро бехтар мегардонанд, садо додани гушро рафъ месозанд, чашмро равшан мекунанд. М. барои табобати бемории анемия (камхуни) давои хеле нофеъ аст. Бино ба акидаи бисёр мутахассисон М. чигарро аз равган гирифтан эмин медорад, истифодаи он дар мавриди беморихои миокардиодистрофия ва асаб муфид буда, фаъолияти хучайрахои асабро баркарор месозад. М. силсилаи рагхоро бо оксиген бехтар таъмин мекунад, онро ба таъсири гипоксия устувор мегардонад. Дар беморон дар мавриди таъйин кардани накеъи М. вазъи умумии организм бехтар шуда, сустию бемадори, сардард ва хастаги бархам мехурад. Мукаррар шудааст, ки истифодаи давохои М. афзоиши омоси саратонро бозмедорад. Дар баробари ин хама М. давои сусткамари низ мебошад.
Аз М. накеъи спирти тахия месозанд. Бо ин максад 50 г решаи тар ё 15 г решаи хушки онро гирифта нагз майда мекунанд ва ба 500 г спирт (300) меандозанд. Зарфро ду хафта дар чои торик нигох доштан лозим аст. Тарзи истифода: рузе 5 – 25 чакраги 20 дак. пеш аз таом (2 – 3 маротиба). Даври муолича – 90 руз; баъди хар як мох 10 руз танаффус кардан лозим. Даворо дар чои торик нигох медоранд.
М. барои тахияи ангубин низ кор фармуда мешавад. Бахри ин 30 г решаи хушки онро дар кахвакубак орд мекунанд. Сипас 1 кг асалро гирифта дар хаммоми оби то 400 гарм ва бо хокаи решаи М. омехта менамоянд. Даворо ба шиша гирифта, дар чои торик (ду хафта) нигох медоранд. Рузе 3 маротиба яккошукчаги (15 – 20 дак. пеш аз таом) истеъмол кардан лозим. Ангубини М. хангоми хаячонпазири, бехоби, гипертония, нукси дил, атеросклероз, хомилаги, синамакони ва барои кудакони сини то мактаби зиён дорад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …