Главная / Чамъият / МАРДИКОРИ

МАРДИКОРИ

Мардикори гуё дар мархалахои душвор чони халкхоро аз гушнамури харидааст. Вале аз хикояе, ки дар роби- та бо Бобочон ривоят мекунанд, маълум мешавад, ки мардуми мо аз ночори ба он руй меовардаанд. Дар асл онро мояи нангу ор медонистаанд.

Солхои аввали сохибистиклол шудани Точикистон низ мар- дикори, ки ба ибораи дигар онро «мухочирати мехнати» ме- номанд, чони мардумро харид. Баъд аз фурупошии давлати Шурави ду-се соли аввал мардум чашм ба рохи таъминоти давлат нишастанд ва чун диданд, ки дигар давлат нотавон ва нони аз донаи чорубу чав пухташуда кобили хурдан нест, руй ба мардикори ниходанд.

nardikori Ин мардикори ичбори буд ва ин дафъа баръакс мардум сари номус омада, миён бастанд, мухочират карданд ва захмату машаккати гариби ва муздуриро тахаммул карда, оилаву наздикони худро аз гушнаги начот доданд. Гуё ин байти Хоча Хофиз ин дарди дили мардумро баён мекард:

Шахр холист зи ушшок, бувад, к-аз тарафе Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад.

Дар огоз аксари кулли мухочирон дар бозорхо хаммоливу муздури мекарданд. Хаммолон дар даромадгохи бозор чамъ меистоданд ва ба махзи пайдо шудани харидор ба суи у дави- да, хизмати худро пешниход мекарданд. Онхо хама аробахои калони дучарха доштанд, ки дар он бори харидоронро бор карда, то мошинаш бурда, музд мегирифтанд. Ин хаммоли чони мардуми точикро аз гушнамури начот дода бошад хам, дар натича моро дар чашми мардуми кишвархои шуравии собик хеле хакир кард.

Боре дар Маскав ба бозори Лужники барои дидани як на- фар рафтам ва аз теъдоди зиёди хаммолони точик дар шигифт афтодам. Вакте ки дар растаи бозор интизори он нафар меис- тодам, як хамдехаамро дидам, ки аробаи бузурге дар даст аз паси харидоре зоракунон мерафт, то уро ба хизмат бигирад. У ба сабки хаммолон болопуши гармро ба дохили шалвораш андохта, музахои резинии сокбаланд пушида буд. Ногох чаш- маш ба ман афтид ва зуд нигохашро гурезонда, аз раста гузашт ва баъд аз лахзае ба саломкуни ба наздам омад, ки аллакай либосхояшро танзим карда буд. Болопушро аз руи шалвор ба таври маъмули фуроварда ва соки музахоро низ зери шалвор карда буд. Маълум буд, ки аз хаммоли шарм мекунад, дар холе ки аз назари ман ин кор бадие надошт, ба шарте, ки муваккати ва барои ба даст овардани имконият барои кори бехтаре бошад.

Хушбахтона, истеъдоди азалии баччахои точик имкон дод, ки баъдан, дар зарфи 3-4 сол аксаран дар Русия сохибкор ша- ванд ё кори муносиб пайдо кунанд, вале мутаассифона, зех- нияти хакорати дар солхои аввал пайдошуда, хануз хам дар чашми халкхои дигар нисбат ба мо – точикон хифз шуда, ки озордиханда аст

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …