Главная / Илм / МАРЧУМАК

МАРЧУМАК

grechkaМАРЧУМАК (Fagopyrum sagittatum), гречка, зироатест маъмул. Пояаш сершохчаи сурхтоб, баландиаш 15 – 100 см. Баргаш секунчаи найзашакл, гулаш гулоби ё гулобии сафед, хушбуй, гултудааш хушашакл, мевааш чормагзаки секирра. М.-ро хануз 4 хаз. сол пеш кишт мекарданд. Дони М. 10 – 12% сафедаи хушхазм, 60 – 80% охар, 2,5 – 3% равган, намакхои минерали, кислотахои органики, витаминхои В1, В2, РР, Р дорад.
М. растании сергизо, пархези, зудхазм ва давои аст. Агар шахс кабл аз ичрои кори вазнин (мас., давидан ба масофаи дур, шиновари ва г.) се каф М. – ро дар тоба андаке тасфонда истеъмол намояд, хастагиро эхсос намекунад. Табибон мукаррар кардаанд, ки М. неруи мушакхоро афзуда, ба рагхои хунгард устувори мебахшад, ба раванди хунхосилшави таъсири мусбат мерасонад. Аз ин лихоз онро дар мавриди табобати камхуни, лейкемия, атеросклероз, бемории ишемияи дил, галаёни хун кор мефармоянд. М. барои ашхоси фарбех ва гирифтори диабети канди пархезонаи хуб аст. Хангоми мунтазам истеъмол намудан, савияи холестеринро дар хун паст месозад, фаъолияти гадуди зери меъдаро ба сомон меорад. Чойи гули М. (40 г дар 1 л об) давои балгамрон буда, сулфаи хушкро нарм мекунад. Табибони халки бо накеъи навдахои М. (1 истакон навдахои резакарда дар 1 л оби чуш) бемории лейкоз (сафедхуни) – ро табобат менамоянд. Ба чои дардманди миён гузоштани М.-е, ки дар тафдон тасфонида шудааст, дардро таскин мебахшад. Агар М. – и хомро хоида ба болои пучак гузошта банданд, онро пазонда мекафонад. Бегохи ба истакон 3 кошук М. – и хомро андохта аз болояш то нисф чургот резед. Субхидам дар дили нахор онро истеъмол карда, пас аз ду соат нахори кунед. Даври муолича 10 руз аст. Сипас 10 рузи дигар танаффус карда, табобатро давом дихед (муоличаро се маротиба бояд такрор кард). Ин усули табобат барои одамони гирифтори диабети канди хеле муфид аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …