Главная / Илм / МАОРИФИ САНИТАРи

МАОРИФИ САНИТАРи

maorifi-sanitariМАОРИФИ САНИТАРи, пахн кардани донишхои тибби ва гигиени; дар байни ахоли бо максади нигахдори ва пойдор гардондани саломатии онхо тарбия намудани малакахои бехдошти.
Гузарондани корхои М. с. яке аз вазифахои асосии духтурон аст. Дар амалияи М. с. лексияю сухбатхои кормандони тиб, таргиби донишхои тибби ба воситаи матбуот, радио, кино, телевизион ва г. истифода бурда мешаванд. Дар кори М. с. касрхои фарханги, китобхонахо, идорахои истифодаи манзил, инчунин чамъиятхои гуногун, ки адабиёти М. с. – ро нашр мекунанд, иштирок менамоянд. Таргиби донишхо оид ба пешгирии беморихо, хоса беморихои сирояти ва касби, самти асосии М. с. аст. Хангоми ба рох мондани корхои М. с. ба масъалахои пешгирии амрози дилу раг, беморихои онкологи, инчунин сил диккати асоси медиханд. Дар ин маврид дуруст ташкил намудани мехнату истирохат, тартиби гизо, обутби организм, хифзи модару кудак ва г. ахамияти калон дорад. Таълиму тарбияи бехдоштро аз хурдсоли (аз богчаи бачахо, ясли) сар мекунанд. Бо М. с. муаллимон дар дарсхои мухофизати тандурусти, биология, анатомия ва физиология, инчунин духтурони мактаб дар корхои берун аз синфи ва берун аз мактаби машгул мешаванд. М. с. ба хар як аъзои чамъият барои аз худ кардани донишхо оид ба хифзи сиххат имкониятхои номахдуд фарохам меорад. Таргиби аёни ахамияти калон дорад. Вале танхо аз усулу воситахои дурандешонаи М. с., факат аз адабиёти махсуси маорифи санитари истифода бурдан чоиз аст. Дар сурати надоштани маълумоти тибби хондани китобу журналхо ва диг. адабиёти тибби, ки барои кормандони тиб таъин шудаанд, чоиз нест, чунки ин кор боиси пайдо шудани беморихои талкини гашта, холати муътадили рухи ва чисмонии одамро вайрон мекунад.
Ад.: Ершов В. С., Беляева А. Т., Санитарное просвещение, М., 1982; Попов В. Ф., Беляева А. Т., Санитарное просвещение, М., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …