Главная / Гуногун / МАОРИФИ ПАРТИЯВИ

МАОРИФИ ПАРТИЯВИ

МАОРИФИ ПАРТИЯВИ, системаи маорифи марксистию ленинии коммунистон, мухимтарпн кисми таркибии кори идеологии КПСС. Аз худ кардани назарпяи марксистию ленини вазифаи хатмии аъзои партия, шарти мухими баланд бардоштани роли авангарди коммунистон мебошад. Максади Маорифи партияви аз он иборат аст, ки коммунистон барои ба ходисахои хаёти чамъияти дар асоси марксизм-ленинизм дуруст бахо дода тавонистан тайёр карда шаванд, сиёсати партияро бошуурона ба хаёт татбик намоянд ва ба омма фахмонда диханд. Органхои партияви дар ташкили Маорифи партияви карорхои КМ-ро оид ба кори идеологи ба рохбари мегиранд, ки вазифа, шакл ва услубхои таълими сиёсиро муайян мекунанд.

parrtiya

Партия дар хар як давраи инкишофи худ шакл ва услубхои ба шароити конкретии фаъолияти ташкплотхои партияви мувофики Маорифи партиявиро ба кор мебурд. Пеш аз Револютсияи Октябрь аъзоёни партия назарияро бо рохи хопниши мустакилонаи адабиёти марксист ва дар кружокхои сиёсии махфи меомухтанд. Баъди барпо гардидани Хокимияти Совети системаи Маорифи партияви тадричан ва дар шаклхои гуногуни таълими назарияви (аз макгабхои ибтидоии маълумоти сиёси то университетхои коммунист ва университетхои марксизм-ленинизм) ташкил ёфт. Системаи хозираи Маорифи партияви аз се звено иборат аст: Звенои ибтидои барои шахсонест, ки малакаи аз руи адабиёти сиёси мустакилона кор кардан надоранд. Ба программаи ибтидои омузиши тарчимаи холи В. И. Ленин, асархои донишхои сиёси ва иктисоди, илова бар он хуччатхои Норин КПСС, курси оммавии таърихи партия дохил мешавад.

Методи таълими машгулиятхо: пакли пропагандист ва сухбат. Звенои мисёнаи Маорифи партияви— мактаби асосхои марксизм-ленинизм, ки дар он таърихп КПСС, иктисоди сиёси, фалсафа, коммунизми илми, илова бар он асосхои иктисодиёт ва идоракунии истехсолот, масъалахои сохтмони партияви омухта мешаванд. Услуби асосии машгулияти Маорифи партияви: лекция, сухбат бо шунавандагон, тахлил ва хулосабарори аз материалхои махалии корхои партияви, совети, хочаги ва идеологи. Звенои олии Маорифи партияви оид ба назарияи марксисти-леннни ва сиёсати КПСС, принцппхои ленинии рохбарии партия, назария ва амалияи сохтмони коммунист ва тарбияи мехнаткашон, муносибатхои байналхалки ва процесси революционии чахони донишхои амин ва мукаммал медихад. Услуби машгулиятхо: лекция, сухбатхои назарияви, мухокимаи рефератхои мураттабсохтаи шунавандагон.

Гaйp аз ин, коммунистон метавонанд аз руи планхои индивидуали савияи дониши сиёсии худро баланд бардоранд. Комитетхои партияви ба ёрии мустакиломузон лекция, консултация, конференцияхои назарияви ташкил мекунанд. Методи асосии таълими сиёси кори мустакилона бо китоб аст. Ба системаи Маорифи партияви ба чуз звенохои асоси, таргиботи лекциони (лекцияхои тематики, шакли лексияхо оид ба проблемахои назарияи марксистию ленини, иктисодиёти хозира, маданият, хаёти байналхалки) дохил мешавад. Ин савияи идеявию назариявии коммунистонро баланд мебардорад, завки хонандагонро ба адабиёти сиёси бедор мекунад. КПСС ба мазмуни гояви, дарачаи назариявии машгулиятхои Маорифи партияви талаботи баланд пешниход мекунад.

Кадрхои пропагандистиро университетхои марксизм-ленинизм, мактабхо ва курсхои пропагандисти тайёр мекунанд. Шакли таълими чории пропагандисту семинархои доимоамалкунандаи назди хонахои маорифи сиёси ва кабинетхои маорифи сиёси мебошанд. Барон системаи Маорифи партияви планхои дарси, программахо, асбобхои аёни чоп карда мешаванд. Материалхо барои машгулиятхо дар 35 журнали маркази ва газетахо, пеш аз хама дар журналхои КМ КПСС «Коммунист», «Политическое самообразование», «Партийная жизнь», «Агитатор», г. «Правда», «Экономическая газета» ва г. нашр мегарданд. Телевизиони маркази ва радиои умумииттифоки барномаи махсус — «Университети ленинии миллионхо» доранд. Соли тахсил дар системаи Маорифи партияви 1 октябр cap шуда, дар аввали июнь ба охир мерасад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …