Главная / Илм / МАНСУРОВ Хамид Хусейнович

МАНСУРОВ Хамид Хусейнович

mansurov-hamidМАНСУРОВ Хамид Хусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарканд), терапевт, доктори илми тиб (1958), проф. (1961), Узви пайвастаи АИ ЧТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими шоистаи илми ЧШС Точ. (1976), дорандаи Мукофоти давлатии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1981), Мукофоти АИ ЧТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). С. 1947, баъди хатми Ин-ти тиббии Самарканд, дар аспирантура тахти рохбарии акад. АИТ ИЧШС Мясников А.Л. тахсил кардааст. С-хои 1951 – 54 ассистент, баъд дотсент ва ичрокунандаи вазифаи мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино. Аз с. 1954 то 1958 докторанти Ин-ти терапияи АИТ ИЧШС. С-хои 1958 – 75 мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ, хамзамон директори Ин-ти тадкикоти илмии тибби кишвари (холо Ин-ти гастроэнтерология; 1962 – 2000). Аз с. 2000 директори фахрии хамин институт. С-хои 1990 – 95 ноиби президенти АИ ЧТ буд. Дар сохаи гастроэнтерология (пеш аз хама гепатология), кардиология, гематология, нефрология, пулмонология ва г. пажухиш мебарад. Муаллифи зиёда аз 900 асари илми, 18 монография.
М. яке аз асосгузорони биопсияи сузании чигар дар собик ИЧШС мебошад. Зери рохбарии М. накшаи раванди гипертензияи боби (даромадгохи чигар) портали ва астсит хини сиррози чигар тахия карда шудааст. С-хои 70 асри гузашта М. бо шогирдонаш ба тахкики сохтори гиалин ва ахамияти ташхисии он, хусусиятхои стеатоз, гепатит ва сиррози чигари пайдоишаш этаноли даст зада, ба комёбихои назаррас ноил гашт. Баъди дар вил. Хатлон рух намудани бемории дистрофияи гелиотропи М. бо шогирдонаш беморонро аз муоина гузаронда, барои ишора кардани маризи истилохи «Гепатоангиопатияи гелиотропи»-ро пешниход намуд. Баъдтар дар Чаласаи терапевтхои чамохири Осиёи Маркази (сент. 1994) дар ш. Тошкент пешниход шуд, ки бемории мазкур «Бемории Мирочник – Мансуров» низ номида шавад.
Зери рохбарии М. 80 рисолаи номзади ва 18 рисолаи доктории илм химоя карда шудааст. Бо ташаббуси М. с. 1990 дар ш. Душанбе чопи мачаллаи «Проблемы гастроэнтерологии» (муассисон АИ ИЧШС, АИ ЧТ ва Чамъияти умумииттифокии гастроэнтерологхо) ба рох монда шуд, ки алхол зери сарпарастии АИ ЧТ ва Ассотсиатсияи гастроэнтерологхои минтакави ба табъ мерасад.
Дар конгрессу симпозиумхои байналхалкии гастроэнтерологхо, ки дар Полша (1964), Япония (1966), Англия (1967), Чехословакия (1968), РДГ (1969), Дания (1970), Венгрия (1971, 1976), Франсия (1972) баргузор гардида буданд, ширкат варзидааст. Барои силсилаи лексияхо оид ба гепатология дар Академияи тиббии Хитой сазовори дипломи «Барои фаъолияти академи» ва медали Вазорати тандурустии Хитой гаштааст. Бо орденхои Ленин, Инкилоби Октябр, Исмоили Сомони ва медалхо мукофотонида шудааст.
Ос.: Портальная гипертония, Д., 1963; Биопсия печени, Д., 1964; Атлас гистологических исследований печени, Д., 1964; Инструментальная диагностика заболевания печени, М., 1965; Болезни печени и желчных путей, дар кит. «Справочник терапевта», М., 1973; Очаговые заболевания печени, дар кит. «Руководство по гастроэнтерологии», Варшава, 1978; Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 2003; Болезни сосудов печени и портальная гипертензия, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …