Главная / Илм / МАНСУРОВА Ирина Чафаровна

МАНСУРОВА Ирина Чафаровна

nophotoМАНСУРОВА Ирина Чафаровна (15. 11. 1925, Бухоро – 06. 04. 1991, ш. Душанбе), духтур ва биохимик, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Донишгохи тиббии Самаркандро хатм кардааст (1948). С-хои 1951 – 59 ординатори клиникии кафедраи беморихои сирояти, ассистенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино, с-хои 1959 – 76 ходими калони илми, мудири шуъбаи биохимияи Ин-ти тадкикоти илмии тибби кишварии Точикистон (хозира Пажухишгохи гастроэнтерологияи АФ ЧТ) буд. Аз с. 1976 то 1991 вазифаи мудири лабораторияи биохимияи одаму хайвоноти Шуъбаи мухофизати табиати АФ ЧШС Точ.-ро ба ухда дошт. Муаллифи зиёда аз 200 кори илми (аз чумла 3 монография) доир ба омузиши ихтилоли раванди мубодила дар организм ва таъсири дорую захрхо ба он мебошад. М. бори аввал дар ИЧШС усулхои тахлили микрохимиявии пунктатхои чигар (унсурхои бофтаи чигар, ки бо сузани махсус гирифта мешавад), инчунин типхои конселлятсионии ферментхоро кор кардааст. Бо рохбарии М. сабабхои музмин гаштан ва роххои пешгирии беморихо, таъсири растанихои доруи ба мубодилаи модда дар организми зинда омухта шуд. Зери тахрир ва иштироки бевоситаи М. се чилди мачмуаи илмии «Экспериментальная патология печени» чоп шудааст.
М. дар конгрессу симпозиумхои биохимияви дар Булгория (1968), Голландия (1972), Канада (1979), Франсия (1969), Чехославакия (1974, 1976), Швейтсария (1969) маърузахои илми кардааст. Бо нишони «Аълочии тандурустии ИЧШС» (1967) ва медалхо сазовор гаштааст.
Ос.: Биохимия печени при болезни Боткина и боткинских циррозах, Д., 1964; Обменные процессы при диффузных поражениях печени, Д., 1967; Избранные лекции по клинической биохимии, Д., 1971.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …