МАНОРАИ КАЛОН

МАНОРАИ КАЛОН, ёдгории меъмори дар ш. Бухоро. Соли 1127 бо фармони намояндаи хонадони Карохониён Арслонхон аз тарафи меъмор ва мухандис Бако сохта шудааст. Дар чои Манораи Калон манораи чубине буд. Пас аз вайрон шудани он дар чояш Манораи Калонро сохтанд (пурра аз хишти пухтаи 27X27 см ва гач), пойдевораш аз санг. Ба мурури замон кисми поёни Манораи Калон (такрибан 10 м) зери хок монд, холо баландиаш 45,6 м аст. Диаметри асосаш 9 м ва болояш — 6 м. Пойдевораш киррадор, танааш мудаввар.

Кисми болоии Манораи Калонро кафасаи 16-равокаи мукарнаскори ташкил медихад, ки онро ба мино (маяк) монанд кардааст. Сакфи ин кафаса бо гирехи назаррабо оро ёфтааст. Танааш бо халкахои накшии (накшахо аз хиштхои сайкалёфта ба тарзхои гуногун чида шудаанд, фаро гирифта шуда, дар байн навиштачоти пуршукухи куфи дорад. Марзаи хар кадоми халкахо бо дандонахои хишти хошиябанди шудаанд. Ба Манораи Калон аз боми Масчиди Калон пуле гузоштаанд.

ASCII

Аз ин чо ба воситаи зинапояи морпечи хиштин (105 зина) то кафаса рохе хаст. Даруни манораро даричахо равшан мекунанд. Баъзе кисмхои тана ва мукарнаскории Манораи Калон соли 1924 таъмир шудааст. Кисми зери хок мондаи пойдевори манораро солхои 60 усто Очил Бобомуродов кушода, чойхои осебдидаашро таъмир намудааст. Манораи Калон якчоя бо Масчиди Калон ва Мадрасаи Мири Араб комплекси «Пойманор» ё «Пои Калон»-ро ташкил медихад. Манораи Калон дар байни иншооти хамин тип бо хашамату мукаммалиаш макоми махсус дошта, намунаи истеъдоди бехамтои меъморони Осиёи Миёна мебошад. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.

Ад.: Нильсон В. А., Монументальная архитектура Бухарского оазиса XI— XII вв., Ташкент, 1956; Пугаченко-в а Г. А., Ремаель Л. И., История искусств Узбекистана, М., 1965.

У. Пулодов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …